Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 19:24

Ҷавонон

Майли пинҳони ҷавонон ба равияи салафия

Умар ҷавони 24-сола яке аз пайравони равияи тозапайдои мазҳабиест, ки худро "салафиёни солеҳ" меноманд.

Ҳаҷми матн - +
Умар мегӯяд, пайравии ҷавонони тоҷик ба ин равия ягон хатар надорад ва дуруст нест, ки иддае аз домуллоҳои, ба гуфтаи ӯ, камсавод салафияро ҷараёни тундгаро ва мухолифи равияи Имоми аъзам ба қалам додаву, аз салафиҳо дар чашми мардум ва ҷомиа душман метарошанд.
Нишонаи охириншон бар зидди мардуми мусулмон, ки пайрави ақидаи Имоми Аъзам ҳастанд, ҷиҳод эълон кардан аст. Ва ин мақсадҳои онҳоро раиси ҷумҳур ҳам дарк карда соли Имоми Аъзам эълон карданд...

Ин пайрави салафия таъқибу боздоштҳои ахири ҳамандешонашро низ кори гурӯҳҳои динии наздик ба ҳукумат медонад, ки тавонистанд бо ин душмантарошиҳо қарори манъи равияи салафия дар кишварро ба даст биёранд.

Вай мегӯяд: «Мақсади мо расонидани асли «Қуръон»-ро аз ҳадисҳои пайомбар ва саҳобагони солеҳ аст, мисли дигар ҳадафҳои сиёсӣ надоштем, вазифаи мо расонидани фармудаҳои Худованд аст. Тавре Расули Худо гуфта буд, аз мо расондан буд, вале чи тавре онҳо кабул карданд, инаш тасмими онҳост.»

Ба гуфтаи пайравони салафия, онҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва аз идомаи фаъолиятҳои худ даст бардоштаанд, вале мегӯянд, шумори мухлисони ҷараён, ба гуфтаи онҳо, коҳиш наёфта, балки баръакс дар ҳоли афзоиш будааст.

Дар ҳафтаи гузашта дар масҷиди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе даҳҳо нафар, бо шумули имоми ин масҷид домулло Сироҷиддин, бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни салафия боздошт шуданд. Мусоҳиби мо Умар боздоштшудагонро бародарони салафии худ меномад ва мегӯяд, алайҳи 6 тан аз боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Салафия дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тайи чанд соли охир зоҳир шуд ва ба зудӣ густариш пайдо кард. Аммо дар моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро расман манъ кард.

Дар назари аввал пайравони ин ҳаракат аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирие, чун баланд гуфтани намоз ва кушодтар мондани пойҳо ба ҳангоми адои намоз фарқ мекунанд, вале рӯҳониёни расмӣ мегӯянд, дар асл фарқҳо хеле амиқтар ва хатарноктар аз ончист, ки дар нигоҳи аввал менамояд.

Мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, Қобилҷон Боев мегӯяд, ки агар салафиҳо хатар намедоштанд, фаъолияти онҳо манъ намешуд. Ба гуфти оқои Боев, раҳбарони ин равия бештар ҷавононро ба сафи худ мекашанд, чунки насли ҷавон, ба бовари ӯ, дар ин синнусол дар ақидаи динии хеш ҳанӯз чандон устувор нест ва зуд кашида мешаванд.

«Бисёртар ҷавонҳоро ба худ ҷалб мекунанд ба хотири он, ки ҷавонон аз мақсадҳои онҳо бехабаранд ва гумон мекунанд, ки равияи хуб аст.Онҳо худро равияи салафи солех мегӯянд, лекин дуруг мегӯянд, онхо мехоҳанд ваҳдати динии ҷомеаро халалдор кунанд. Мақсадҳои охирашон эълон кардани ҷиҳод ҳаст. Нишонаи охириншон бар зидди мардуми мусулмон, ки пайрави ақидаи Имоми Аъзам ҳастанд, ҷиҳод эълон кардан аст. Ва ин мақсадҳои онҳоро раиси ҷумҳур ҳам дарк карда соли Имоми Аъзам эълон карданд»


Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, пайравии ҷавонони тоҷик ба салафияро барои амнияти кишвар хатарнок мехонад.

Аммо чӣ чиз ҳаст, ки ҷавононро ба сӯи ҳаракатҳое назири Салафия ва ҷамоати Таблиғ ё Даъват ҷалб мекунад?

Албатта, ҷавонон табъан навхоҳу навҷӯянд ва табиист, ки бештар аз ҳар қишри дигари ҷомиа ба ҳаракатҳои тоза майл пайдо мекунанд.
Аммо таҳлилгари ҷавон Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки сабаби аслии ҳузури падидаи салафия дар Тоҷикистон фазои холии динии кишвар буда, ҳамчунин амали нагардидани хостаҳои худи ҷавонон бо роҳу усули суннатӣ мебошад. Зеро мегӯяд, Шамсиддин Ҷалолов аз як тараф ноадолатии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва аз тарафи дигар зафъии рӯҳониёни расмӣ боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайрианъанавии динӣ мешавад.

«Албата вақте рӯҳониён талаботи онҳоро ҷавоб гардонида наметавонад, ҷавонон фикр мекунанд, ки ин равия хубаст. Ва вақте онҳоро ноадолатиҳои иҷтимоӣ хаста мегардонад, онҳо пайи гурӯҳе мераванд, ки ба дарди онҳо мехӯрад. Ва онҳо дар ҳамон ҳалқаҳо адолатро мебинанд. Вале бехабар аз нақшаҳои хориҷие ки дар зеҳни онҳо таҳмил мегарданд».

Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ноогоҳӣ низ ҳаст, ки ҷавононро ба сӯи гурӯҳҳои ғайрианъанавии мазҳабӣ, аз ҷумла ба домани салафиҳо тела медиҳад.

Ба эътиқоди ӯ, чунин гароишҳои пӯшида падидаест, ки бояд ҳатман дар сатҳи марказҳои илмӣ таҳқиқ шавад, вагарна нобоварии ҷавонон ба мақомоти давлатӣ ва равияҳои суннатӣ метавонад боз ҳам авҷи бештар бигирад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Az Dushanbe
29.06.2009 23:32
Ман худам чанд сол дар мамлакатхои Араб кор мекардам лекин чи хеле ки намоз аз сини 7 солаги то хозирхам хаминхел намоз мехонам, намозхониамро дагар накардам ва дар он мамлакатхои арабхам ягонкасе нагуфт ки ту нодуруст намоз мехони.
Лекин аз вакте ки салафихои точик пайдо шуданд харруз бахс пайдо мешуд ки шумо нодуруст намоз мехонед итд. ва хатогии калони салафихо он бкд ки онхо дигар мазхабхоро инкор мекарданд ва мегуфтанд ки хамаи намози шумо хато аст.

Ном: mavlavi muhiddin аз: DUSHANBE
30.06.2009 06:34
salomualaykum ba hama duston va barodaron
man faqad haminro guftaniyam ki
" inno lillohi va inno ilayhi rojiun" mo az khudo hastem va basuyi u boz xohem gasht. boqi hama hej- dunyo hama hej- savolu gavobi mo dar peshgohi on xudovandest ki mova shumoro ofaridaast va tarzi hayotu zindagiro bo tavassuti rasuli giromiyash bo kitobi osmonii mubinash rasonidaast va mo onro qabul namudem va musalmon shudem boqi itoat az on rasul va kitobi u ki suxanoni bevositayi xudo ba most boyad itoat namoem duston xud qazovat kuned .
"agar hamai dunyo gam shavad i bamo zarar birasonannd xudo naxohad heg zarare bamo nametavonand rasond- va agar hama dunyo gam shavand ki ba mo foidae rasonand agar xudo naxohad foidae nametavonand rasond agar xudo naxohad qalamho bardoshta shudaast va sahifaho xushk memonand" in hadisi zeboi rasuli akram daleli xubest baroi movu shumo barodaroni musalmoni tojik ustuvor boshed xudovand bo sabr kunandagonast

Ном: Назармаад аз: Душанбе
30.06.2009 09:22
Ман хам салафи хастам ягон нияти бад надорем дар холе ки нахзатихо шиа шуда рафта истоаанд оё ин ба мазхаби ханафи бади надорад. Мо пайрави ахли сахоба хастем. МАгар дуруст аст ки эшони Нуриддин то почомаи духтархо ва синабанди онхоро дар масчид ёд мекунад.Мо ба ягон хохари дунёви ва бародари демократ харфе намегуем муътадил хастем. Гурухи шиахо ва мулохои чаласавод ба хукуматихо пули калон дода моро гунахкор бароварданд Иншоллох мол назди Худо мувафакем

Ном: Ахли суннат аз: ислом
30.06.2009 10:30
Бо арзи салом ба якояки бародарону хохарон!
Хеле чои таассуф аст,ки бародарони хамхуну болотар аз хама хамдини мо салафихо ва таблигихо имрузхо мавриди хамла карор гирифтааанд. Таассуфовар онаст, ки олимону донишмандон низ ба хар роху усуле ин амалро дастгири карданд. Ман намефахмам чаро мо гуногунандеширо дар дохили динамон кабул надорем. Холо он, ки ин хама гуногунандеши дар асоси Куръону суннат аст. Банда аслан салафи нестам аммо дилам барои хар як мусалмон новобаста аз пайрави ба кадом мазхабхои исломи месузад. Магар Куръон нагуфтааст: Хар оина муъминон бародари якдигаранд. Ман мефахмам, ки аз ин бародарон як каме саросемаги ва хатохо руй дод. Охир ки бехато аст. Гузашта аз ин хатохоро уламои мухтарами мо бо рохи гуфтугу бо эшон метонистанд хал кунанд, на ин, ки ба тарафи онхо санг бипартоянд. Хеле мехостам аз онхое,ки акидаи исломии комил доранд барои мо аз Куръону хадис далел оваранд, ки кадом кирдори салафихо мухолифи ислом аст. Бародарон мо ханафихо ба салафихо дар баъзе масъалахои чузъи ихтилоф дорем, ки сазовори сангзани ва маломати якдигарро надорад. Гузашта аз ин ман хам замоне гумон мекардам, ки инхо вокеан аз аслу реша мухолифи мазхаб хастанд. Бовар кунед бародарон баъде худам як микдор хонда тахлил кардам тамоман ин фикр хато аст.Охир асосгузори мазхаби салафи Ибни Таймия як китоб дорад зери унвони "Бардоштани маломат аз имомони бузургвор" ки дар он тамоман аз имомони чахоргона хусусан аз имоми Аъзам ба унвони бузургтарин имомони ахли суннат ёд кардааст. Мухаммад ибни Абдулваххоб бошад дар аввали китоби худ чунин гуфтааст:Ман муддаии мазхаби нав нестам балки пайрави мазхаби Ханбали хастам.
Бародарон дуруст аст, ки акидаи салафи таассуби мазхабиро радд мекунад. Аммо гуфтани ин,ки ин равия тамоман мазхабро радд мекунад хато аст ва як зулмест дар болои ин равия.
Дар хакикат душманони ислом байни мо тафрика ва чудои меандозанд. Чои таассуф онаст, ки мо куркурона аз паси накшахои кашидаи онхо меравем. Дуруст аст, ки он чавононе, ки дар кишвари мо пайравони ин равия буданд, каме ба шитобзадаги рох доданд. Аммо ин маънои онро надорад, ки равияи салафия тамоман бар уммати исломи хатар дорад. Имруз гахвораи Ислом кишвари Арабистони Сауди пайравони хамин акида ва равия хастанд. Мо дар хачч ва умра аз пушти хамин салафихо намоз мехонем.
Боз як бори дигар такрор мекунам хеле чои тааассуф аст, ки бе тахкику барраси мо чунин андеша дар атрофи ин равия мекунем.
Имруз уммати ислом эхтиёч ба вахдат ва якпорчаги дорад. На ин, ки байни якдигар сангар бигирем. Инро ман гояти хамокат мешуморам.ШОяд гуфта шавад, ки салафихо буданд, ки даст ба тафрика заданд. Ман чавоб медихам охир инро мешуд бо рохи гуфтушунид байни олимону донишмандони исломии кишвар бо пайравони ин равия хал кард. Карзови дар ин замина як сухани хуб дорад, ки дар хотимаи сухбатам бо сухани ин олими фарзонаи ислом хотима медихам. Адоват ва душмани тухме чуз адоват ва душмани ба бор нахохад овард. Бинобар ин рохи хал, ки мутаассифона дер шудааст дар гуфтугуи мустаким байни тарафдорони ин равия ва олимони суннатии кишвар буд.
Дар охир аз якояки шумо агар сухани ночо гуфта бошам узр мехохам. Худованд вахдат ва хамбастагии мо мусалмононро зиёд гардонад ОМин

Ном: Abdullo аз: Kulob
30.06.2009 11:01
Asalomu alaykum va rahmatulohi va barakatuhu badan banda mekhoham haminro qayd kunam, ki in hamash yak fitna hast ki dar bayni musalmonon andokhta istodaand inash salafi digarash hanafi digaru digar okhir hamin salafiho dar kujoe yak duzd yo yak ziyonkor budand imruz boshad hamash bachahoi khub shudandu inqadar ba islom mehru muhabat dorand va az hama muhimash in ki az hadisu oyat berun nestand amalashon man ham ba eshon ki musalmonand muvafaqiyat khhoham.

Ном: Мусалмон аз: Точикистон
30.06.2009 12:53
Бародарони азиз!
Боз даъват ба мазхаби ханбалия, Ибни Таймия, Абдулвахоб ва саудиён? Навакак истиклолият ба даст оварда (ё хануз ба кулли наоварда!) боз мамлакатро ба дигарон, саудиёни хоричи супоридани хастед? Пас истиклоли фикри, ки Абу Ханифа аз он дифо мекард, кучо мешавад, истилолияти милли имрузаи мо чи? Фаромуш накунед, ки Ислом факат моли падари арабхо, аз чумла саудихо нест. Дар бунёду иктидори он мардуми эронитабор, аз чумла хуросонихо хам хизмати шоистатаре кардаанд. Аз афташ на хама аз чанги шахрванди Точикистон дарси дуруст бардоштаанд...Сад афсус...
Чои таассуф аст, ки шояд магзи миллат андаке фарсуда шудааст, ки боз мехохад то "...дехконаш ба дигарон кишт кунад". Икболи Лохури дуруст мегуяд,ки "Худо ба чунин миллат коре надорад!..."

Ном: Samak аз: Farkhor
30.06.2009 14:18
Agar Umar kamtar boakl mebud ru meovadr ba kitobho va mekhond, ki salafu salafiho kistand va az kujo resha megirand. Pesh as on, ki safafihoro musichai begunoh meshumored dar borai Ibn Taymiya va Ibn Vahhob bikhoned! Neo-Salafiya (ya'ne salafiyai imruza)harakati siddi kolonialistii arabhost va asosashro fundamentalism tashkil medihad va dakhle ba millati tojik nadorad. Salafiho, vahhobiho, tolibon va al qoida hama as yak gil sokhta shudaand.

Ном: сироj аз: душанбе
01.07.2009 10:26
Эшони Нуриддинчонда нарас вай шумоборин бесаводода содда кадра мефахмона дар хар як амри маъруф Эшон мачбурай у чойхои занора гап зана то одамо бфахман маънои гапоша неки афсус одамони мисли шумо ба дига маъно мефахман

Ном: Юзарсиф аз: Истаравшан
01.07.2009 12:25
Салафих бе шубха ба амнияти кишвар тахдиди бузург махсуб мешавад, чун акидаи онон тафрикагаро аст, масалан, ахли ханафимазбхоро суфи" ва хатто кофир мехонанд. махсусан ба шиаен ва исмоилихо душмании зиед доранд, ва куштани щнхоро вочиб медонанд. Дар холе ки аксари мардуми Бадахшони Точикистон исмоилимазхаб хастанд. агар ин равия пешгири нашавад, ба мунокишаи байни манотик ва пайи ин боиси аз байн рафтани вахдати милли мегардад.

Ном: zuhuridin аз: misr
01.07.2009 20:02
BA SAMAK AZ FARKHOR............
avvalan ( new salafiya) navishta meshavad.
dyuym shumo kadom kitobhoi ibni taymiya e abdulvahhobro khondaed?
boyad shumo khudi kitobhoro khonda
khulosa barored.
vagarna sukut avlotar.......
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Писандидаҳо