Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Ҷавонон

Монеаҳо дар роҳи таҳсили ҷавонон

03.07.2009

Тоҷиддин, як хатмкунандаи мактаб аз Исфара, мегӯяд, як қатор мушкилиҳо сади роҳи идомаи таҳсили вай дар донишгоҳ шудааст.

Тоҷиддин, ки орзуи таҳсил дар бахши таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи Хуҷандро дорад, меафзояд, аз як сӯ гаронии маблағи таҳсил, аз сӯи дигар вуҷуди ришват ба ҳангоми қабул аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо маҳсуб меёбад, ки аксар ҷавонон, ба вижа фарзандони хонаводаҳои фақиру бебизоатро аз таҳсил дур кардааст.

Вай меафзояд, «маблағ барои дохилшавӣ ҳам то рафт зиёд шудааст. Агар солҳои пеш 1000 сомон бошад, ҳозир то 3500 сомонӣ расидааст».

Тоҷиддин мегуяд, дар чунин шароит ба фарзандони мардуми деҳқон ба ҷуз кор дар замин ва ё мардикорӣ дар Русия интихоби дигаре боқӣ намемонад. Ба гуфтаи ӯ, зиёд ҷавонони ҳамсолашро мушоҳида кардааст, ки бо вуҷуди дониши хуб дар роҳи расидан ба курсии донишҷӯӣ ноком шудаанд ва ночор роҳи деҳа ва ё роҳи Русияро пеш гирифтаанд.

Аксар коршиносон поинрафти қурби сомонӣ дар миёни асъори хориҷиро, ки боиси 30 дарсад боло рафтан ва то ба ҳадди 500 доллари амрикоӣ расидани маблағи солонаи таҳсил дар Донишгоҳҳои Хуҷанд шудааст, як монеаи дигар дар роҳи вуруд ба макотиби олӣ медонанд.

Аммо бо ин ҳол Абдували Рашидов, котиби масьули камиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров, дар мавриди нархномаи таҳсили имсола гуфт, «дар соли таҳсили 2009-2010 барои ихтисосҳои омӯзгорӣ маблағи таҳсил барои як сол 1560 сомонӣ, барои гурӯҳҳои шартномавии шуъбаи ғоибона - 1245 сомонӣ мебошад. Аз ҷумла барои факултаҳи ғайриомӯзгорӣ маблағи таҳсил 2225 сомонӣ таин карда шудааст».

Як сокини вилояти Суғд, ки рӯзии худро аз кишоварзӣ ба даст меорад, гуфт, пардохти чунин маблағ барои хонаводаҳое, чун хонаводаи ӯ миёншикан аст. Ӯ бо изҳори таассуф мегӯяд, дар чунин шароит фарзандонаш метавонанд бидуни тахассус бимонанд.

Ба назари аксари мусоҳибони мо, низоми қабул ба макотиби олӣ дар вилояти Суғд ва соири вилоёту шаҳрҳои Тоҷикистон ба гунаест, ки аз ин макотиб берун омадани афроди дар воқеъ мутаххассис ва варзидаро як амри муҳол мекунад. Ба эътиқоди онҳо, асли ин низоми қабул пул аст, на дониш.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: bosmachi
06.07.2009 06:33
Точиддин, як худро санчида бин. Ки медонад он ришвахурони Донишгохи Хучан шояд тарсу харрос пайдо карда бошанд. Агар не, хама кор вобаста ба худат, ба Озодию Фараж номаи кушод навис!

Ном: Саломатшох аз: Душанбе
07.07.2009 17:48

Ба назар чунин мерасад, ки дар айни замон ба донишгоххои Точикистон умуман бе ришва ворид шудан мумкин нест. Хамаи зиннахои вазорати маориф ба коми ифлоси гирифторанд. Вазири маориф, агар хохад, ки боз як муддат вазири кунад, бояд хама чорахоро бинад, ки bakjcb кам шавад ва аз тарики телевизион эълон намояд, ки дохилшавандпгон ва волидайни онхо ба хар шахсе, ки мегуяд брои дохилшави кумак менамоям, бовар накунанд. Аз тарики расонахои хабари 2-3 раками телефонии бовариро ё зидди ришваро эълон намояд. Инчунин эълон намояд, ки дониши тамоми донишчуён пас аз дохил шудани онхо аз нав санчида мешавад ва кассе, ки дониши хуб надорад, аз донишгох ронда мешавад. Агар у хамин тавр накунад, пас худаш низ ба катори ришвахурон ворид мешавад.
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил