Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Фарҳанг

Ҳамсафарони "Қатори Душанбе -- Маскав"

07.09.2009

Радиои Озодӣ аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик филми мустанади "Қатори Душанбе--Маскав"-ро ба навор бардошт.

Ин филм аз сарнавишти 4 муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки дар як рӯз дар қатори роҳи оҳани Душанбе -- Маскав ба Русия сафар мекунанд. Муаллифи филм Мӯъмин Шокиров ва наворбардор Александр Кулигин ин сафарро лаҳза ба лаҳза рӯи навор овардаанд.

Дар қисми аввали филм бинанда бо ду қаҳрамони асосӣ -- Муҳаммадалӣ Алии 57-сола ва Ҷамшед Набиеви 40-сола шинос мешавад ва ҳамзамон дар бораи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия аз тариқи роҳи оҳани Душанбе -- Маскав иттилоъ мегирад. Дар филм инчунин саҳнаҳое аз зиндагии хонаводаҳои тоҷик ба намоиш меояд. Қисмҳои баъдии филм батадриҷ дар ҳамин сомона нашр хоҳанд шуд.

Аз Шумо дархост мешавад, бо тамошои филми "Қатори Душанбе--Маскав" фикру мулоҳизаи худро ба мо бинависед ва агар дар тақдири Шумо ҳам муҳоҷират насиба гашта буд ва хотираҳое аз сафари худ доред, бо мо дар миён бигузоред. Кӣ медонад, шояд саргузаштҳои Шумо заминаи филмҳои нави мо шаванд.

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe's Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.

 
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Nazar аз: Moscow
08.09.2009 17:19
O in moli Radio Svoboda ast-ku!!!!!!!
Na kori jurnalistoni Radioi Ozodi. Fand nakuned ohir...

Ном: Фаррух аз: маскав
08.09.2009 18:52
Салом,азизон!
Бисьер мавзуи айнивакти ва дарднок.Сад ташаккур ба созандагон.Банда таи 11 сол аст,ки бо ахли оилаам дар Маскав кор ва зиндаги дорам.Бо холу рузгори точики мухочир хаматарафа ошноям.Бояд каблан зикр намоям,ки нахустин азобу масхараро мухочири точик аз дасти рохбаладони(проводник) катораи худи,ки худ точиканд ,мебинад.Рохбалад дар ин катора хам шох асту хам худо,аз одобу маданияти у чои гапе нест...
Дар худуди Руссия бошад сабабгори аслии машаккату хори худи мухочири бечора аст.
Зеро 97 дар сади мо аз хукуку ухдадории худ ва хамчунин аз фархангу маданияти байналхалки бехабарем.Маколе хаст "кто владеет информацией,тот владеет миром".Аммо мутаассифона ягона "информация"-е,ки мухочири точик донистан мехохад ин дар кадом бозор аробакаши даромаднок ва дар кучо сохтмончиенро чои хоби бепул медиханд,мебошад.Одамро аз орзухояш мешиносанд ва ин аст ягона орзуи мухочире,ки аз Точикистон ба Руссия меояд.
Дар баробари ин точиконеро низ медонам,ки дар дигар сохахои бомартаба дар Руссия фаъолият доранд ва ба онхо дар хакикат дар ин е он корхонаву ташкилотхо эхтиеч доранд,борояшон ба давлат андоз месупоранд ва хамачониба дастгири мекунанд.Аммо ин гунахо мутаассифона ангуштшуморанд.
Аз ин хотир аслихаи асосии мухочир каме хам бошад донишу маданият ва чахонбинии уст.

Ном: Garib аз: Washington
08.09.2009 21:58
Barodar NAZAR tu khud ba suoli khud javob dodi, ki in khud kori ruznomanigoroni radioi Svoboda-Ozodi ast . . .

Ном: Акмал аз: Конибодом
08.09.2009 22:21
То кай ин халки азизам дар гариби мегашта бошад?? То кай падрхо дур аз зану фарзандон? То кай кудакон бе падар калон мешуда бошанд? Орзу дорам ки точикон дар ватани худашон дар назди оилахои худ кор ва зиндагони кунанд,орзу дорам ки точик сарбаланду шучоъу озод бошад.Аз фурсат истифода бурда хаммаи точикистониро бо истиклол табрик кунам хонаободу хушбахт бошед рафикон.

Ном: Faridun аз: Vahdat
09.09.2009 00:59
Salom ba milati tojdoram,!ammo bad guftaniyam ki mo tojikon chubi koftu kobro az dast dodani nestem!!ba khonandagon chi fark dorad ki az kujo khabar megirand az svaboda yo az digarjo !!!mo mardumi bakhili nameshidagi fakat dar fikri klet kardan,misli kajdum ki sangpushtro nesh mezad !!!TOJDORON

Ном: кучагард
09.09.2009 03:03
Nazar - Ту аз Хучанд ё Ленобод(Ленинобод) :)

Ном: Нодир аз: Душанбе
09.09.2009 09:27
Инро як бори дигар дидем, намешуд давомашро мемондед

Ном: muhammad аз: Dushanbe
09.09.2009 20:37
calomalekum chi makcad doren az in navor bakhshish

Ном: кучагард
09.09.2009 21:52
алакай чанд серияи ин филма дар бахши русии Радио Озоди тамошо кардам. хеле филми хуб, русхо кай ба кадри ин кори точик расанд. пул медодагия забонаш дароз, мурда араки чабинашро резонида кор мекунаду пули ночиз мегирад, точики бечора хаминба хам ба Худо сад шукр гуфта дуогуи Хучаинхои Россия!

Ном: шери аз: душанбеги
09.09.2009 22:12
точики бечора доим дар азоб хаст
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил