Марги Мирзо Зиёев

Мирзо Зиёев, Тавилдара, 14-уми майи соли 1998.
12.07.2009
Аз минтақаи Тавилдара дар бораи сарнавишти Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифин, ҳамоно хабарҳои зиддунақиз мерасад.
Бино ба иттилоьи нозирони умури дохилӣ дар мавзеи Сариҷар, Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифин ва вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дирӯз ҳангоми мусолиҳа бо гурӯҳҳои боқимондаи нерӯҳои мухолифи ҳукумат дар Тавилдара аз ҷониби шахси номаълум кушта шудааст.
Тафсилоти бештари хабар то кунун дастрас нест. Манбаъҳои расмии давлатӣ низ дар бораи ҳодисаи кушта шудани Мирзо Зиёев хабари расмие то ин соат пахш накардаанд.
Аз ноҳияи Тавилдара ҳамчунин хабар расид, ки имрӯз маросими хоксупории Мирзо Зиёев баргузор хоҳад шуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар водии Рашт низ ба хотири пайгириии ин маросим дар роҳ ба сӯи ноҳияи Тавилдара қарор дорад ва дар давоми рӯз ҳар тафсилоти нави бадастомада дар бораи ин ҳодисаро ҳатман нашр хохем кард.
Хабарнигори мо Маҳмуди Шодӣ аз мавзеи Сариҷар иттилоъ дод, ки маросими хоксупории Мирзо Зиёев дар соати 10-и субҳи имрӯз анҷом ёфт. Ҷасади генерал Зиёев дар қабристони деҳаи Хоҷаи Хлоз, ки зодгоҳи волидони Мирзо Зиёев мебошад, ба хок супурда шуд.
Қаблан расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки фармондеҳи пешини мухолифин Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага,
дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара таслим шуда, аз шариконаш низ хостааст, силоҳи худро ба замин гузоранд ва ба давлат таслим шаванд.