Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Сиёсат

Додгоҳи олӣ шикояти Ҳизби наҳзати исломиро рад кард

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олӣ, ҳангоми қироати қарори додгоҳ

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олӣ, ҳангоми қироати қарори додгоҳ

01.06.2009

Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои Ҳизби наҳзати исломӣ алайҳи Кумисюни марказии интихобот ҷиҳати таъйиди номзади ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси Намояндагонро напазируфт.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як моҳ пештар бо номае аз Кумисюни марказии интихобот хоста буд, ки ваколати Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раҳбари ин ҳизб ва нафари севвум аз феҳристи умумиҳизбиро ба ҷойи намояндаи собиқи ин ҳизб дар парлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзода таъйид кунад. Аммо Кумисюни марказии интихобот ин дархости ҳизби наҳзатро аз рӯйи моддаи 57-и қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки акнун мояи баҳси дуҷониб шудааст, ғайримумкин шумурд.

Тоҳир Қодиров, додраси ин мурофиа натиҷаи таҳқиқи баҳси мазкурро чунин арзёбӣ кард: “Додгоҳи олӣ ба ин натиҷа расид, ки шикояти Ҳизби наҳзати исломӣ барои бекор намудани қарори Кумисюни марказии интихобот таҳти рақами 122 аз 25 майи соли 2009 рад карда шавад. Аз болои ҳалнома шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст”.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ваколатдори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми додгоҳро нодуруст шуморид. Вай гуфт, чунин натиҷагирии додгоҳ ғайримунсифона буда, бо таъсири бархе аз ниҳодҳои ҳукуматӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифтааст. Вале оқои Сайфуллозода, мушаххасан аз кадом як ниҳоди ҳукуматӣ ном набурд: “Бо таассуфи зиёд ҳоло ҳам метавонам, зикр кунам, ки чунин як фарҳанги қабул надоштани бандҳои қонун натанҳо дар ниҳодҳои поёнӣ, балки дар Додгоҳи олӣ ҳам ҷой доштааст. Сирф кадом манфиатхоҳиҳои гурӯҳҳои муайян аст, ки ҳатто рафтааст то дохили парлумон…”

Ҳикматулло Сайфуллозода дар ин ҷо аз посухи Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси Намояндагон, ки дар мурофиаи додгоҳӣ аз сӯйи намояндаи Кумисюни марказии интихобот пешниҳод, шуд, изҳори ташвиш кард. Оқои Сайфуллозода гуфт, ин дар ҳолест, ки онҳо то ҳанӯз расман посухи Маҷлиси Намояндагонро ба номаи худ барои шарҳу тафсири моддаи 57-и қонуни интихобот дарёфт накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, ки дар ин баҳси додгоҳӣ аз мавқеъи ин кумисюн тарафгирӣ мекард, даъвои Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар бораи таъсири гурӯҳе болои қарори онҳоро радд кард. Вай гуфт, Кумисюни марказии интихобот ниҳодест, ки аз ҳич ҳизбе тарафгирӣ намекунад, ҳатто аз ҳизбе, ки раисиҷумҳур раёсати онро ба ӯҳда дорад: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ хеле фикр кунад, фикр кардан гирад. Аммо Кумисюни марказии интихобот дар итоати ягон ҳизби сиёсӣ нест. Мо беғаразона рафтор мекунем: чи президент аст, чи Ҳизби наҳзати исломӣ ва ё аҳзоби дигар…”

Ба ин тартиб, Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати хулосаи додгоҳ изҳори норизоӣ карда, ба гуфтаи намояндаи ваколатдори он Ҳикматулло Сайфуллозода акнун раёсати ҳизбаш тасмим хоҳад гирифт, ки иқдоми баъдии онҳо аз ҳукми Додгоҳи олӣ чӣ хоҳад буд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Sinno аз: Milwaukee
01.06.2009 20:41
HNIT Rulit!!!!!

Ном: nuriddin аз: kuwait
01.06.2009 21:46
man az awal medonistam posukhi dodgoh chunin meboshad, binobar in tojikiston yake az kishwarhoi ghairi dimokrati ba shumor meshawad...chun ki sultai qazoyi yane dodgohi tojikiston mustakil nest

Ном: Аробакаш аз: Dushanbe
01.06.2009 22:05
Дар кишваре ки сохти диктатории президенти ё монархияи президенти ва ё авторитаризми диктатори хоким аст, магар суди мустакил вучуд дошта метавонад. Дар ин касе ба доди касе намерасад, иддае майдонро холи ёфта худро ба Худо баробар кардаанд.

Ном: salmon аз: madinai munavvara
02.06.2009 03:25
Ассаломуалайкум хамватанони азиз максад аз офариниши мо ибодати аллох мебошад на чизи дигар ман хайронам хама медонад ки дар ин дуне боки намемонад валекин боз аз паи молу мансаби дуне мешаванд инро гуфтамниам ки харкасеки масул як чамоат шуд уз хамон чамоат пурсида мешавад хар кас ба ед орад ки ое чавоб дода метавонад е не мо алхамдулиллох мусалмону муминем бояд харакат кунем ки охиратро обод кунем ин мансабу молу пули дуне фоида намерасонад дар охират максад аз касди ман инки мо бояд талоши мансаб накумем ки дар назди аллох масулияти бузург дорад хайр интизори чавоб хастам

Ном: AZROIL аз: marg
02.06.2009 11:40
salom ba radiei ozodi qan zaned zidi islom kor bared chiqadar quvate dored masjid banded azon man kuned talimi kudakonro boz dored zanhoro az masjid boz dored kudakonroham az masjid boz dored rahmat ba khizmati khirsonaton shumo fardo chi javob medodaboshed dar nazdi kholiqi buzurg ki zidi dinash inqadar koru faoliyat mekuned shumo fikr namekuned ki alloh (j) shumoro mebinad nashavad ki pesh az muhlataton azroilro ravon kunad bad toba kuned foyda nadorad digar <<<< azroil meoyad tarsed>>>>>>>>>

Ном: salmon аз: madinai munavvara
06.06.2009 20:54
Ассаломуалайкум хамватанони азиз
     
Ҳаҷми матн - +

Тозатарин матолиб

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил