Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Шарҳи расмии ҳодисаи куштори Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик

12.07.2009

Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак ҳодисаи куштори Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷикро ба гурӯҳи номаълуме рабт доданд.

Дар ин баёния, ки зуҳри имрӯз пахш шуд, омадааст, ки субҳи 11-уми июл дар рафти корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар яке аз посгоҳҳои ноҳияи Тавилдара Мирзо Зиёев бо писараш ва Ҳикматулло Азизов, сардори хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тавилдара, боздошт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш гуфта мешуд, ки Мирзо Зиёев худ довталабона ба давлат таслим шуда ва низ довталабона азми мусоидат ба гуфтушунид бо силоҳбадастони дигар бо шумули Неьмат Азизовро кардааст.

Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «худи ҳамон рўз Мирзо Зиёев ба хоҳиши худ розӣ шуд, ки ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон дода, бо аъзои боқимондаи гурўҳи ҷиноии Неъмат Азизов бо мақсади таслим шуданашон гуфтушунид намояд».

Вале, тибқи баёнияи мазкур, «дар ҷараёни ин амалиёт бо роҳбаладии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар деҳаи Ағбаи дараи Сурхоби ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунӣ ҳуҷуми ногаҳонӣ сурат гирифтааст ва дар натиҷа Мирзо Зиёев ба ҳалокат расида ва якчанд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд».

Амалиёти "Кукнор"?

Бино ба тафсилоти мақомот, амалиёти зидди Мирзо Зиёев, Неьмат Азизов ва тарафдоронашон дар Тавилдара дар чаҳорчуби амалиёти пешгирии гардиши маводи нашъадор таҳти унвони «Кукнор-2009» дар шарқи кишвар сурат гирифтааст. Ва яке аз ҳамроҳони Зиёев - Неъмат Азизов, ки мақомот ӯро «узви фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии «Ҳаракати исломии Ўзбакистон» номидаанд, бино бар ин баёния, дар интиқоли маводи мухаддир даст доштааст: "Бояд қайд кард, ки канали интиқоли маводди нашъадорро узви фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварӣ намуда, онро маҳз барои маблағгузорӣ ва сарпарастии гурӯҳҳои террористӣ истифода мекард."

Шарҳи мақомот ҳамчунин дар бораи хабарҳои зиддунақизи тайи ду моҳи ахир аз минтақаи шарқи кишвар равшанӣ андохтааст. Бар асоси ин баёния, рўзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳуҷуми гурўҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар деҳаи Чорсуни болои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 3 нафар сарбоз гаравгон гирифта шудааст ва афсар Абрибат Алишоев ба ҳалокат расидааст.

Ҳуҷум ба Тавилдара

Ноҳияи Тавилдара
Мақомот мегӯянд, ҳамчунин рӯзи 8-уми июн ба маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 4 нафар аъзои гурӯҳи Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов кушта шудаанд. Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ин ҳамалот кори дасти гуруҳҳои марбут ба Мирзо Зиёев, Неъмат Азизов ва Ҳикматулло Азизов, мулаққаб ба "Кури Малиш" будааст.

Бино бар ин баёния, дар пайи ҳамлаи 8 июн  "роҳҳои эҳтимолии ақабнишинӣ ва фирори гурӯҳи ҷиноӣ таҳти назорат ва мушоҳида қарор дода шуда, дар натиҷа як қисми аъзои гурӯҳи силоҳбадаст ба муҳосира гирифта мешаванд, ки баъди ин 20 нафар аз аъзои гурӯҳи ҷиноии М. Зиёев ва Н. Азизов маҷбур мешаванд, ки бо силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозими ҷангиашон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд." Гуфта мешавад: аз ин афрод теьдоди зиёди автомату пулемёт, снайпер, норинҷакандоз, норинҷак ва соьир анвоьи муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.

Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки "дар ҳайъати гурӯҳи мазкур панҷ нафар шаҳрвандони Русия, миллаташон чечен, бо мақсади интиқоли маблағи калони пулии аз ҳисоби фурӯши маводди нашъадор ба дастовардаи Зиёев. М. А. ва Азизов Н.С. барои созмонҳои террористии Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон омадаанд ва муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат доштанд." Гуфта мешавад, "дар ҷараёни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ онҳо низ дастгир шудаанд."

Роҳи охирини Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз фармондеҳони аршади нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин тоҷик буд ва соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадаи оппозисиюн ба мақоми вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон тайьин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни соли 2006 кор кард ва ба дунболи барканориаш аз мақом аз сиёсат канор рафта буд ва умдатан дар ватани бобоияш -  Тавилдара ба сар мебурд.

Дар авоили моҳи май дар бораи пайдо шудани афроди силоҳбадасти марбут ба фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов дар Тавилдара сарусадоҳо зиёд шуданд ва эьзоми нирӯҳои иловагӣ аз ҷониби ҳукумат ба он минтақа ба оташи ин овозаҳо равғани бештар рехт. Аммо мақомот то кунун мегуфтанд, эьзоми ин нирӯҳо дар чаҳорчуби амалиёти саросарии "Кукнор-2009" сурат гирифтааст ва сухан дар бораи кадом нирӯи силоҳбадасте дар қаламрави Тавилдара намеравад.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
Ном: ali аз: tjk
12.07.2009 19:40
Inna lilloh va inna ilaihi rojiun

Ном: Korgari Cirk
12.07.2009 20:16
Hamai gapa bo namegan:( Hudo hohad dar oyanda zinda boshem hamai gap malum meshavad.

Ном: Safdar Ali аз: Badaxshon
12.07.2009 20:31
Mo az Xudoem ba boz ba sue y barmegardem.Rosre bade shunedane en hodesa besyor gamgen shudam va man fekr mekunam onhoe ki Mirzoe Zeyoro kushtand nemexohand dar kishvare azize mo sulhu orome hukmfarmo boshad.Ba aqedae banda Mirzo Zeyo va umuman aksare qumandonone opozeseon ba vadae ki karda budand vafo namudand.Mutaasefona hukumate kishvare mo to ba emruz ba nazare shaku shubha ba onho raftor mekunad.Mirzo Zeyo yak marde mashhurest ki bad az kushtane vai metanovad avzo dar vatan boz ham vaxemtaru nooromtar shavad.Xudovand kishvare mo va mardume moro dar panohat negoh dor va dushmanone ki mexohand Tojikro bo Tojik jang andozand nestu nobud begardon.Mirzo Zeyo yo Mirzo Jaga ham raft,marde nomdore bud,Tojik marde raft,Xudovand joyasha jannat kunad va ba ahle oela ba dustdoronash cabre jamel az Alloh xohonam

Ном: shoh аз: rasht
12.07.2009 21:37
iltimos mekunam in mavzuro dumbola giri kuned va haruz movodho oidi in mavzu navised chunki mardum az hakikat bohabar boshand...

Ном: Бахром аз: Душанбе
12.07.2009 21:44
Ин ахволе ки таи солхои охир дар сахнахои сиёсии Точикистон мушохида мешавад, ҷуз ришханди чизи дигаре беш нест.Барои чи ба шахсиятхо рутбаи оли генерал медиханду пасон уро чинояткор хоин душмани халк мебароранд..Вой бар холи ин миллати сарсахт.

Ном: АЛИ аз: ДУШ
12.07.2009 21:54
ХУБ ШУД ОРОМИ БОШАД ИЛОХИ

Ном: Savol аз: ba ozodi
12.07.2009 22:31
o in Mirzo Ziyoev vai ruz az jonibi hukumat baroi guftushunid rafta bud, chikhel shud ki bo mukholoif shud? hamin malumota naeftan dar hej kujo.

Ном: baht аз: yazgulom
13.07.2009 00:23
ИННО ЛИЛЛОХИ ВА ИННО ИЛАЙХИ РОЧИУН.ХУДО РУХАШ ШОД ВА ЧОХАШ ЧАНАТ БОД

Ном: Фардо
13.07.2009 01:27
Дар хакикат хабари куштори мархум Мирзо, як фочиаи бузург аст. Банда хар 3 хабари банашррасидаи Озидро бо назарияхои ширкатварзони майдони бахсаш ба пурра хондам, аммо мутаасифона, касе хакикатро ба таври ошкор баён накардааст. Чои таассуф инчост, ки мардум хатто дар майдони бахс назархояшонро ба таври ошкор иброз намедоранд, дар холе, ки майдони бахс ешонро ба хукумат ошкор намесозад. Ин пастарин дарачаи буздили мебошад. Харкадар хомуштар бошем хамонкадар нобуд мешавем. Куштори мархум чуз кори хукумат кори каси дигар нест. Дар Точикистон касе намехохад чанг дубора даргирад, аммо рафтори хукумат бо мухолифини пешин эшонро мачбур месозад то дар баробари низоми беинсофонаи хукумат истодагари кунанд. Сабаби Беамни ин хама низоми бехирадонаи хукумат мебошад. Худованд чойи мархумро чаннат гардонад ва гунохонатро авф кунад.

Ном: Muhammad аз: Dushanbe
13.07.2009 01:44
Xudoyo yo nameofaridi odam ...hozir ki ofaridi kamtar kantrolashon kun ki ika khudashon ro nakushand...
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил