Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Минтақаҳо

Квотаи президентӣ нопурра монд

03.07.2009

Квотаи ҷудонамудаи президентӣ барои макотиби Бадахшон нопурра монда, акнун барои ҳафт ҷойи холимонда довталабон дар маркази ҷумҳурӣ талош хоҳанд варзид.

Мирзошариф Шодиев, роҳбари комиссияи қабули довталабон изҳор дошт, ки сатҳи пасти дониши номзадҳое, ки барои дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар аз тариқи квотаи президентӣ дар Бадахшон пешниҳод шуданд, чунин вазъиятро ба вуҷуд овардааст.

Ба гуфтаи сардори комиссия, дар бархе аз навоҳӣ агарчи номзадҳо дубора пешниҳод шуданд, аммо ба далели пайдо карда натавонистани донишҷӯи арзанда ин довталабон рад шуданд. Бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ сахтгиририи комиссияро ба далели табдил додани сӯҳбат, тавре дар низомнома пешбинӣ шудааст, ба имтиҳон барои толибилмон аз маҳалҳои дурдаст ва хонаводаҳои камбизоат амали муғризона арзёби мекунанд.

Ба фикри онҳо, комиссия бояд бо назардошти шароити макотиби маҳалҳои дурдаст, ки тайи солҳои охир ба мушкилоти камбуди мутахассисони фанҳои дақиқ рӯ ба рӯ гардиданд, ба довталабон бархурд дошта бошад.

Сатҳи пасти дониши номзадҳое, ки барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ аз тариқи квотаи президентӣ дар Бадахшон пешниҳод шуданд, чунин вазъиятро ба вуҷуд овардааст ...
Аммо ба гуфтаи сардори идораи маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев, мушкилоти квота бинобар адами ҳамоҳангӣ байни мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои маориф дар маҳалҳо буруз кардааст. Вай гуфт, ки ҳаққи муайян намудани номзадҳо барои квотаи президентӣ саллоҳияти мақомоти маҳалӣ мебошад, аммо тавре ба назар мерасад, мақомоти маҳаллӣ аз ин имконият самаранок истифода накардаанд.

Ба қавли раиси комиссия, меъёри ҳадди ақали пешниҳоди номзадҳо ва ҳануз ҳам дар мавриди квота роҳ додан ба сӯйистифода аз ваколат ба фоидаи хешовандону наздикон аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ сабаби аз доираи ширкат берун мондани афроди соҳибистеъдод шудааст.

Ақлимо Шоалифова, як сокини шаҳри Хоруғ, изҳор дошт, ки акнун довталабон ва волидайн маҷбур ҳастанд, ки барои дарёфти квотаи боқимонда ба Душанбе сафар кунанд. Ба гуфтаи вай, истеъдодҳои хуб дар маҳалҳо ҳастанд, вале азбаски ашхоси масъул ба кофтану ёфтанашон манфиатдор нестанд, ҳамасола дар мавриди интихоби довталабон тариқи квотаи президентӣ мушкилот ва норизоиятҳо арзи вуҷуд мекунанд.

Вай баён дошт, ки дар як озмуни қаблӣ берун аз доираи квотаи президентӣ байни 14 довталаб ба як ҷой дар Донишкадаи муносибатҳои байналмиллалии Маскав (МГИМО) хатмкунандаи мактаби маҳалли дурдасти ноҳияи Ишкошим ғолиб дониста шуд ва ин баёнгари мавҷудияти истеъдодҳо дар маҳалҳо мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳар ноҳия зиёда аз 40 мактаб фаъолият дорад ва хонандагони лаёқатманро дар байнашон ҳамеша дарёфтан мумкин аст.

Аммо устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ҷонмуҳаммад Пиров мегӯяд, ки вай шоҳиди ба тадриҷ коҳиш ёфтани сатҳи дониш дар макотиби вилоят будааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар мавриди интихоби яке аз аз се довталаб аз манотиқи дурдаст тариқи квотаи президентӣ аъзои комиссия бинобар тангии фурсат маҷбур шуданд, шахсеро интихоб кунанд, ки аз рақибонаш андаке фарқ доштааст.

