Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Варзиш

Ҳавзи ҷумҳуриявӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад

02.07.2009

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи вазъи кунунии Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварии шаҳри Душанбе нақл мекунем.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Алиаҳмад Мӯсоев, раиси корхонаи воҳиди давлатии «Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ» ва Ҳақназар Бедимоғов, мураббии варзидаи шиноварӣ.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ, ки аз соли 1971 фаъолият мекунад, дар айни ҳол ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Ҳавз ба иллати он ки аз оби гарм маҳрум аст, танҳо дар фасли тобистон кор мекунад. Ин иншооти варзишӣ, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ» ном дошт, ахиран бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мактаби махсуси намудҳои варзиши обӣ табдил дода шуд.

JavaScript-и шумо сокит аст ё Adobe's Flash Player-и шумо кӯҳна мебошад. Навтарин Flash player-ро аз ин ҷо бигиред.



Дар ин барнома, инчунин, шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мекунем:

Универсиадаи 25-уми ҷаҳонии тобистона, ки якуми июл дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, то рӯзи 12-уми июл идома хоҳад кард. Беш аз 6 ҳазор варзишгари донишҷӯи 143 кишвари ҷаҳон дар 14 ришта рақобат мекунанд.

Собиқ қаҳрамони ҷаҳон Веселин Топалов, шатранҷбози Булғористон, дар рейтинг ё феҳристи беҳтарин бозигарони ҷаҳон бо касби 2813 имтиёз ба ҷои аввал баромад. Вишванатан Ананд, шатранҷбози Ҳиндустон, ки дар ҷои дуюм қарор гирифтааст, нисбат ба Топалов 25 имтиёз камтар ба даст овардааст. Беҳтарин шатранҷбози тоҷик, гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов бошад, бо касби 2641 имтиёз дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 103-юм ва дар қораи Осиё дар ҷои 10-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби футболи Бразилия барандаи Ҷоми Конфедератсияҳо гардид. Бразилиҳо дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуданд. Бо ҳамин ҳисоб дастаи мунтахаби Испания, ки дар замони изофӣ тими миллии Африқои Ҷанубиро шикаст дод, ҷои сеюмро касб кард. Кака, узви дастаи мунтахаби Бразилия, беҳтарин бозигари Ҷоми Конфедератсияҳо эълон шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Олмон қаҳрамони Аврупо оид ба футбол гардид. Футболбозони ҷавони олмонӣ дар бозии ниҳоӣ бар рақибони инглиси худ бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуданд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Rafiq
09.07.2009 11:11
Dar in havz faqat bachaho obbozi karda istodaand, dukhtarakhoi bechora az hamin ham mahrumand. Nazrulloi Latif shumo az Aliahmad Musoev va Haqnazar Bedimoghov napursided ki oyo dukhtarho ham dar hamin havz talimi obozi megirand yo na?
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил