Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

"Юсуфони гумгашта"-и ҷанги Тоҷикистон

Ин зан яке аз даҳҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон буд, ки пас аз имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргаштанд

26.06.2009

“Аз хешу табори наздики мо чанд кас гум шудааст. Як амакам ва писари амакам вақти аз дарёи Панҷ гузаштан ҳамон солҳои ҷанг бедарак шуданд. То ҳол маълум нест, ки куҷо шуданд онҳо”.

Тӯрамоҳ Шодиева, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, яке аз ҳазорон нафар аз мардуми Тоҷикистон аст, ки пайвандони худро дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз даст дода, дигар нишоне аз он пайвандон пайдо накардаанд.

Вале бо ин вуҷуд Тӯрамоҳ ва ҳазорон нафари дигар то ҳол умедворанд, ки рӯзе азизони гумшудаи онҳо дубора зиндаву саломат пайдо хоҳанд шуд.

Тӯрамоҳ мегӯяд, “аз ҳамин қишлоқи мо чанд оилаҳо ҳастанд, ки ҳатто намедонанд, ки гӯри фарзандонашон дар куҷост. Бедарак шудаанд. Баъзеҳо ҳоло ҳам роҳи онҳоро интизоранд ва оши худоияшонро ҳам надодаанд, чунки баъзе овозаҳо омад, ки гӯё зинда бошанд. Лекин агар зинда мешуданд, дар ин солҳо пайдо мешуданд. Барои ҳамин ҳам 5-6 сол диданд, ки аз онҳо дарак нест, соҳибонашон омада зану фарзанди гумшудаҳоро бурданд. Лекин модарҳое ҳастанд, ки бовар доранд, ки писаронашон шояд пайдо шаванд”.

Манобеи расмиву ғайрирасмӣ ҷамъи қурбониёни ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992 то 1997 дар Тоҷикистонро аз 60 то 150 ҳазор нафар тахмин мезананд. Аммо то ҳол омори дақиқе дар бораи теъдоди қурбониёни он давра вуҷуд надорад ва касе ҳам ба фикри таҳияи феҳрасти кушташудагони ҷанги Тоҷикистон наафтодааст.

Дар солҳои аввали ҷанг бо мусоидати созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Ҳюман Райтс Вотч, талошҳое дар ин замина оғоз шуда буд, вале ҳамагӣ нотамом монд.

Бо ин ҳол, ба эътирофи худи мақомоти Тоҷикистон, то кунун ҳазорон нафар аз шаҳрвандони дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ғайбзадаи ин кишвар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд.

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳазорон хонаводае ҳаст, ки умедашонро ба баргаштани гумшудагони худ аз даст надодаанд ва то ҳол чашм ба роҳи Юсуфҳои гумгаштаи худанд.

Мусибати сахти ин мардум тайи чандин соли ҷанг ва баъд аз ҷанг бозори бархе аз қаллобонро низ гарм карда буд, ки бо овардани хабари бардурӯғ дар бораи зинда будани гумгаштагон ва ё бо ваъдаи мусоидат барои бозгардони онҳо, аз пайвандони чашм бароҳи онҳо ба ҳайси шодиёна пулҳои ҳангуфт мерӯёнданд.

Лаҳзае аз даврони ҷанг. Акс аз бойгонӣ
Муҳиддин Идизода, рӯзноманигори тоҷик, ки чанд муддат ба таҳқиқ ва омода кардани рӯйхати афроди бенишони ҷанги  Тоҷикистон машғул буд, мегӯяд, худи ӯ низ дар он солҳои мудҳиш се бародарашро гум кардааст ва то кунун нишонеро аз онҳо надорад. Идизода гуфт, тибқи маълумоте, ки ӯ дар даст дорад, танҳо дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон шумори ғайбзадагон, аз 1000 нафар бештар аст.

Вай афзуд, “ман худам аз ҳамон нафаронам, ки ин заҳру ин ғамро чашидаам. Се бародари азизамро силоҳдорон бурданд ва то ҳол аз онҳо нишон нест. Фарзандони онҳо роҳи падаронашонро то ҳанӯз интизорӣ мекашанд. Теъдоди чунин гумшудаҳои ҷанг дар танҳо як ноҳияи Шаҳритус аз 1000 нафар зиёд аст. Ҳукумат на ҳамаро ба рӯйхати худ ворид кардааст. Як чизи дигарро ҳам мехоҳам баён кунам, ки ҳамон нафароне, ки бародарони ман ва чандин нафаронро бурданду куштанд, ҳоло дар мансабҳои баланду сердаромад кор карда истодаанд ва касе аз онҳо талаб намекунад, ки ҷавоби он ҷиноятҳояшонро диҳанд”.

Идизода бо таассуф илова кард, ки то ҷое ӯ иттиллоъ дорад, мақомоти расмӣ ба рӯйхати афроди бенишоншуда ва ё қурбониёни ҷанг танҳо онҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат буданд, ворид мекунанд ва нафароне, ки ҷонибдори мухолифон будаанд аз ин рӯйхатҳо канор мондаанд.

Дар шумори гумшудаҳои ҷанги Тоҷикистон теъдоди шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла аҳли фарҳанг низ кам нест, ки аз сари кор ва ё манзили зисташон иҷборан бурда шудаву то ҳол хабаре аз онҳо нест.

Гулрухсор, шоири шинохта бо ёдоварӣ аз сарнавишти фоҷеабори ҳамкори собиқаш, журналист Саидмуроди Ёриён - котиби масъули маҷаллаи “Фарҳанг”, гуфт, як далели чунин нодидагириҳо ва бепарвоиҳои мақомот нисбат ба сарнавишти ин нафарон, бетарафиву бепарвоии ҷомеа, хусусан фарҳангиён низ ҳаст.

Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Афғонистон, 25-уми майи соли 1997  
Вай афзуд, “имрӯз фарзандони Саидмурод ҳатто гӯри падарашонро намедонанд, ки дар куҷост, то сари гӯраш дастаи гул гузоранд ё ашки ятимӣ резанд. Ва мо ҳама, фарҳангиён, мақомдорон ва ҳуқудонон, ҳама қарздорем, ки ором набошем, дар фикри онҳо бошем ва барои ному нишони онҳо коре кунем”.

Бо гузашти 12 сол аз имзои созишномаи сулҳ ва қатъи даргириҳои хунин дар Тоҷикистон акнун, ки оташи хусуматҳо ҳадди ақал дар сатҳи мардуми оддӣ хеле фурӯ нишастааст, дар маҳофили Тоҷикистон ҳарчӣ бештар аз зарурати таҳияи як феҳрасти умумӣ ва комили қурбониёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 сӯҳбат мекунанд.

Феҳрасте, ки қурбониёни ҳарду тарафи ҷанг, чӣ кушташудагон ва чӣ беномунишоншудагонро сарфи назар аз мансубияти маҳалливу қавмӣ ва сиёсии онон дар бар бигирад.

Ва билохира ба ин суол, ки ҷанги бародаркуши солҳои 1992 то 1997 дар Тоҷикистон чӣ шуморе аз мардумро кушт ва ононе, ки бенишон шудаанд, оё кай, дар куҷо ва бо дасти кӣ кушта шудаанд ва ё агар зинда бошанд, куҷоянд, посух бидиҳад.

Аммо то оне ки чунин феҳраст таҳия шавад, ҳазорон хонавода дар Тоҷикистон ҳамчунон чашм ба роҳи Юсуфҳои гумгаштаи худ хоҳанд монд. Юсуфҳое, ки тӯъмаи ҳавзи хуни ҷанг шудаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Muyassar аз: Khorog
26.06.2009 16:47
Бисьёр кори хайр мешуд агар бахши махсус дар Чумхури ташкил шавад то ки,мазори нафарони шахидшудаи солхои 1991-1997 муайян созанд.

Ном: Бозорбой аз: Душанбе
26.06.2009 16:54
Чи дар Точикистони Совети ва чи дар Точикистони имруза манбаъхои расми аз хакикат метарсиданд ва метарсанд.

Ном: KAMBAGHAL аз: MAHJAR
27.06.2009 02:42
ROSTI GAP INKHEL MAQOLAHORO ZIKR KZRDAN VA BA YOD OVARDAN BA MARDUM BISYOR KHUB AST CHUN,KI NAV MARDUM KAME KHUDASHONRO OROM HIS MEKUNAND.BAD AZ YOD OVARDANI GUZASHTAI SANGINI KHUD MARDUM BA GHAZAB MEOYANDU BOZ BA JANJOL SAR MEKUNAND,HAMON BACHAHOI BOQI MONDAGIRO HAM AZ DAST MEDIHAND. Ba fikram khub ast ha????
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил