Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 18:38

Тоҷикистон

Шайх Тантовӣ ниқобро манъ кард

Муҳаммад Сайид Тантовӣ, шайхи акбари Донишгоҳи Ал-Азҳар мегӯяд, донишҷӯдухтарон набояд дар дохили синфхонаҳо ниқоб пӯшанд.

Муҳаммад Сайид Тантовӣ, ҳини суханронӣ дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе
x
Муҳаммад Сайид Тантовӣ, ҳини суханронӣ дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе
Ҳаҷми матн - +
Донишманди маъруфи ислом Муҳаммад Cаид Тантовӣ, имоми акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳар, ки  дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе ширкат дорад, дар сӯҳбате бо хабарнигорони радиои Озодӣ дар мавриди тасмими манъи пӯшидани ҳиҷоб ё ниқоб дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ибрози назар кард.

Вай гуфт, «мо фатво содир накардаем, ки зани мисрӣ дар кӯчаву хиёбон ниқоб напӯшад. Ин амри мо марбут ба он аст, ки набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занҳо таълим мегиранд, ниқоб пӯшад. Зеро дар он синфхонаҳо бо шумули устозаҳо танҳо занҳо ҳузур доранд ва ҳоҷат ба ниқоб пӯшидан нест».

Набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занон таълим мегиранд, ниқоб пӯшад ...
Муҳаммад Cаид Тантовӣ ҳамчун донишманди маъруф дар ҷаҳони ислом шинохта шудааст ва фатвои ӯ дар мавриди ниқоб ё ҳиҷоб барои донишҷӯдухтарон вокуниш дар байни уламои исломро ба бор овардааст. Чунончи, имрӯз чанд вакили исломгарои порлумони Миср истеъфои Муҳаммад Сайид Тантовиро аз маснади имом-акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳарро талаб кардаанд.

Масъалаи ҳиҷоб ахиран дар Тоҷикистон низ мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дорад. Қаблан Вазорати маорифи Тоҷикистон бо таҳия ва қабули дастурамали нав пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои кишварро манъ кард.

Оқои Тантовӣ зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар иртибот ба баҳси ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳу макотиби Тоҷикистон гуфт, ин масъала марбут ба мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон аст ва посухи ин суолро бояд аз онҳо пурсид.

Дар масъалаи марбут донистани терроризм ба ислом профессор Муҳаммад Тантовӣ гуфт, ин назари хирадмандона ва оқилона нест. Вай афзуд, «мардуми бофарҳанг ва оқил ҳеҷ гоҳ намегӯянд, ки ислом бо терроризм ва харобкорӣ иртиботе дорад. Терроризм маънии хароб кардан ва зиндагии мардуми осоиштаро нооором ва зери хатар гузоштан аст ва ҳама динҳои осмонӣ бо шумули дини ислом ва ҳамчунон аҳли башарият онро маҳкум мекунад».

Мавзуи дигаре, ки дар сӯҳбат бо шайх Тантовӣ матраҳ шуд, масъалаи зуҳури ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон буд. Оқои Тантовӣ дар мавриди ин ҷараён гуфт, «модоме, ки Салафия аз шариати ислом пазироӣ мекунад, мо ба он муқовимат нишон намедиҳем ва онро хайрамақдам мегӯем. Ба шарте, ки мувофиқи таълимоти шариати ислом бошад ва аз он берун наравад».




Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
    Баъдӣ 
Ном: shams аз: SHARK
06.10.2009 19:39
Ки чавоб дода метавонад, ки бунёдкори Ал-Азхар кист ва холо дар дасти кист ва аз тарафи ки сарпарасти карда мешавад?
Ду сол пеш ба мардум гуфта будам, ки ба ал-Азхар эътимод макунед, аммо касе диккат надод. Ал-Азхар аз тарафи шиъахо ташкил карда шудааст.
Илтимос касе муфассал маълумот медод, хурсанд мегардидем.

Ном: abu_abubakr аз: tjk
06.10.2009 19:47
i salafi megen i gapo dar ami tojikistonai ai tojikiston berun bro hama salafiai aibai olyam ki shmo nafamen asri 21 shidai diga kai mefahmen, ami mehmonoi omadagiyo begarz ai shiyahosh diga hamash rangi ami salafiyo namoz mexonan aksarush salafiai salafi yane pairavi kuronu hadis hast

Ном: nomusi_tojiki аз: dushanbe
06.10.2009 19:50
har chand ki man salafi nestum lekin mehom hakro gumki alhamdu lillohki bachahakoi salafi dar tojikiston tohol yagon dona suhane ziddi davlati yo siyosat nagufta'and, va digarash inhi hazrat tantovi gufta'astki
"Ин амри мо марбут ба он аст, ки набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занҳо таълим мегиранд, ниқоб пӯшад. Зеро дар он синфхонаҳо танҳо занҳо ҳузур доранд"

lekin kai dar maktabhoyu donishkadahoi mo inguna ast?

bovar kuned, pisarone chunon beadabe doremki hatto dar nazdi muallimu muallima'ash ba duhtar hamsinfonash dast daroz karda kohoi beadabona mekunand (hudo nigah dorad hoharoni hamai moro)

Ном: Tojik
06.10.2009 20:28
Salom ba hama hamvatanon ..

mekhoham khub khoned fatvoi in Olimro va khub dark kuned ki in Olim nameguyad dukhtarho napushand nikob dar Donishgoh balki meguyad agar dar donishgoh fakat dukhtaron khonand baad mumkinast ki dar sinf nikobashonro kashand..lekin dar Donishgohhoi mo kadomash fakat dukhtar mekhonad ..inkhel ku nest baroi hamin dar intavr Donishgohho boyad dukhtar hijob doshta boshad ..sukhani in Olimro khato nafahmed va digar su tob nadihed .....!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! ILTIMOS

Ном: салафи аз: душанбе
06.10.2009 20:52
хок бар сари муфтиёти мо ки 10%-и Тантовиро натавонистанд амал намоянд. Вой бар холашон, ки рузи Киёмат пеши Худовандда чи чавоб мегуянд?

Ном: usmon
06.10.2009 20:52
Salafiya!in guruh khatare nadorad inho tanho pairav az Quron va Hadis mekunan..Payombar (c) guft umati man ba73 guruh meshavan va yak guruhasht ba bihish dokhilmeshavad guftan kadom guruh Payombar(c) guft kaseki pairav az Quron va az sunati ma pairav kunad dokhili gihisht meshva

Ном: гулом ибн гулом аз: маскав
06.10.2009 21:09
Шайх Тантови!! Авал шумо фарки никобро аз хичоб пустканда карда ба мо мефахмондед баъд ба шархи фатвои худ мепардохтед зеро мо хамеша ба чои салла калла овардаги хастем. Метарсам аз ин баъд бо ин гапи шумо хукуматдорони мо хичоби занхои мусулмонро дар кади куча ошкоро канда напартоянд боз!!!!!!

Ном: muhammad аз: dushanbe
06.10.2009 21:22
Assalomu Alikum va Rahamatulloh
Dar bobati Shaikh Tantovi haminro guftaniyam ki in shakhs na donishmandi maarufi olami Islom, -chunone kormandoni radioi ozodi uro vasf mekunand-, balki yak shakhsi darbori ki ba foidai hukumati misr ki bo tamomi quwwa bar ziddi peshrafti Islom muboriza mebarad, kor mekunad, y misli Shaikh Amonulloh-muftii jumhurii Tojikiston meboshad, ki on qadar ilmi kofi nadorad ki in mansabro ishqhol kardaad,
Humumatdoron az in afrod bar ziddi peshravii islom istifoda mebarand, va ruze dar peshi parvardigor javob khohand guft,
muvvaffaq boshed

Ном: Точик аз: Душанбе
06.10.2009 21:46
Никоб аз хичоб фарк дорад. Инхоро як чиз набояд муаррифи кард. Бо никоб руйро мепушанд, аммо дар хичоб руй боз аст.

Ном: АСАДУЛЛОХ аз: Миср
06.10.2009 22:18
Ассалому алайкум варрахматуллохи ва баракотуху бародарони точик. ман мехохам аз пешвоёни точикистон ки суханони огои Тантавиро хуб гуш бидиханд чун ки у дар бораи хичоб фатвои чори кардааст фатвои у дахолат бархамон толибахои дорад ки муаллимахои макотибхо занхо бошанд на ин гургони дарранда ва дар тарафхои давлатхои араб мадрасахои занхо чудогонааст на мисли макотибхои мо омехта духтарон бо писарон аст ва мо бояд натанхо ба фатвои огои Тантави гуш бидихем чунки уламмохои зиеде алхамдулиллох хаст аз он чумла уламмохои Шому Хиндустону покистоу ва гарвхо ман фикр мекунам ки мардуми чохили хафтафахм бо шунидани ин фатво дутаронашонро бо сари луч накунанд .ва вахобихоеки имруз худро ташбех бо салафи мекунанд изо накашида фахр мекунанд.бо шайхи вахобии худашон.аз ин накшаи яхудиён боз истед чунки расули акрам С.А.В фармудаанд(....алайкум би чамоъа...)вахобихо аз рохашон гашта истодаанд афсус баъзе точикони чохил холиям пай ихтилофу фитна мегарданд аходисхои зиёде хаст лекин ин чохилон Албони гуфта рузхояшонро бехуда сипари мекунанд. ба дикататон ташакур
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо

Мавҷномаи мо