Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Вокунишҳои аҳзоби сиёсӣ ба марги Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик

13.07.2009

Марги Мирзо Зиёев дар байни намояндагони аҳзоби сиёсии Бадахшон вокунишҳои мухталиф ба бор овардааст.

Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ҳамагӣ чанд соат баъд аз боздошт ба таври асроромез кушта шудани Мирзо Зиёев фарзияи расмии ин ҳодисаро таҳти шубҳа мегузорад.

Ба гуфтаи Азим Шерзамонов, Бадахшон шабеҳи ҳодисаҳои Тавилдараро тобистони соли гузашта паси сар кард, замоне ки нирӯҳои ҳукуматӣ ба мақсадҳои номаълум якбора дар минтақа афзоиш ёфтанд. Вай гуфт, таҷаммуи нирӯҳо ва гузоштани постгоҳҳо аз кадом тарафе набошад, ба ташаннуҷи авзоъ боис мешавад ва аз ин рӯ мардум соле пеш дар Бадахшон бо нигаронӣ аз эҳтимоли ташаннуҷи вазъ даст ба эътироз зад.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Бадахшон афзуд, ки ҳодиса бояд аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба таври фарогир таҳқиқ ва гунаҳкорони марги Мирзо Зиёев дар асоси қонун муҷозот шаванд.

Узви раёсати олии Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон Неъмат Амонбеков низ марги Мирзо Зиёевро ношӣ аз талоши гурӯҳҳои манфиатдори ба ҳам задани субот ва коҳиши нобоварӣ нисбат ба ҳукумати кишвар хонд. Вай гуфт, шахсияти Мирзо Зиёев рамзи муборизаи як қишри мардуми Тоҷикистон барои сулҳ ва адолат буда, онҳое, ки гумон мекунанд, бо аз байн бурданаш осоиштагиро дар кишвар таъмин кардаанд, иштибоҳ мекунанд.

Ба гуфтаи Неъмат Амонбеков, аз замони пайдо шудани овозаҳо оид ба зуҳури афроди Мулло Абдулло дар минтақа то ба ҳол касе аз ин афрод боздошт нашуда, бо сабабҳои гуногун баръакс афроде, ки зиндагии мулкӣ доштанд, ба майдони мухолифат кашида шуданд. Вай афзуд, ки бо марги Мирзо Зиёев акнун имкони бо роҳи мусолиҳатомез ҳал гардидани ихтилоф аз байн рафта, афроди боқимонда ба идомаи муқовимати мусаллаҳона гӯиё маҳкум шудаанд.

Неъмат Амонбеков гуфт, ин ҳодиса ҳамчунин ба коҳиши боварии собиқ мухолифине, ки дар сохторҳои мақомот фаъолият карданд ва ҳоло низ кор мекунанд, сабаб хоҳад шуд.

Аммо Гулдаста Орумбекова, раиси бахши Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби давлат муҷозот шудани афродеро, ки авзоъро ноором мекунанд, амри табиӣ арзёбӣ намуд.

Раиси бахши вилоятии Ҳизби коммунист Хусрав Рақамов изҳор дошт, ки хабари марги Мирзо Зиёевро аз куча шунидааст, вале пас аз истиқрори сулҳ ташаннуҷи дубораи авзоъро ба манфиати мардум ва кишвар намешуморад.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ, аммо аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки дар кишвар ҳатто миёнҷии сулҳ будан низ амали хатарнок будааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: alisher аз: garibi
13.07.2009 19:35
ba fikri man ki ahzobi siyosi niz az ibrozi andesha mtarsand dar vokunishi onho yak nav6 tars ehsos meshavad, ki in dalolat ba on mekunad ki hukumati tojikiston rohi diktaturiro pesh girifta istodaast na demukrotiro

Ном: tojik аз: TJ
14.07.2009 04:12
Khudovand joyatro jannat gardonad!!!
Аvval 30% vazifahoro dodand, pason bo istifoda az mansab namoyandagoni jonibi mukholifro az mansab dur sokhtand, ba'dan ba mahbas kashivu katli ononro pesh giriftand.
- Said abdullohi Nuri, ki sababgori barkarorii sulhi Tojikiston bud, dar sindi na onkadar piri, bo sababhoi noma'lum vafot kard.
- Inak navbati Mirzo rasidast.
- Fardo navbati digare (Khudoe nakarda Hoji Akbar)....
Узви раёсати олии Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон Неъмат Амонбеков sukhanoni khub guftaast.

Ном: nuriddin аз: tojikiston
15.07.2009 03:27
dar borai hodisahoyi ki imruz dar tawildara meshawad haminaqa guftaniyam ki tojikiston dubora niyoz ba said abdulloh nuri dorad, shakhse ki sulh wa oromiro baroyi millati tojik bolo az hama medonist
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил