Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 19:55

Сиёсат

Як соли фаъолияти порлумон чӣ гуна буд?

Натиҷаҳои як соли кори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбати мизи гирди радиои Озодӣ баррасӣ шуд.

Ҳаҷми матн - +
Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласаи ахири порлумон қабл аз рафтан ба таътили тобистона зимни ироаи як гузориши муфасcал кори Маҷлисро дар ин давра муваффақ ва босамар номид.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки порлумон дар доира ва паёми раисиҷумҳур ба Маҷлиси олӣ ба таҳия ва тасвиби қонунҳое машғул шуд, ки барои зиндагӣ ва пешбурди ҷомеа муҳим дониста мешавад. Аммо назари мардум ва арзёбии маҳофили мухталиф дар кишвар ба фаъолияти як соли ахири порлумон он қадар мусбат нест ва аз гузориши раиси Маҷлис фарқ мекунад.

Ҷумъабой Сангинов, раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Дар робита ба фаъолияти як соли ахири Маҷлиси намояндагон Ҷумъабой Сангинов, вакили Маҷлис ва раиси фраксиюни Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, мегӯяд, «дар изҳори ақида ҳар се ҳизбе, ки дар порлумон ҳаст, ягон маҳдудият эҳсос намекунад. На маҳдудияти дастурӣ на маҳдудияти воқеӣ. Наздики фикру ақоиди ҲНИТ ва ҲКТ, фикр мекунам, ки дар бисёр маворид афкори мухталиф дар дохили фраксияи ҲХДТ ҳам ба назар мерасад».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлис намояндагон, гуфт, «қонунҳое, ки ахиран дар соли гузашта қабул шуд, дар баробари чанд қонуне мусбат ба воқеияти Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданд. Ва сару садоҳоеро ҳам ба вуҷуд овард. Фикр мекунам, бори аввал ҳам порлумон ва ҳам ҳокимияти иҷроия дарк карданд, ки дар оянда наметвонанд кӯр-кӯрона ва сарсарӣ ҳар чизе, ки дар зеҳни як гурӯҳи мансабдорон ё доираҳои манфиатдор биояд, онро амалӣ кард. Чун мардум оҳиста-оҳиста ҳаққи худро шинохта истодаанд ва садо баланд мекунанд.»

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, иброз кард, ки «ду сол пеш пайкараҳои В. И. Ленин - асосгузори давлати шӯравиро аз шаҳри Душанбе пурра бардоштанд. Ягон ҳайкали Ленин нест. Душанбе танҳо шаҳр дар Осиёи Марказист, ки ҳайкалҳои Ленин пурра бардошта шуданд. Шаш бор ба президент ва ба ҳукумат муроҷиат кардем, ҷавоб сифр. Зиёда аз 30 миллион долларро барои ин боғ (манзур боғи устод Рӯдакӣ ) гирифтанд, вале 1000 доллар наёфтанд, ки ҳайкалро ба ҷойи дигар интиқол диҳанд».

Қосими Бемуҳаммад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, «мутаассифона, мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳанӯз манофеи иҷтимоӣ табақабандӣ ва сохторбандӣ нашудааст. Ақшори мухталифи ҷомеа ба амалкарди ҳам давлат ва ҳам шохаи иҷроӣ ва ҳам шохаи қонунгузори кишвар чандон таваҷҷӯҳ надоранд».

Барои шунидани сӯҳбати мизи гирд ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: акрам аз: кулоб
05.07.2009 10:28
салом бар озодагони озоди
порлумон дар соли гузашта чанд конун баровард ки ман ба чандтои онхо ишора мекунам
1-танзими расму оин. барои мардум чи фоида овардааст?
маросимхои пурхарчи давлати аз ин конун озоданд?
факат мардум бояд ба он амал кунанд?
ин конун хеле бахс мехохад аммо чунки президент гуфтаст хама куркурона ба он часпидаанд ва хатто чуръати ислохашро надоранд
2- конуни озодии вичдон ва иттиходияхои дини. ин конун барои мардум чи фоида дорад? оё он амали мешавад? барои хукумат чи фоидае доштааст? факат бояд эмомхатибонро хукумат интихоб кунад. чи фоида дорад?
мардум хама бо ин конун ба хукумат бадбин шудаандва онро як хукумати зидди дини мешуморанд.
3- конуни пулаки кардани роххо. ин ба мардум чи фоида овардааст?
хама медонанд ки пули рох на ба фонди давлат балки ба кисаи чуволмонанди баъзе мансабдорон мераваду халос.
4-балан бардоштани налог ва патен. мардуме ки худ нони хурдан надоранд чигуна чунин налоги камаршикан ва пуули баркро мепардозанд? онхо мачбур мешаванд ки роххои фиребро чустучу кунанд. яъне ин конунхо мардумро мачбур мекунанд ки конуншикан ва дузд шаванд.
хулоса агар дуруст нигох кунем мебинем ки мо дар асри 12 бо конунхои асри 21 зиндаги карда истодаем. холо худатон казоват кунед

Ном: ali аз: vakhsh
10.07.2009 16:44
salom ba hamai barodaroni aziz!
in parlumoni mo tai solhoi akhir chandto qonunro tasvib kardaast ki ba nafi mardum nabuda balki ba zarari mardum buda ast.
bo in hama qonunho hizbi nahzati islomi ki 2 kursi beshtar nadosht onro ham az dastashon giriftaand .barodaron oe in demokratiya ast.chand sol ast Uzbekiston zaminhoi moro megirad va mo sukut karda nishastaem imruz fardo ba DUSHANBE nazdik meshavad .Oe az in ham masalai muhimtar dar jomea hast.Boyad majlis qonune tasvib kunad ki az in habarhoi nohushoyad peshgiri kunad.
vassalom!