Вай гуфт, аз посух ба суолҳои «Ҷазира аз нимҷазира чӣ фарқ дорад?» ду нафар оҷиз монда, нафари саввуме, ки гуфтааст «Ҷазира аз нимҷазира фарқи калон дорад», қабул гардид. Ба гуфтаи як манбаъ, ки комиссиюнро ҳамроҳӣ мекардааст, як довталаб дар ноҳияи Ванҷ ба суоли «Ҷанги Бузурги Ватанӣ кай ва бо ташаббуси кӣ сар шудааст?», посух додааст, ки «Соли 1992 бо сардории президент».

Дар ҳамин ҳол, ба фикри коршиносон, аз дасти мақомоти маҳаллӣ кашида гирифтан ва ба салоҳияти идораҳои маориф дар минтақаҳо додани ихтиёрдории квотаи президетӣ бесарусомонӣ ва сӯйистифода аз квотаро камтар хоҳад кард.

Тибқи квотаи президентӣ, имсол 127 нафар довталаб ба таҳсил дар риштаҳои гуногуни макотиби олии кишвар фаро гирифта мешаванд.
Имсол барои нахустин бор комиссия барои сабукӣ овардан ба довталабон аз хонаводаҳои камбизоат ба навоҳӣ сафар кардааст, вале акнун иддае аз довталабон ва волоидайнашон маҷбуранд барои баргузории сӯҳбат дар маркази ҷумҳурӣ ҷомадонҳоро омода созанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: diyor аз: garibi
03.07.2009 22:38
in hast kasali va langidani siyosati davlat doir ba maorif. tabaqai myonaivu boloi davlatdoron kushishi samimona nadorand to farzandoni millat, ki dar gushayi durdasti kishvar tarbiya yoftaand, sharoit ba davom dodani ilmomuzi doshat boshand. in maqola tasdiki in sokhan meboshad.

sathi pasti donishi nasli umruza az beahmiyativu beparvo budani davlatdori umruza az taqdiri millat bong mezanad. ba joi past zanadi nasli navraz - onho boyad az tashkilothoi baynalkhalqi ki dar kishvar solhoi daroz bahri rushdi mardum fayoliyat dorand ilm biomuzand, payravi kunand. aholii badakhshon va nasli hoziravu oyandai on asosu malakai buzurgi ilmomuzi dorand. In be guftu guzor dar solhoi hoziravu oyanda boz ham ayontar megardad...inshoolloh.

Ном: Nomdor аз: Dushanbe
05.07.2009 06:08
Chi shud ba Badakhshoni ovozador ki farzandonashon dar makotibhoi berun az kishvaramon mekhonand. Charo bar namegardandu gami farzandonashonro khurand. Az jumhuri mo umedi digare ham nadorem. Ba gair az rishvakhori digar kasbi digar nadorand. Badakhshoniyon iltimos shumo ba gair az sangu donish digar chize nadored. Imruz chun sangi shumoro kharidore nest kushish kuned to talim va taribiyai dar makotibhoi shumo sust nashavad zero noni shumo az pushti on ast. Khair Khudo guvoh!

Ном: Muyassar аз: Khorog
06.07.2009 13:28
Ин макола хуб буд, баъзе гапхо ва далелхо овардаги дуруст астанд. Лекин дар ин чо, шояд баъди тафтишотхо, айбдорсозии тарафхо дида мешавад. Комиисия муаллимону хонандагонро, муаллимон комиссия ва дигарон ва дигар.
Лекин рости гап ин аст: Квотае, ки президенд ба афроди махсус раво дидаст ин маънои онро надорад, ки шахсони сохибмансаб ва хокимиятдор ки кудрати бевосита азони хешони худ кардани ин квотаро доранд аз он суи истифода кунанд.
Далелхое ки дар ин чо овардастанд "Фарки чазираю нимчазира", "Чанги Бузрги Ватани..." ин на инки маънии кохиш ёфтани сатхи дониши дар макотиб балки дониши талабагоне ки ба ин квота "тела" карда шудастанд нишон медихад. Аз руи ин мо наметавонем хамаи макотибхо бо хонандахояш бахогузори кунем.
Бисьёртар нафарони бепарастор ва камбизоат ба квотаи президенти пешниход мешаванд, лекин дониши онхо, майлу хохиши онхо ба дониш хеч ба назар гирифта намешавад. Лекин хонандагоне ки майлу хохиш доранд, дониш доранд, афсус ягон амак ё таго, бародар ё хохари сахибмансаб надоранд бечорахо рохи Россияро пеш мегиранд.


     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил