Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони дутор ва дуторсоз


Усто Саидакрам
Усто Саидакрам

Бинандаи гиромӣ ибтидо ба шумо суол дорам. Оё шумо дар умр боре дутор ба даст гирифтаед ва боре нохун ба торҳои маҳини дутор задаед?

Оё ҳис кардаед, ки ин чубу ин ду тор чӣ садои сеҳрангезе аз худ бадар мекунад, чӣ фиғонеро ба афлок мерасонад ва ба тани инсонхо рашъа медавонад? На? Пас зиёд чизеро аз даст додаед, ки ҷисму рӯҳи шумо ниёз ба он дорад.

Дутор, ду тори маҳин ва чӯб. Содда нагиред инро, на ҳар чуб ва на ҳар тор метавонад дутор бошад ва гиряро дар гулӯҳо гиреҳ бизанад. Ин чизи дигар аст. Бале, чизи дигаре, ки онро наметавон бо сухан шарҳ дод.

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» ин бор шумо азизонро ба ҳамон дунёи ду тору як чуб мебарад.

Аммо бояд иқрор кард, ки роҳ ба сӯи ин ҳар ду осон набудааст. Ману ҳамкорам Расул, ба гуфте, дар ба дару кӯҳ ба кӯҳ гаштем, то онеро пайдо кунем, ки чубу тор дар дастони боҳунараш ҷон медарорад ва сухан мегӯяд. Ҳадди ақал ба шаш нафар, ки навохтани дуторро балад аст, хостем дар тамоси телефонӣ ва сӯҳбат шавем, аммо ё ноомади кор буд ё чизи дигар, ки дастгоҳи он муштариҳо хомӯш буд ё аз шабакаи фаъолият берун қарор дошт.

Вале боре шунида будам, ки дар ноҳияи Ҳисор як устои дутортарош аст, ки ҳунараш камназир аст ва низ асбобҳои ториро хуб менавозад, аз фалсафаи дутор огаҳии амиқ дорад. Аммо на нишониашро медонистам, на исмашро.

Ба Худо таваккал карда ва рафтем ба Ҳисор, зиёд пурсуҷӯ кардем, гуфтанд, ки марде тақрибан 3 сол қабл дар назди дарвозаи «Аҷинабозор»-и Ҳисор асбобҳои ториашро рӯи фарши замин гузошта ва мефурӯхтааст. Муйсафеде, ки дар рӯи замин нишаста ва картошка мефурӯхт, дар посух ба мо, ки марди дутортарош меҷӯем, гуфт, «писарам, ман ҳудуди 80 сол аст дар Ҳисор зиндагӣ дорам, аммо нафареро намедонам, дар ин маҳалҳо дутор созаду дутор фурӯшад. Худованд чун ба дилат омӯхтани ҳунари дуторнавозиро андохтааст, бирав ба Кӯлоб, онҷо ҳунармандони дуторсозу дуторнавоз хеле зиёд аст, бемушкил дутор меёбиву аз паи ҳунармандиат мешавӣ».

Ба мӯйсафед чизе ҳам нагуфтем ва аммо бовараш ҳам накардам, ки он нафари медонистаи ман дар Ҳисор набошад. Назди ҷавони гавҳоратарош рафтам. Ӯ низ гуфт, ки чунин одамро намедонад. Мо низ на номи дутортарош медонистему на маҳалли зисташ. Танҳо медонистем, ки замоне будааст.

Ниҳоят пас аз як соати ҷустуҷӯ дар бозоре, ки Аҷинабозораш мегӯянд, ронандаи таксӣ ба мо гуфт, ки назди сартароши даромадгоҳи бозор равед, марде замоне онҷо менишаст, ва дутор мефрӯхту менавохт. Рафтем ба он ҷой, марди сартарош исмашро ба мушкили ба хотир овард, Усто Саидакрам будааст. Деҳаи мезистаашро Ғуриёт гуфт, ки аз маркази Ҳисор 10 километр канортар аст. Аммо гуфт ҳоло наравед ба он деҳа, ба дӯкони чубтарошии бародараш равед ва он нишониро ба мо гуфт.

Рафтем ба дӯкони бародари усто Саидакрам бародараш ҳам гуфт, ки усто Саидакрам ду соат пеш ба деҳаашон баргаштааст. Ва ба ин тартиб бародарзодаи устоакрамро ба мо раҳбалад кард ва мо ба деҳаи Ғуриёт ба сӯи манзили Устоакрами дуторсоз роҳ пеш гирифтем.

Нахустин чизи ҷолиб, ки дар манзили усто Саидакрам ба чашмамон расид, чубпораҳои атрофи устохона ва дутору рубобу дигар ҷиҳози нимасохти хона аст. Ва усто ба саёҳати устохонааш даъват кард.

Достони дутор ва дуторсоз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:37 0:00


Усто Акрам дар идомаи сӯҳбаташ мегуфт, ки асрори дуторсозиву дуторнавозӣ ба ҳам пайванд дорад, ва яке бе дигаре комил намешавад.

Достони дутор (Бахши 2)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:34 0:00


Мо бо Устоакрам худоҳофизӣ кардем ва роҳ ба сӯи Душанбе пеш гирифтем. Шом шуда ва ҳаво торик аст, чароғи мошинҳо даргирон аст ва хеле бо мушкил роҳро мебинем. Аммо дар сари ман танҳо як андеша аст, оё пешаи дуторсозиву дуторнавозии Устоакрамро касе идома медода бошад?

Оё насли ҷавон дубора ба зинда доштани ҳунарҳои миллӣ талош мекунанд. Оё нолаи ду тор ва чуб боз ҳам қалби наслҳоро тасхир мекунад. Суолҳое, ки посухи онҳо дар имрӯз норӯшан аст.
XS
SM
MD
LG