Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

"Ойини мадоро"

Талоши Амрико барои ислоҳи қонуни дин

Катерин Косман

Катерин Косман

02.06.2009

Катерин Косман, як масъули Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико, дар як нишасте дар Душанбе гуфт, ин кумисюн талошаш барои ислоҳи қонуни нави дин дар Тоҷикистонро дар саҳнаи байнулмилалӣ идома хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Косман то ҳанӯз давлати Тоҷикистон расман ба нигаронии онҳо дар бораи қонуни дин ба унвони қонуни маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ вокуниш нишон надодааст. Аммо Катерин Косман гуфт, дар тӯли чанд рӯзи будубошаш дар Тоҷикистон бо бархе аз масъулини мақомоти расмии ин кишвар дидор карда, ин мавзӯъро низ дар миён гузоштааст: “Аллакай бо масъулони давлатӣ дидор кардам ва нигаронии худ дар ин бораро ба онҳо гуфтам. Дар маҷмӯъ, ба назари ман, давлати Тоҷикистон муғойири қонунҳои давлати дунявӣ иқдом кардааст”.

Қабл аз қабули ин қонун низ Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ зимни як нома аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки зери он имзо нагузорад. Вале мақомоти расмии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ислоҳталаб шудани баъзе аз бандҳои қонуни дин, ки соли 1994 қабул шудааст, қабули ин тарҳи қонунро муҳим шумориданд ва мухолифат доштани он бо меъёрҳои як давлати дунявиро то ҳоло рад мекунанд.

Бо ин вуҷуд, Катерин Косман, ки аз қонуни нави дини Тоҷикистон танқид мекард, гуфт, давлати ин кишвар бо қабули ин қонун хостааст аз як сӯ фаъолияти рӯҳониёни маъруф миёни сокинони мусулмони кишвар ва аз сӯйи дигар аз ҳузур ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ҷилавгирӣ кунад.

Аммо ӯ башиддат аз он изҳори ташвиш кард, ки идораи умури дин дар Вазорати фарҳанг куллия масоили марбут ба фаъолияти созмонҳои диниро таҳти назорат дорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ ҳукумат як чунин ҳақро надоштааст.

Катерин Косман гуфт, ба иллати ин ки аксар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқимондаҳои мероси зеҳнии Шӯравии пешин ҳастанд, наметавонанд бо дин ва диндорон муносибати хубу мондагор дошта бошанд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки меъёри озодиҳои мазҳабӣ ё меъёри дахолати давлат ба фаъолияти диндорон дар кулли асноди Созмони Милал навишта шудааст, аммо то ҳоло ин раҳбарон ба дин ва диндорон бо назари шубҳа менигаранд ва фосила мегиранд: “Агар дар бораи фишори онҳо болои диндорон нагӯем, метавонем гӯем, ки онҳо мисли як раҳбари оркестр ё дерижёре ҳастанд, ки мехоҳанд башиддат тобеъони худро идора кунанд”.

Катерин Косман, як масъули Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ин сӯҳбаташ ба мушкили ҳиҷоб дар Тоҷикистон, ки се сол инҷониб миёни афроди мазҳабӣ ва мақомоти расмӣ оташи баҳсро гарм нигоҳ медорад, низ дахл карда, маҳрум намудани духтарони ҳиҷобдор аз таҳсил дар макотибро камтар аз ҷиноят надонист. Вай гуфт: “Факте, ки аз ҳама муҳим аст, ин мизони босаводии духтарон аст. Агар Шумо духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунед, ба хотири ин ки ҳиҷоб мепӯшанд, пас, онҳоро аз имкониятҳои инсонияшон маҳрум месозед”.

Хонум Косман ҳамчунин ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ таваҷҷӯҳ карда, гуфт, ки бозгашти онҳо ба Тоҷикистон агарчӣ заминаи ҷанги ақидаҳоро ба вуҷуд меорад, аммо боъис ба ихтилофу бархӯрди гурӯҳҳои мазҳабӣ нахоҳад шуд.

Катерин Косман изҳори хушбинӣ кард, ки боз ҳам имкони дидор ва гуфтугӯ бо масъулони расмии Тоҷикистонро дорад ва метавонад мушкили дин ва диндоронро бо онҳо дар миён гузорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ вазъи дину диндорон дар Тоҷикистон чандон содда нест, ки аз он ба як бор сарфи назар карда шавад. Аз ин ҷост, ки Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико, ба гуфтаи Катерин Косман, имсол Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳаш шомил кардааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: mulo abdullo аз: qurghontepa
02.06.2009 21:01
salom baradiei ozodi va bahama korgaronash rahmat ba KATERIN KOSMAN rahmat ki in khonum Masehist ku nangi tojik az in qonuni in munofiqoni mulotars va khudo bezor ki fikr mekunand ki bo in raftor mardumro az islom bezor mekunem va namemonem ba masjid va ba talimi kudakon bo in tarz az qalbi mardum dur mekunem barodaroni vazifadoroni johil tojikro 70-sol bo zuri va kushtan va troyka burdan ba sibir az qalbashon natavonistand dur kunand shumo bo yak farmoni johiliaton metavoned mardumro az islomi ki sohibash alloh ( j)ast dur kuned na in fikraton galat ast faqat shumo az muloho metarsed ki namedoned bo chitarz reshayi islomro kand 17-asr shudast ki zidi islom kor mebarad to hol natavonistaast kase shumo metavoned ki mardumi tojikiston musalmon ast va memonad va shumo yagon kor karda nametavoned 18 sol zur zaded boz agar 18-soli digar zaned nametavoned insho Alloh

Ном: Faridun аз: Vahdat
03.06.2009 00:02
Durust ki vorid shudani Amriko va hamkori bo davlati mo khub ast ,ammo fakat dar korhoi siyosi,iktisodi u hak nadorad ba mardumi mo farmoni din dihad yak shakhse ki mo medonem yak davlati ki az aval to hol bar zidi islom bud ba mo farmondahi mekunad.! ki mo dorem nadorem dini islomro dorem !khulas u zanhoi tojikro takir kard .hak in ast ki u bo in sukhanhoyash az zanhoi tojik bakhshish pursad.!!!!!

Ном: Мадина
03.06.2009 10:45
Салом ба хамагон!
Фикр мекунам ин икдоми хуб нест, арикоихо ба халки мусалмон чи рафтори намунавие кардаанд, ки бо мо точикон анчом диханд?! Аз чунин дахлпазирии хонуми амрикои чашми харос дорам.

Ном: Сабзина аз: Душанбе
03.06.2009 10:50
Амрико кучою, дини ислом кучо?
Ин бозии навбатии амрикоихо нисбати мусалмонон хаст, на чизи дигаре. Аз онхо чизеро умедвор намешавам, боз хукукхои мо занонро химоя мекардааст, хандаовар...

Ном: Шафоъат аз: Душанбе
03.06.2009 15:55
Дар ислом хеч кас хак надорад конун барорад гайр аз худо ва Пайгамбараш(с). чунки Худованд ба воситаи Пайгамбари азизаш динро комил карда аст. Пас ин хонуми амрикои ачаб идаои хандадор карда аст. Ачиб инаст ки мусулмон несту барои мусулмоно конун нав мебароварда аст худатон хулоса бароред ки чи мехоханд ин номусулмоно.

Ном: Шахло аз: шахри Вахдат
03.06.2009 17:50
Хонуми Амриок бо намуди гайримусулмони хукуки моро дифоъ мекунад. Бе ин хам рафтори бадахлоконаи духтарони хичобпуш ва дар чехари хичоб панох шудани онхо мо занхои точикро нигарон кардааст. Хамин сохти дунёви барои мо писанд аст ва хеч касе хак надорад ки хомии хукукхои мо шавад.Хамаи ин бахон ва маблаг кор кардан аст.

Ном: Shohin аз: Shartus
03.06.2009 19:56
Ачабе нест, ки аз диниу эътикоди мардуми точик амрикоихо ва й гарбиёне дифоъ кунанд, чун мардуми точик аз тарси онки мабодо чангу ноороми сар занад, ба хар гуна тахкиру бединихо тан медихад. вазъият хаминхел хохад монд, то вакте худи мардум аз гуломи ба дод ояд!

Ном: ахмад аз: душанбе
03.06.2009 22:25
ВАКТЕКИ РОХБАРОНИ БО НОМ МУСАЛМОНИ МО МУКОБИЛИ КОНУНИ АЛЛОХ КОНУН МЕБАРОРАНД...ПАС ЧИ ГУНА МО ПЕШНИХОДИ ХОНУМ КАТЕРИН КОСМАНРО ТАРАФДОРИ НАКУНЕМ.ДАР ХАКИКАТ АГАР ХИЧОБИ ИСЛОМИРО ИЧОЗАТ ДИХАНД САФИ ДУХТАРОН ДАР МАКТАБУ ДОНИШГОХХО ЗИЁД МЕГАРДАД. ХУДО ХАМАИ МОРО ХИДОЯТ БО РОХИ РОСТ НАМОЯД.ОМИН!

Ном: ANDESHA аз: Tojikiston
04.06.2009 10:55
Ba akidai man mo hej kas hukuk nadorad ki ruknhoi dini islomro inkor namoyad v yo ba on tagirot darorrad.Az zamoni paidoishi Islom to hol farde paido nashudaast, ki konunhoi dini Islomro rad kunand va yo ba on tagirot darorand . Mo dar jumhurii demokrati va hukukbunyod zindagi mekunem bigzor kase ki chi klel mehohad libos pushad va yo zindagi kunad lekin az chahorchubai konun yo ruknhoi didni Islom berun nabaroyad.

Ном: Mahmud аз: Shartus
04.06.2009 12:19
Харчанд амрикоихо нисбати мо хайрхохона наандешанд хам, дар ин масъала аз Хукумат ТЧК бехтар амал мекунанд. Ин шарм аст барои мо ки худро мусулмон егуему хамаи конунхоямон зидди дин мебошанд.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ҳаҷми матн - +

Чандрасонаӣ

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил