Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Иқтисодиёт

Натиҷаҳои махфии аудити «Барқи тоҷик»

02.09.2009

Аудит ва ё бозрасии фаъолияти молии «Барқи тоҷик» ба поён расид, вале бо тавофуқи дуҷониба ҷузъиёти он ифшо ва нашр нахоҳад шуд.

Сабаби аз ҷомеа пинҳон мондани натиҷаҳои бозрасӣ ин аст, ки тарафҳои зидахл ба созиш расидаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо натиҷаҳои тафтишро нашр нахоҳад кард.
Вақте ки сухан аз "Барқи тоҷик" меравад, мо медонем, ки он ҷо ҳолатҳои фасод хеле зиёд аст. Эҳтимол чунин ҳолатҳоро пайдо карданд, аммо намехоҳанд, дар ин бора рӯирост дар байни мардум гап зананд...

Ин бозрасӣ бо ҳадафи санҷиши шаффофият дар фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» ва бар пояи талаби бархе аз муассисоти молии байналмилалӣ, ки бо давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул сурат гирифтааст.

Онро муассисаи байналмилалии аудитӣ бо номи «Бедио Юнион» анҷом дод. Қаблан як ширкати хориҷӣ фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро таҳқиқ карда ва навоқиси фаровонеро ошкор ва эълом карда буд.

Люк Мойерс, намояндаи доимии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» таъйид кард, ки бозрасии фаъолияти молии ширкати «Барқи тоҷик» анҷом шуда ва дар ҷараёни он бархе аз камбуд ва навоқис аз ҷумла дар умури ҳисобдории ин ширкат ошкор шудааст.

Вай гуфт: «Дар ҷараёни бозрасии фаъолият ширкати мазкур чанд мушкили ҷиддӣ дар заминаи ҳисобдорӣ ошкор шуд, ки ин мавридҳо дар гузориш сабт шудаанд, аммо натиҷаҳои ин пажӯҳиш махфӣ хоҳад буд.»

Намояндаи доимии Сандуқи байналмилалии пул афзуд, ки таҷрибаи пӯшида нигоҳ доштани натоиҷи аудит вуҷуд дорад ва ба ин далел ӯ наметавонад дар бораи бозрасии ширкати «Барқи тоҷик» маълумоти муфассал диҳад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, «Барқи тоҷик» барои рафъи норасоиҳои ошкоршуда нақшаҳоеро ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ рӯи даст гирифтааст.

Сабоҳат Азимова, муовини сардори шӯъбаи барномарезии «Барқи тоҷик» гуфт, қарзе, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои бархе аз тавсияҳои муассисаи аудитӣ ба ширкати «Барқи тоҷик" додааст кам аст. Зеро барои табдили низоми муҳосиботии ин ширкат ва корхонаҳои тобеи он ба меъёрҳои байналмилалӣ кори саҳл нест ва маблағи зиёд талаб мекунад.

Ба гуфтаи хонум Азимова, яке дигар аз тавсияҳои пешниҳодшуда роҳандозии тарзи худкифои корхонаҳои тобеи ин ширкат аз ҷумла нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои тақсимоти барқ аст.

Вай афзуд: "Аз аввали таъсисаш то ҳоло ширкати "Барқи тоҷик" аз рӯи меъёерҳои тоҷикӣ кор мекунад. Барои гузаштан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ маблағи зиёд даркор аст, аммо ба ҳар ҳол мо ба чунин гузариш талош дорем."

Набуди шаффофият дар кори «Барқи тоҷик» аз сӯи расонаҳо ва коршиносон низ борҳо мавриди интиқод қарор гирифта буд. Ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумат дар оғози сол талафёбии аз андоза зиёди нерӯи барқро зери шубҳа гузошта, ба ин далел роҳбарони ин ширкатро аз вазифаҳо барканор карда буд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байнулмилалиро дорад, аз тасмими махфӣ нигаҳ доштани натиҷаҳои аудити «Барқи тоҷик» изҳори тааҷҷуб кард.

Оқои Умаров гуфт эълом накардани натоиҷи аудити як ширкати ниҳоят бузурги давлатӣ метавонад аз ангезаҳои сиёсӣ дур набошад, вале эҳтимолан нақши фасод дар инҷо бештар бошад.

Ӯ мегӯяд: "Ман фикр мекунам, ки ин ҷо эҳтимолан манфиатҳо ба ҳам пайваст шуда бошанд. Вақте ки сухан аз "Барқи тоҷик" меравад, мо медонем, ки он ҷо ҳолатҳои фасод хеле зиёд аст. Эҳтимол чунин ҳолатҳоро пайдо карданд, аммо намехоҳанд, дар ин бора рӯирост дар байни мардум гап зананд."

Аммо бозрасии фаъолияти корхонаҳои давлатии Тоҷикистон бо талаби созмонҳои байналмилалиимолӣ барои бори авал сурат намегирад.

Бо тақозои бархе аз ин созмонҳо фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон таҳқиқ шуда наздики 1 миллиард доллари қарзи беруна, ки ғайримақсаднок масраф шудааст, ошкор шуд ва натоиҷи ин пажӯҳиш дар матбуот ба нашр расид.

Аммо Люк Мойерс, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул изҳор дошт, ки бозрасии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон як ҳолати махсус буд ва эҳтимол ангезаҳои сиёсӣ низ дошт.

Аммо вай илова кард, натиҷаҳои таҳқиқи корхонаи алюмини Тоҷикистон -- Талко, яке аз бузургтарин ширкатҳои саноатии кившар низ, ки аз сӯи як муассисаи аудитӣ омӯхта мешавад, ошкор нахоҳад шуд.

Зимнан бозрасии фаъолияти «Барқи тоҷик» аз рӯи санадҳои соли 2007 анҷом шудааст ва барои таҳқиқи фаъолияти он дар солҳои 2006 ва 2008 маълумот ва асноди зарурӣ омода набудааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Точикистон
02.09.2009 17:47
Сад хайф! Наход барки точик ин созмонхои айдиториро хам харида бошад?

Ном: SAMARDIN
02.09.2009 20:38
Man ba in sozmonho gyftaniyam ki mo xalqi tojik digar ba shymo bovar nadorem.Shymo ham az pai kim-kadom hadafhoi siyosi kor mekyned. Ki ba shymo salohiyat dodast auditro nash nanmoed. Shymo ham fasod zada va dyrygyi hasted. Behtar hast ki az in bad dar borai vyjydi fasod dar Tojikiston harf nazaned

Ном: Forsage-SD аз: TJK
02.09.2009 21:04
Фарзияхо:
1.Махфй будани натичахои аудити «Барки точик» ва «Талко» ба наъфи (фоидаи) абаркудратхои чахон махсусан барои Амрико аст. Зеро хамаи ин «компромат» дар оянда ба яке аз фишангхои таъсиррасон ба хукумати Точикистон табдил меёбад.
2. Любая женьщина продаётся – всё зависит от цены ( ин чо сухан натанхо дар бораи маблаги пули аст, дигар намудхои пардохт ва гузаштхо мавчуд аст).
3. Акнун Сандуки байналминалии пул метавонад бемалол сиёсати худро ба хукумати Точикистон овеза кунад..

Ном: Korgari Cirk
03.09.2009 08:52
Ba hama malum ast ki dar kadom vaziyat meboshad barqi tojik kutoh karda guyam az sag ustughon karzidor meboshad.Na faqat barqi tojik balki tamomi sistemai hukumatdoriii tojikistoni azizi mo afsus ki dar poravu rishva ghutidast :(

Ном: Шабрав аз: Айёрон
03.09.2009 11:54
БДО "Юникон" на Бедио Юнион, бесаводхо.... БДО Юникон яке аз корхонахои аудитории русист, ки дар Точикистон бе ичозатнома(литсензия) фаъолияти аудитори мебарад, ва аслан сифати кори ин корхона нихоят паст аст ва сазовори бовари нест. Мисоли бесифатии кори ин ширкат - КВД "Точик Эйр", ЧСШК "Точиктелеком" ва гайра... Гумон меравад, ки кормандони ин ширкат низ ба фасод гуттавар гардида...Аслан, ин ширкат хукуки гузаронидани аудитро дар ягон корхонаи ТЧ надорад, ва натичахои аудити "Барки точик" асоси хукуки надоранд...

Ном: Шабрав аз: Айёрон
03.09.2009 11:56
кучо мекунен фикри моро ай кормандони Озоди? Хамеша метарсен аз чопи онхо? Шумо хеч озод наед, фурухташудаед

Ном: Сардабир
03.09.2009 11:56
Номаи Шуморо бо вуҷуди он ки барои як ҳарф мардумро "бесаводҳо" номидаед, шартан нашр кардем ва умедворем, дар оянда ба одоби баҳс рияоят мекунед. Сабаби дер нашр шуданаш ин аст, ки номаҳо бонавбат дида, қабул ё рад мешаванд.

Ном: Геракл аз: Троя
03.09.2009 13:05
Наход ино ба ташкилоту созмонхои байналхалки порагириро ёд дода бошанд. Сад афсус ки дар ин дунё хама бовари намондааст. Вой бар холи халки точик, ки бозичаи дастаи хоричихо гаштааст. Бо дасти худ пул медихем, ки гунохи моро нагуянд.

Ном: salim аз: Moskva
03.09.2009 16:30
Gufti rusho gorbatogo mogila pomojet.Sozmoni audit yo ki shirkat hakki hudro girift hudaton medoned davi aspton.Baroi chop kardani i jaziriho rui varak dasti auditoron naraftaast.

Ном: Мехрон
03.09.2009 17:06
Гумон андар гумон меравад. Фасодзада будани Барки точик барои чахор подшох маълум аст. Акнун тибки гуфтахо Бонки чахон боз барои ин ширкат маблаг чудо менкунад, боз бубинед, ки бо пофишории Бонки чахони Барки точик киммати баркро боло бурд. Зери коса нимкосае хаст. Ё Эмомали Рахмон руи Шарифхон Самиевро сиёх кардани нест.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил