Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Тоҷикистон

Расонаҳои хориҷӣ: дӯст ё душман?

16.05.2009

Дар Тоҷикистоне, ки расонаҳояш дар қиёс бо расонаҳои хориҷӣ "қашшоқ" ҳастанд ва аз баррасии мавзӯъҳои, ба қавле, хордори сиёсиву иҷтимоӣ ба далели ҳифз кардани худ парҳез мекунанд, ҳузури расонаҳои хориҷӣ фаъол арзёбӣ мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, дар ин маврид ба дастдарозии расонаҳои хориҷӣ ишора мекунад. Вай мегӯяд, ин расонаҳо, ки аз давлати Тоҷикистон бастагии молӣ надоранд, бе сензура аз он интиқод ва мушкили сокинонро ба риштаи баҳс мекашанд.

Ба ин маънӣ, ҷаноби Қаршибоев аз расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки гоҳу бегоҳ ба “иғвоангезӣ”-ву хидмат ба “хоҷагони хориҷӣ” муттаҳам мешаванд, пуштибонӣ карда, ин ҳамаро нотавонбиние беш намедонад: “Ҳар нафаре, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунад ва ҳам онҳое, ки ман мешиносам, аз мансабдорони мо Тоҷикистонро бештар дӯст медоранд. Ба андешаи ман, нигоҳи танқидӣ доштани ин ё он нафар маънии онро надорад, ки ватанашро дӯст намедорад. Баръакс, назари танқидӣ як муттаҳаррикест, ки барои пеш рафтани ҷомеъа мусоидат мекунад. Ва агар ҳама ба лофзанӣ машғул шаванду аз камбудҳо чашм пӯшанд, пас, ҷомеа ба бӯҳрон фурӯ меравад”.

Тибқи иттилоъи расмӣ, то ба ҳол 24 расонаи хориҷӣ дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки бештари онҳо аз Русия намояндагӣ мекунанд. Давлат Назрӣ, сухангӯйи вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баҳои мусбат дода, мегӯяд, то кунун ҳузури онҳо мояи нигаронӣ набудааст, бо вуҷуди он ки ба гуфтаи ӯ, бархе аз онҳо дар баррасии баъзе аз масоили Тоҷикистон воқеъбинона баҳогузорӣ намекунанд: “Мо аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти онҳо қаноатманд ҳастем, ки ҳамеша бо иттилои саривақтии худ метавонанд ба мо кӯмак кунанд. Чунки дар бисёр кишварҳо иттилоъ дар бораи Тоҷикистонро аз ин расонаҳо пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷонибдорӣ он ҳастем, ки ҳатто сохторҳои давлатӣ бо ин расонаҳо ҳамкории хубе дошта бошанд”.

Аммо Давлат Назрӣ аз он изҳори ташвиш мекунад, ки бархе аз расонаҳои хориҷӣ бидуни қайде дар Тоҷикистон матолиби бардурӯғро нашр ва пахш мекунанд. Соли гузашта дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ иқдом карда буд, ки ниҳоди вижае барои вокуниш ба ҳамалоти иттилоотии расонаҳои хориҷиро таъсис хоҳад дод, аграчӣ ба қавли масъулони дафтари раёсатҷумҳурӣ ин марказ то ҳанӯз таъсис наёфтааст.

Ҳар нафаре, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунад ва ҳам онҳое, ки ман мешиносам, аз мансабдорони мо бештар Тоҷикистонро дӯст медоранд. Нигоҳи танқидӣ доштани ин ё он нафар маънии онро надорад, ки ватанашро дӯст намедорад ...
Вале ахиран рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” иқдом кардааст, ки мавзӯоти мавриди назари расонаҳои хориҷиро баррасӣ карда, ба қавле дӯсту душмани ҳукумати Тоҷикистонро муаррифӣ кунад, ки исми “Мавҷи Олмон”, BBC, Радиои Озодӣ ва “Сентразия.ру” дар қатори авваланд. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, иллати аслии рахна дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва номуассир воқеъ шудани расонаҳои дохилӣ ва давлатӣ дар он аст, ки расонаҳои дохилӣ ниёзи ҷомеа ба ахбори рӯзро бароварда намесозанд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи русизабони “Азия-плюс” агарчӣ таъсири расонаҳои русӣ ба Тоҷикистонро сарфи назар намекунад, аммо наметавонад аз маҳбубият ва маъруфияти Радиои Озодӣ ва BBC ҳам чашм пӯшад. Вай мегӯяд, ин ду расонаи хориҷӣ ба забони тоҷикӣ хабару таҳлилҳоеро нашр мекунанд, ки расонаҳои дохилии Тоҷикистон дар баёни он дасти кӯтаҳе доранд: “Ин ду радио, ки ман ҳоло ишора кардам ва хабаргузориҳои дигар онҳо дар чорчӯбаи меъёрҳои байнулмилалӣ кор мекунанд. Онҳо сензураи камтар доранд ва ончиро, ки расонаҳои дохилӣ намегӯянд, мегӯянд. Бо вуҷуди ин, фикр намекунам, ки расонаҳои хориҷӣ фақат ба танқиди давлат машғул бошанд. Онҳо зиндагии воқеӣ дар Тоҷикистонро тасвир мекунанду тамом”.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, низ беш аз ҳама ба касбияти расонаҳои хориҷӣ таъкид мекунад. Вай сомонаи интернетии Радиои Озодӣ ва BBC-ро аз расонаҳои хориҷии мӯътамад дар Тоҷикистон медонад, ки матолиби хабарнигорони онҳо ҳар ҳафта саҳифаи рӯзномаҳои тоҷикизабонро “зеб” медиҳанд. Вай мегӯяд, ин расонаҳо баръакси сукути расонаҳои дохилӣ бештар садо баланд мекунанд ва аз ҳар воқеъае, ки дар Тоҷикистон мегузарад, чашм намепӯшанд. Хуршеди Атовулло мегӯяд, шояд чунин имкони маъруфият ва таъсиргузориро расонаҳои дигар ҳам дошта бошанд, аз ҷумла расонаҳои марбут ба Эрон. Аммо ба гуфтаи ӯ, то кунун онҳо ё ин имконро истифода накардаанд ё натавонистаанд истифода кунанд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, аксари масъулони давлатӣ ба ҳузур ва фаъолияти расонаҳои хориҷӣ бо назари шубҳа менигаранд. Яъне, ба назари масъулони давлатӣ, ҳукумат бояд ба манзури таъмини амнияти иттилоотӣ ба рушди расонаҳои миллӣ ва мустақил кӯмак кунад, вагарна Тоҷикистон таҳти таъсири расонаҳои хориҷӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Islamist аз: az Xorija
16.05.2009 16:15
RADIOI OZODI TABIBI MAN!
Waqte ki ba officam meoyam awwalin kore mekunam kushodani somonai www.ozodi.org meboshad.. Man bo bisyor sarohat meguyam, dardi dilamro dar in somona paido mekunam, dili pur az ghammu anduh nisbati watani faqire ki oghushtai fasodi idorivu mahalgaroist.
Shoyad agar in somona namebud ba kasali rag giriftor meshudam yo haddi aqal ghammhoi dilam jam' shuda kadom ruze mekafidam.
Baaze barodaron irod megirand ki in somonahoi khoriji ghairi az fitnawu ighwo chize namedonand. Vale man meguyam inho hamon qahramonhoe hastand ki rohro baroi intiqod kardan boz kardand va hukumatdoronro metarsond ki az hadd naguzarand.
Bale, sirri piruzii onho nafaqat dar mawzu'iyat budani axbori onho budaast balki onhoro kasone pushtiboni mekunad ki hukumatdoroni mo az onho metarsand.. Vagarna ba tawri misol agar muassisi ozodi yak tojiki bechora mebud dar joi Congressi Amriko, vai bechora ba tuhmathoi sangin misli past zadani watan dar kunji mahbas mebud.
Boz yak bori digar minnatdorii xeshro az tamomi somonaho va gazetahoi xorijiwu watani ki baroi ozodii in mallati jabrdida kushish-hoe kardaand izhor medoram. Hamesha muwaffaq boshed.

Ном: Korgari Cirk
17.05.2009 09:34
Ba fikri man ki dushmani halqi tojik in tojikoni hudmon meboshad.Yak bor ba hukumatdoroni mo nigah kuned va andesha kuned ki on kore ki onho mekunand dushmani badtarini halqi tojik namekunad :(((

Ном: Forsage аз: Khujand
17.05.2009 23:55
100% тарафдори гуфтахои Исламист аз хорича мебошам. Ман хам хар руз камаш 5-6 бор аз расонахои хоричи (сайтхо) хабар мегирам, зеро онхо якумин шуда хабархои тозаро бо диди тоза пешниход мекунанд. Ман хам чанд хабарнигори расонахои хоричиро мешиносам, ки Точикистонро дар хакикат дуст медоранд, дилашон ба мардум, ба халки захматкаш месузад. Агар конунхои мо махдуд намекард аз ин хам озодона (талх бошад хам), аз тахти дил менавиштанд. Ба хамаи хабарнигорони расонахои хоричи, хусусан Радиои Озоди ва ВВС бурдборихо орзумандам. Азбаски калам истифода намебаред, бигзор компутерхои Шумо хеч вайрон нашавад, аз вирусхо эмин бошад.
Мо хизматхои Шуморо хеч фаромуш намекунем..
     
Ҳаҷми матн - +

Чандрасонаӣ

Садо

Нуриддин Қаршибоев

Давлат Назрӣ

Марат Мамадшоев

Хуршед Атовуллоев

Тозаҳои Тоҷикистон

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил