Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Коршинос: "Мирзо Зиёев сулҳпарвар буд."

Санавбар Шерматова, таҳлилгари ''РИА Новости''

12.07.2009

Изҳороти Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати Мирзо Зиёев вокунишҳои гуногун ба бор овардааст.

Санавбар Шерматова, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, ки изҳороти мақомоти Тоҷикистонро аз Маскав пайгирӣ кардааст, яке аз онҳост. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки иттиҳомоти зидди Мирзо Зиёев ба табиати шахси вай хос нест:

"Медонед, Мирзо Зиёев як чеҳраи намоён дар Тоҷикистон буд. Ӯ нафаре буд, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ва ҳам баъди имзои созишномаи сулҳ нақши муҳиме бозидааст. Вай дар ҳама сангарҳо хизмат кардааст: ҳам дар миёни мухолифон, ҳам дар миёни ҳукуматиҳо. Вай вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон буд. Давраи вазирӣ як давраи хеле барҷастаи фаъолияти вай маҳсуб мешавад. Дар ду ҳодисаи пурсарусадои ҳамлаи ҳаракати исломии Ӯзбакистон болои Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар солҳои 1999 ва 2000 исми ӯро бо ин гурӯҳ вобаста мекарданд, мегуфтанд, ки вай ба Ҷумъаи Намангонӣ таъсир карда метавонад. Масалан, бо мудохилаи Мирзо Зиёев қазияи рабоиши геологҳои ҷопонӣ аз ҷониби ҷангиён дар Қирғизистон ҳалли худро пайдо карда буд. Ӯ ҳамингуна як бозигар буд ва ӯ одат дошт, ки дар сангарҳои мухталиф бозӣ кунад, аммо хеле шахсияти сулҳпарвар буд. Масалан, ман аз сӯҳбатҳои баъзе мухолифини Тоҷикистон медонам, ки баъди он ки онҳо бо вазъи Афғонистони харобу ҷангзада аз наздик шинос шуданд, як бахши ҷангиёни Тоҷикистонӣ ҳам қароре қабул карданд, ки набояд иҷоза диҳанд, ки Тоҷикистон ҳам ба Афғонистони дуюм табдил шавад. Мирзо Зиёев яке аз онҳо буд. Ӯ як муддат баъди имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин кор кард. Ин ҷо як чизи муҳими дигар ҳам ҳаст, ки вай ба сохтори имрӯзаи элитаи Тоҷикистон мутобиқ нашуд. Сохтори раҳбарикунандаи Тоҷикистон алаккай шакл гирифтааст ва Мирзо Зиёев ба ин ҳалқа намечаспид, вай бегона буд. Ва вай барои Тавилдара ҳам, ки охирин солҳо зиндагӣ мекард, бегона буд, чунки ҷангидан намехост. Ва ҳоло бо шунидани изҳороти вазоратҳои қудратии Тоҷикистон мушаххасоти марги ӯ маълум нест. Боварнакарданист, ки вай якбора ба ҳайати шӯришиён пайваст ва баъдан якбора боз халъи силоҳ шуд. Ин чиз ба табиати Мирзо Зиёев наздик нест".

Озодӣ: Аммо он чиро, ки чанд моҳи охир дар Тавилдара мегузарад, шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

"Дар Тавилдара чӣ мегузарад? Комилан мушаххас аст, ки ҷангиёне, ки ҳоло дар он ҷо фаъол шудаанд, аз Покистон омадаанд. Соли 2006 айнан ҳамин гуна ҳолат шуда буд. Вақте каи амалиёти зиддиҷангиён шурӯъ шуд, ин силоҳбадастон, ки дар миёнашон тоҷикҳову ӯзбакҳову афғонҳову чеченҳо буданд, фирор карда ба қаламрави Осиёи Марказӣ гузаштанд. Он вақт амалиёти муштараки тоҷикҳову қирғизҳову ӯзбакҳо анҷом шуда буд ва зуд хотима ёфт. Амалиёти ҳозира дар Афғонистону Покистон густардатар аст ва ҷангиён ҳам инро хуб дарк мекунанд. Ва онҳо ба ин ҷойҳо омаднад, ба Андиҷон, ба Тоҷикистон омаданд. Он чизе ки дар Тавилдара мегузарад, мавҷи дуюми муқовимати мухолифин аст. Албатта ба он андоза бузург нест, чунки мисли даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон пуштибонии молӣ надораду аз берун ҳам тарафдорӣ намешавад. Ин одамҳо маҷбур шуданд ба ватани бобоии худ баргашта, бо як роҳе дар он ҷо мустақар шаванд. Ва дар рӯзҳои наздик маълум мешавад, ки то куҷо инҳо қудратманд буда мақсаду ҳадафҳои онҳо аз чӣ иборат аст. Инчунин ин амалиёт омодагии нерӯҳои ҳукуматиро ба намоиш мегзуорад, ки то кадом андоза барои муқобила бо ин гурӯҳҳо тавонманд ҳастанд. Хулоса дар ин минтақа ҳоло ҳодисаҳои зиёде рӯй медиҳад, ки бояд аз таҳаввулоти он мушоҳида кунем".
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: tojik аз: tojikiston
13.07.2009 01:41
OE ZIEEV BAROI BARGASHTAN BA VATANI
KHUD VA TOJIKON MUBORIZA NABURD????
AHMADSHOHI MASUDI TAWILDARA.....
JAWHAR DUDAEVI TAWILDARA.......
TOJIKRO BISER DUST MEDOSHT....
OQIBQTI KHUNI IN SHAHIDRO BINED

Ном: tojik аз: tojikiston
13.07.2009 02:10
BA ZIEEV NIMPAYKARA E UNVON DARKOR NEST
U TOJIKRO NAKUSHTA AST
BALKI SABABI BARGASHTANI HAZORON HAZOR
TOJIKON AZ AFGHONISTON SHUD

Ном: Tojik аз: Vatan
13.07.2009 09:53
Инсон бояд дар зинда будан кадр дони карда шавад, баъди мурдан чи даркор хайкалтарошиву таърифи зиёд. Точикистон бояд Зиёевро намекушт, бояд аз сиёсат даст мегирифт, чун ба сухтаги намакоб пошидан ба хисоб меравард ин кори кардаи хукумат, баъд аз махбус кардану азобу шиканча додани чавонон аз тарафи амнияти Точикистон бо хар бахона ва пул кор кардани амният аз ин дастигиршудагон. Чи, офтобро оламороро хукумат бо доманаш пушонидан мехохад? боз шуришу чанг мехохад баъди ин кадар хунрезиву бародаркуши? вактхои ахир маълум шуд, ки чангу шуриши 1992-1997 аз тарафи КГБ-и узбакистон ва руссия буд, ин дафъа аз тарафи ки бошад? Оё Точикистон хануз чашмонашро намехохад кушодан?

Ном: КАРИМ
13.07.2009 11:03
Хамаш дуруг аст. Фикрхоятон ба техлилгари сиеси хос нест. рохгумкунанда ва шуроваранда

Ном: Хури аз: Точикистон
13.07.2009 11:27
Хомушихам эътироз аст.
Ман сад дар сад чонибдори андешахои, хонус санавбар хастам.
Мирзо яке аз чехрахои саршинос ва арзандаи миллати точик буд.
Афсус, сарони мо инро эхсос намекунанд.ки фарзандони намоени худро бо бахонахои баргалат нобуд мекунанд.Ин гарази душманони беруниро эхсос намекунанд,ки аз даст додани чунин фардон заиф намудани кудрати хеш аст.
Марги Мирзо дар водии Рашт, эътирози ХОМУШИРО БА МИЕН ОВАРДААСТ,
Ва чун тег ба даст ори МАРДУМ НАТАВОН кушт.Модари Рашти хазорон мардони баномусеро барои химояи МИЛЛАТИ ТОЧИК тавлид хохад кард.
МИРЗО хело зиед медонист ва танхо хостори оромии ТОЧИКИСТОН буд.ИШТИБОХИ ИСЛОХНОПАЗИРЕ ДОРАНД,санишинони кишвари мо АФСУС.
ЁДИ МИРЗО БА ХАЙР, ХАЗРОН МОДАРИ РАШТИ ПОСИ ЧУНИ ФАРЗОНАИ ХУДРО ПОС ХОХАД ДОШТ.
ВАЛЕ БОВАРИЮ ЭЪТИКОДИ МОРО БА КИ БОЯД?!....

Ном: Баротали аз: Душанбе
13.07.2009 11:46
Марди хакики буд. Номардона кушта шуд. Ба изхороти хукумат бовари надорам.

Ном: Хабиб аз: Русия
13.07.2009 12:29
Рохбарони кишвар аз руйдодхои хунин 1992- 97 сабаке нагрифтаанд. Дар фосилаи кутох ду вазири собики низоми, генералон - М. Солехов, М. Зиёев кушта шуданд.Руйдодхои охир тарзи сарварии Р.Набиев,С. Кенчаев, Н. Дустовро ба хотир меоварад."Дустони" точик интизори онанд, кай ин кишвар кучак ба вартаи навбатии хунин фуру рафта пора - пора мегардад.ХУДОВАНДО!Кишвари азияткашидаи моро дар панохат нигох дору гунахои миллати моро бубахш.

Ном: Абдурахмон аз: New Fort
13.07.2009 17:58
Худованд пас аз ин нигахбони чунин шахсиятхо дар Точикистон бошад. Ки мегуяд.ки баъди ин навбати кист оё ин охирин курбонист.НЕ холо мову шуморо Худованд нигахбон бошад шохиди ходисахойи зиёди "ХУДКУШИИ" шахсони боло маком ва "ПАРОНДА ШУДАНИ ОНХО АЗ СУЙИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ" мегардем.Худо шохидаст мебинем ба наздики боз бо бахонайи дигаре сари чанд шахсони боло макоми сиёсиро зери тир "ХУД" ё "НОМАЪЛУМЕ"хохем дид. Так что чехрахо хушёр бошед ё тарки ТОЧИКИСТОН кунед!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ном: фарид аз: украина
13.07.2009 18:55
ин гапхо дуруганд бародаро барои чи КГБ-ро тухмат мекунед . КГБ ин чашми давлатхаст бояд мо рахмат гуйм ки ба коргарони КГБ . ман ба хамаи коргарони КГБ гуфтани хастам ки ба ин гапхои дург рухафтода нашавед кори худро пешбаред. ватанро химоя кунед.

Ном: инсоф аз: душанбе
13.07.2009 21:18
Ассалому алайкум хамватанони азиз! марги асроромези фарзанди фарзонаи миллати точик Мирзо Зиёев ин якфочеъаи навбати аст бар сари милати точик хидматхои мархум барои миллати точик бисёр буд аз хамма хидмати бузургаш он буд ки дар вакти чанги Махмуди Худойберди вакто ки дар вилояти сугд нирухои хукумати мукобилияти хуб нишон дода натавониста буданд зеро,ки хама чавонони бетачриба дар сахнаи чанг иштирок мекарданд онвакт нирухои опозиция баъд аз имзои созишномаи сулх ба сафи нирухои хукумати пайваста буданд ва аз онхо дархост карда шуда буд ки дар чанги зидди Махмуди Худойберди хамрохи нирухои хукумати иштирок намоянд ва гурухе ки дар зери фармони мархум Мирзо Зиёев буданд фаъолона иштирок карда бо часури ва тачрибаи чангии худ тавонистанд ки гурухи Махмуд-ро дар андак муддат шикаст диханд ин аст аз хамма хидматхои бузурги мархум Мирзо Зиёев аммо чои афсус аст, ки аз ин коранамои хуч кас ёд намекунад ва гумон мекунам ки у-ро на хамчун кахрамон балки хамчун як хоини миллат эълон мекунанд вале бар ин хам парвое надорем зеро ки бо эълон кардани кахрамон-ро хоин у харгиз хоин намешавад вар акси ин хам зеро и офтобро ба доман пушонида намешавад.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил