Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ҷаҳони варзиш

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Ин шумораи Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.



 








facebook
mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3425
TJS / 
EUR
6.5161
TJS / 
RUB
0.1511
TJS / 
KZT
0.0287
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Назари коршиносон ба куштори Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифини тоҷик ва собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон

13.07.2009

Коршиносон мегӯянд, марги Мирзо Зиёев заминаи назорати Тавилдара - минтақаи аз лиҳози амниятӣ муҳим барои ҳукумати Тоҷикистонро фароҳам намекунад.

Ба эътиқоди онҳо, Зиёев як чеҳраи калидӣ миёни собиқ фармондеҳони оппозитсиюн шинохта мешуд, чеҳрае, ки метавонист дар ҳолати зарурӣ боз размандагони қаблӣ ва навро муттаҳид кунад.

Далер Ғуфронов, охирин рӯзноманигори тоҷик, ки бо Мирзо Зиёев моҳи майи соли равон дар пайи паҳн шудани шоеот дар бораи пайдо шудани гурӯҳи Мулло Абдулло дар Тавилдара, маҳалли сукунати ӯ, сӯҳбат кардааст, мегӯяд, марҳум овозаҳоро, тавре ки ҳукумат мехост, рад мекард. Аммо оқои Ғуфрон мегӯяд, аз чеҳраи ӯ пайдо буд, ки дар ҳоли интихоб қарор дорад: бо ҳукумат бошад ва ё бо ҳамсафони қаблиаш.

Далер Ғуфронов мегӯяд, «баъзе ишораҳо мекард, ки ӯ дар миёни обу оташ қарор дорад. Эҳсос мекард, ки вазъи минтақа аз шахсияти ӯ хеле бастагӣ дорад. Ман дарёфтам, ки барои ӯ рӯшан кардани мавқеъ дар баробари ҳаводиси он рӯз хатар дошт. Дар ин бора чизе намегуфт. Ҳарфи дилашро пӯшида медошт, аммо дар ин бора бо нигаронӣ сӯҳбат мекард. Ба назарам, таҳти як фишори маънавӣ мавқеъгирӣ кард ва кораш то ин ҷо кашид».

Сабабҳо барои норизоиятӣ ҳам дар миёни элита ва ҳам мардум кофӣ ҳастанд. Албатта, ҳукумати имрӯза фаъолона он далелро истифода мекунад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷанги шаҳрвандӣ такрор шавад...
Мирзо Зиёев, тибқи иттилои расмӣ, бо мухолифини ҳукумат пайваст ва дар ҳоли муқовимат дастгир ва пас аз сӯйи гурӯҳи номаълуме кушта шудааст. Коршиносон мегӯянд, марги ӯ бо назардошти ҷиддияти шахсияташ барои тағйири раванди ҳаводис дар Тавилдара муҳим буда метавонад.

Андрей Грозин, корманди Пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав мегӯяд, шояд хадамоти махсуси Тоҷикистон иттилоъ доштанд, ки Мулло Абдулло ва Мирзо Зиёев мехоҳанд як шаванд. Оқои Грозин меафзояд, шояд ин ҷо на фақат дар бораи иттиҳоди ин ду нафар, балки таҳти як эътилоф муттаҳид шудани афроди дигари норизо аз ҳукумат низ сухан равад.

Оқои Грозин гуфт, «сабабҳо барои норизоиятӣ ҳам дар миёни элита ва ҳам мардум кофӣ ҳастанд. Албатта, ҳукумати имрӯза фаъолона он далелро истифода мекунад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷанги шаҳрвандӣ такрор шавад. Аммо ҳама хуб мефаҳманд, ки раҳбарияти имрӯза бесалоҳият аст».

Мақомоти Тоҷикистон пас аз ду моҳ ба гуфтугузорҳои ғайрирасмӣ дар мавриди вазъи ноамни шарқи Тоҷикистон бо пахши як баёнияи расмӣ хотима гузоштанд. Аммо дар ин баёния низ он чӣ дар Тавилдара мегузарад ва ҳам марги Мирзо Зиёев ба амалиёти алайҳи маводи мухаддир таҳти унвони «Кӯкнор-2009» рабт дода мешавад.

Вале мақомот аз сӯи дигар, ба ҳамкории зердастони Мирзо Зиёев бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон низ ишора мекунад ва аз боздошти 5 чечен дар Душанбе ҳарф мезананд, ки ба назари таҳлилгарони умур, баёнгари аз чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор” хеле фаротар рафтани масъала аст.

Аммо бо аз байн рафтани чеҳраи муассир дар вазъи Тавилдара дар шахси Мирзо Зиёев хатари фаъолияти зиддиҳукуматии бақия размандагон коҳиш меёбад?

Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои оппозитсиюн ва собиқ афсари баландпояи вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт, мегӯяд, марги Мирзо Зиёев баръакс номаниҳои бештар дар минтақаро эҷод хоҳад кард
Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи оппозитсиюн ва собиқ афсари баландпояи Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт, мегӯяд, марги Мирзо Зиёев баръакс ноамниҳои бештар дар минтақаро эҷод мекунад.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҳам бар ин ақида аст, ки бо марги Мирзо Зиёев қазияи Тавилдараро намешавад ҳалшуда ҳисобид. Оқои Муҳаммадазимов мегӯяд, дар минтақа ҳанӯз фармондеҳоне боқӣ мондаанд, ки метавонанд, дар ҳолати зарурӣ пешвоиро ба даст гиранд.

Вай афзуд, «бояд базаи иҷтимоии онҳоро бехатар кард. Кори зиёде бояд кард, масалан, дар масъалаи кам кардани фақр. Вақте сатҳи камбизоатӣ баланд аст, ин гуна қумондонҳои нав ҳатто метавонанд пайдо шаванд ва дар атрофи худ мардумро гирд оранд».

Мирзохӯҷа Аҳмадов низ бо назардошти вазъи Афғонистон эҳтимоли пайдо шудани нерӯҳои навро баъйид намедонад. Вай мегӯяд, «гуфти мардум аст, ки «ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад». Дар шароити ҳозира шояд нерӯҳое пайдо шуда бошанд, ки қумондонҳои пешинаро мегӯянд: агар ёрдам кунед, аҷаб, агар ёрдам накунед, халал нарасонед!».

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бояд аз дубора ба пойгоҳи нерӯҳои тундрав табдил ёфтани Тавилдара , тавре ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, ҷилавгирӣ кунад. Вай афзуд, «ин нуқта аз маризии худ ба дигар минтақаҳо ишора дода меистад. Он нафароне, ки аз ҳукумати имрӯза норизо ҳастанд, метавонанд аз он минтақаҳо ба ин ишораҳо посух диҳанд. Як эҳтимол ҳаст, аммо ҳукумат бояд ҳама корро барои ҷилавгирӣ аз ин кунад».

Ба ҳамин минвол, коршиносон мегӯянд, ҳаводиси Тавилдара барои ҳукумати Тоҷикистон як қатор мушкилоти мавҷуд дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз қабили фақр, фасод, маҳалгароӣ ва дар ҳошия қарор додани нерӯҳои мухолиф, аммо дар ҷомеа бонуфузро ба сурати рӯшантар бармало мекунад. Онҳо мегӯянд, маҳз ҳамин авомил ба қудратҳои хориҷӣ низ дастак медиҳанд, то бо сарнавишти мардуми минтақа бозӣ кунанд.
Ин баҳс баста шудааст.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Ruslan аз: Brussel
13.07.2009 20:20
Ruhash shod bod
Ba hamagon malumast ki Mirzo Zieev ki bud ammo vakte ki u az mansab barkanor shud bad ba in korho dast zad in manoi on dorad ki u ham yak mansabtalosh bud ba misli digar farmondehoi sobik jangi shahrvandi ba manfiati shakhsii khud kor mekard va mekhost Tojikistoni oromro boz noorom kunad u boyad ba mardi kori meraft ba misli digaron na balki siloh megirift

Ном: Safarmyrod аз: Tavildara
14.07.2009 00:04
Tyranjonzoda, Himatzoda, Kabiri charo xomyshed misle ki in kor ba shymo dax nadorad. In bachaho to diryz az shymo himoyat mekardand va shymo bo jonfidoi inho ba injho rasided va hizbatonro rasman shinoxtand. Charo alai sylh shikani hykymat myhri xomyshi zaded bar labho. Ba Xydo qasam nasli oyanda shymro hejgo namebaxshad va dar nazdi Xydovand javobgy hasted. Inhodisahoi dar kyhiston ryi doda istodast agar in ba foidai hykymat anjom yobad badi navbato nahzat va Turajonzodaho xohad byd. agar zinda boshed mebinem poyoni in qisaro bo ham.

Ном: Hairon аз: Kucha
14.07.2009 05:11
Sukhan haif ast

Ном: Manuchekhr аз: New York
14.07.2009 08:59
Az yaktaraf margi chunin shakhson ba jomaeqi bemori mo khatari buzurge dorad va az tarafi digar kushtani in guna shakhson behtarin rohest baroi poydorii davlat.
In korro hukumati kablii Tojikiston pesh az jangi shahrvandi nisbati biser az in "kumandonho" boyad ravo medid va bajoi 100 nafar "kumandon" 500 000 aholii osoishta kushta nameshud, va hazorho odam bekhonavu dar namemond. 2 bora in khatoro hukumat naboyad roh nadihat. Dar hole, ki dushmanoni millati mo az jangi mo kabat-kabat gusht megirand. Marg bar on "Kumandon"-hoe, ki berun az vazifa mondandu, yarok ba dast giriftaand.
Oyandai davlat va millat dar dasti mo javononi dar khorija buda ast. Man bovarii komildoram, ki sathi millatu vatanparasti va savodnokii mo javononi 19-25 solai dar khorija buda 1000-ho marotiba az kumandonu raisoni 50-70 solai hozirai tojik baland ast.
Ruze meshavad, ki mo gardani shumoho girifta purson meshavem, ki dar vaktash chi ba millatu vatan kardaed. In hamma bechoragi va dar garibi zistu zindagoni kardani mo gunohi shumost. Chi tu hukumati boshi va chi mukholif, hardu beakl baroi javononi hozira meboshed.

Ном: sahar аз: dushanbe
14.07.2009 09:44
salom ,in nazari hamai mardym ast ki megyyand chyn hukumat ehsosi khatar dorad,
kam-kam niruhoi kalonro ba har bahona bar medorad va e mekhohad niruhoi islomi ro dar baini mardym bad jilva dihd

Ном: ЗАХМАТКАШ аз: ПАХТАЗОР
14.07.2009 11:51
мухтарам давлатдорон
илтимос ва хохиши калон дигар моро ба чанг накашед .ХАМА МУЛКАМОН АЗ ШУМО .ЧИЗЕ ХОХЕД ПАЙДО МЕКУНЕМ МЕДИХЕМ БЕ ЧАГЧОЛ.ОХИР АЗ ЧИ КАМ АСТЕД? АЙБИ МО КАМБАГАЛОН ХАМИНАСТ КИ ЧИЗЕ НАМОНДАСТ ДАР ХОНА ЛОКИН ХАЙР БА НАЗДИКИ КРИЗИС ХАЛОС МЕШАВАД БА РОСИЯ КОР МЕРЕМ ОВАРДА МЕДИХЕМ МО ХАМ ОДАМ ДАРДИ ШУМОРО ХИС МЕКУНЕМ
МУХТАРАМОН ЧАНОБОНИ ОЛИ

Ном: Тохир аз: Конибодом
14.07.2009 12:00
Хой командир ту дар Порис истода давлати моро догдор накун.Хукумат харакат карда истодааст.ки зиндагии мардум хуб шавад аммо ту барин ватанфурушхо аз он чои истода аккос мезанед.Ту шахсан барои ватани кучаки худат чи фоида оварди биё роххоро бин туннелхоро бин хама чо тинчи осуда агар баъзе норасогихо бошанд хам ба навбат халлу фасл шуда истодаанд.

Ном: Шукриоллох аз: Душанбе
14.07.2009 12:21
Эй бародарон .Эй мусулмонон бас он хунрезихо бадбахтихо норохатихо бас саргардонихо .Агар ноороми дар марзи кишвар бошад тамоми мардуми Точикистон ноорому худро норохат хис мекунанд.Барои хамин тамоми кушиши худро ба харч дихед.ки дар Точикистони азизамон сулху якдигарфахми пойдор бошад.Хама мехохад.ки зиндагии орому осоишта дошта бошад чи шоху чи гадо чи президенту чи мардуми одди.Аз худованд талаб кунед оромиву осоиштагиро иншоолох хамааш ба хуби анчом меёбад.Фикр накунед.ки Мирзо Зиёев зиндагии оромро намехост у хам мехост.ки сулху салох бошад .Худо рахмату махфираташ кунад .....................

Ном: Бахтиёр аз: Б
14.07.2009 16:25
Агар аз як тараф нигох кунем шартномаи "СУЛХ", ки 27 июни соли 1997 байни тарафхо ба имзо расида буд вайрон гардидааст. Мувофики шартнома аз 100/30% вазифахои давлати бояд аз тарафи гуруххои зидди Хукумати бошанд. Аммо ин шартнома хозир руи варак асту халос. Чунки он шахсе, ки дар шартнома имзо гузошта буд аз байн рафтааст (Мулло Абдуллои Нури). Ягон нафар аз намояндагони гайри Хукумати дигар намонд, ки оиди ичро накардани ин шартрнома ба Судхои байналхалки мурочиат кунад. Лекин М.Зиёев медонист, ки мурочиат кардан хам бе натичааст. Аз хамин сабаб у худ бар зидди Хукумат хест ва максади талаби ичрои ин "Созишнома"-ро дошт. Валле афсус, ки ба максад нарасид. У максади бад надошт. Танхо ичрои ин "Сзишнома"-ро аз Хукумат дошт.
Худо рахматаш кунад.

Ном: Samad аз: Dushanbe
14.07.2009 16:28
Salom ba barnomai ozodi va xonandagoni muhtaram !
Rosti man xonandai hameshagii ozodi hastam vale xele kam dar bahs ishtirok mekunam. Man vaqte ki baze navishtahoro mexonam bisyor norohat meshavam,masalan misli navishtai janobi Tohir az Konibodom ! chiqadar bazeho tarsonchak ,laganbardor va .... meboshand.janobi Tohir yak bor chashmonatro kusho va ba atrofi xudat nigoh kun,agar chashm doshta boshi !!! In qadar sui istifodaho az mansab aybi ki hast??? agar sobiq kumandonho va muxolifin dar shahri dushanbe tavonand zindagi kunand charo ba yak mintaqai dur az shashr va faqrnishin rafta zindagi mekunand??? hukumati Tojikiston boyad siyosati xudro tagyir dihad
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил