Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои тафтиши фаъолияти Бонки миллӣ


Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои аудит ё тафтиши молии фаъолияташ аз сӯи ширкати бритониёии "Ernst and Young"-ро нашр кард.

Бонки миллӣ гузориши ин ширкати аудиториро дар сомонаи расмии худ пас аз се моҳи анҷомёбии амалиёти бозрасӣ нашр кард.

Бозрасии анҷомдодаи ширкати Ernst and Young ошкор кардааст, ки Муродалии Алимардон, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки феълан муовини сарвазири Тоҷикистон аст, дар замони раҳбари Бонки миллӣ буданаш ба истифодаи нодурусти маболиғи давлатӣ роҳ додааст. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки раиси пешини Бонки миллӣ бо сӯиистифода аз мансаби худ пулҳои давлатро ба ширкатҳои хусусии худ ва падару бародараш, ки раҳбар ва ҳамшарики ширкатҳои сармоягузори соҳаи пахтакорӣ будаанд, интиқол дода, аз истифодаи онҳо манфиат бардоштааст.

Ширкати Ernst and Young навиштааст, ки Бонки миллӣ дар аввал маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисос додаро, ба бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» интиқол медодааст. Баъдан дар натиҷаи таҷдиди ин бонк дар соли 2004 ин бонк ба ду муасиса, бонки «Агроинвестбанк» ва ҷамъияти саҳҳомии шаклаш пӯшидаи «Кредит-Инвест» табдил шуда, ин ҷамъият ҳамчун ширкати миёнарав маблағгузории соҳаи пахтакориро ба зима гирифтааст. Тибқи иттилоъи ширкати Ernst and Young, маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисосёфта ба суратҳисоби ҳамин ҷамъият равона мешудаанд ва ин ҷамъият, ки роҳбаронаш аз шумори кормандони тобеи раиси вақти бонк таъин шуда буданд, дар навбати худ ба ширкатҳои хусусие, ба мисли Иттиҳодияи ХИМА, ҷамъияти саҳомии «ТамерИНБ», ҷамъияти саҳҳомии "Баракат" ва ҷамъияти саҳҳоми «Ёрирасон-бепарастон», ки раҳбарӣ ва ҳамшарикии ин ширкатҳоро падар, бародар ва ҳатто худи Муродалӣ Алимардон бар ӯҳда доштаанд, интиқол медодааст ва онҳо ба наҳваи худ аз маблағҳои ҳангуфти давлатӣ барои манфиатҳои тиҷоратии худ истифода мекардаанд.

Тибқи гузориш, маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисосдодашуда ба ширкатҳои бародар, падар ва худи Муродалӣ Алимардон интикол меёфтаанд ...
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки дар ҳамин ҳол Муродалӣ Алимардон дар сӯҳбат бо онҳо алоқамандиашро ба ширкати сармоягузории пахтакории мавсум ба ХИMA, ки аз ихтисораи номҳои «Ҳаёев Исматуло (фарзанди собиқ сарвазири Тоҷикистон, Изатулло Ҳаёев) ва худи Муродалӣ Алимардон» иборат аст, рад кардааст. Ҳарчанд ӯ дар донишгоҳ шогирди Изатулло Ҳаёев будааст, аммо ба аудиторон гуфтааст, бо Изатулло Ҳаёев шинос нест, вале ба ширкати мавсум ба ХИМА зуд-зуд барои додани маслиҳат ба роҳбарони он ворид мешудааст.

Аммо, менависанд муалифони ин гузориш, Муродалӣ Алимардон бархе аз ҷурмҳояшро иқрор кардааст. Вай аз ҷумла ироаи маълумоти бардурӯғ ба Сандуқи байнулмилалии пулро гуноҳи худ ҳисобидааст. Ӯ ба аудиторони ширкати Ernst and Young гуфтааст, ин амрро барои сармоягузории соҳаи стратегии пахтакорӣ ногузир донистааст. Дар ҳоле 47 миллион пуле, ки ин созмони молиявӣ ба Тоҷикистон кумак кардааст, ба суратҳисоби ширкатҳои сармоягузории пунба равона шудааст.

Дар гузориш навишта шудааст, ки аудиторҳо ҳангоми иҷрои вазифаи худ барои дастрасӣ ба маълумот ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ширкатҳои сармоягузорӣ қабл аз он, ки бозрасҳо ба ин ширкат ворид шаванд, баъзе маълумотҳои барои тафтиш заруриро нобуд карданд. Аз ҷумла, дафтари қайди кулли амалиёте, ки ширкати «Кредит-Инвест», ки дар бойгонии дастгоҳи марказии Идораи амалиёт бо ҳукумати Бонки миллӣ маҳфуз будааст, қабл аз бозрасӣ аз байн бурда шудааст. Ва ин идора ба аудиторон танҳо маълумотҳоеро пешниҳод кардааст, ки 28 сентябри соли 2008 тартиб дода шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки бозрасҳо ба дурустии ҳамон маълумоте, ки гирифтаанд, низ мутмаин нестанд ва аз ироаи хулосаи аудиторӣ худдорӣ мекунанд.

Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон
Муалифони гузориш мегӯянд, ба кадом ҳисобҳо интиқол ёфтани 221,5 миллион доллар қарзи воҳидҳои кишоварзӣ, ки дар давраи солҳои 2004-2007 ихтисос дода шудааст, рӯшан нест. Зеро асноди зарурии истифода аз онҳо нобуд карда шуданд.

Дар гузориш омадааст, ки дар давоми солҳои 2004-2008 Бонки миллӣ 856,4 миллион доллари амрикоиро ба ихтиёри ширкати «Кредит-Инвест» супорида, ин ширкат аз Бонки миллӣ 295,3 миллион доллар дар таърихи 31-уми августи соли 2008 қарздор аст. Ин дар ҳолест, ки масъулони Бонки миллии Тоҷикистон қарзи воҳидҳои кишоварзӣ аз соҳаи пунбапарвариро ибтидои соли равон бештар аз 560 миллион доллар арзёбӣ карданд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки ҳарчанд маблағҳои давлатӣ барои соҳаи пунбапарварӣ ихтисос ёфтаанд, аммо ширкати «Кредит-инвест» ин маблағҳоро бо мақсадҳои тиҷоратии худ истифода бурдааст. Аз ҷумла, ин ширкат барои сохтмони як қаҳвахона дар Истаравшан 800 ҳазор сомонӣ қарз додааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати Ernst and Young аз ҳамкории Шариф Раҳимзода, раиси феълии бонк, таъкид кардааст. Дар гузориш омадааст, Муродалии Алимардон, раиси вақти бонк, ба ҳини қабули қарорҳо раъйи бартар доштааст, вале раиси феълии бонк ба ҳини қабули қарорҳо онҳоро на бо иродаи шахсии худ мисли раиси қаблӣ, балки тариқи овоздиҳӣ дар Шӯрои мудирон қабул мекардааст, ки ин роҳ шаффофияти бештар дар идора арзёбӣ шудааст.

Ба кадом ҳисобҳо интиқол ёфтани 221,5 миллион доллар қарзи воҳидҳои кишоварзӣ равшан нест, зеро асноди зарурии истифода аз онҳо нобуд карда шудаанд ...
Ширкати Ernst and Young дар охири гузориши худ ба Бонки миллӣ тавсия додаст, ки аз сармоягузории бахши пунбапарварӣ минбаъд худдорӣ карда, сохтани хазинаи нави бухгалтерӣ ва мониторинги доимиро дар умури худ истифода барад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Бонки миллӣ аз сӯҳбат дар мавриди натиҷаҳои аудити махсус бо радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки дар ҳоле натоиҷи аудити байнулмилалии бонки миллӣ моҳи январ барои ҳукумат равшан шудааст, Муродалии Алимардон ҳанӯз ҳам ба ҳайси муовини сарвазир дар ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад ва муҷозот нашудааст. Раҳматулло Валиев, коршиноси мустақил, мегӯяд, баъди ошкор шудани иттиҳомот аслан ӯ набояд дар вазифаи муовини сарвазири кишвар ифои вазифа кунад.

Аммо Давлати Усмон мегӯяд, аудит ҳанӯз нишони муҷримии оқои Алимардон нест ва бояд ӯ дар додгоҳ муҳокима шавад.

Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон то кадом андоза фасодзада будани ниҳодҳои Тоҷикистонро ошкор кардааст.
XS
SM
MD
LG