Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби Тоҷикистон бояд ҷуброн шавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон

Раисиҷумҳури Туркманистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки истифодаи оби рӯдхонаҳои Тоҷикистонро бо пул ҷуброн кунанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Ишқобод - пойтахти ин кишвар аз Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон даъват кардааст, ки барои ҳифз кардани ҳаҷми кунунии оби дарёҳои фаромарзӣ бояд дар ҳалли мушкилоти энержии Тоҷикистон дастаҷамъона кумаки молӣ кунанд.

Раҳбари Туркманистон гуфтааст, Тоҷикистон, ки рӯдхонаҳои бузурги минтақа аз ин кишвар сарчашма мегирад, феълан бо мушкили камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст ва ягона роҳи бурунрафт аз ин вазъро дар роҳандозии нерӯгоҳҳои нав рӯи ин рӯдхонаҳо мебинад. Ва ин роҳ метавонад ба коҳиши ҳаҷми оби дарёҳои бузурги минтақа дар ҳудуди кишварҳои поёноб биёрад.

Дар ин робита Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов се кишвари дигари минтақа - Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба ҳалли дастаҷамъонаи ин мушкил хондааст. Вай афзудааст, агар масъала бо чунин усул ҳал шавад, Тоҷикистон барои ҳалли мушкили энержии худ аз кишварҳои ҳамсоя ҷуброни молӣ дарёфт хоҳад кард ва кишварҳои поёноб бо ҳаҷми зарурии об таъмин хоҳанд буд.

Масъалаи истифода аз оби рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ахиран ба мавзуи доғ табдил ёфтааст ва боиси баҳсу гуфтумонҳои зиёд дар байни мақомоти кишварҳои минтақа гаштааст.

Қаблан баҳсу баррасиҳои марбут ба об аксаран байни намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон сурат мегирифт ва ду кишвари дигари минтақа - Туркманистон ва Қазоқистон аз ин баҳсҳо канораҷӯӣ мекарданд. Ва бори аввал аст, ки ҷониби Ишқобод мавқеи худ дар ин масъаларо равшан эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG