Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои боздошти Шӯҳрат Қудратов - дар ТВ-ҳои Тоҷикистон


Шӯҳрат Қудратов баъди боздошт. 21 июл
Шӯҳрат Қудратов баъди боздошт. 21 июл

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, шоми имрӯз таавассути телевизионҳои давлатӣ гузориши видеоӣ дар бораи чигуна боздошт шудани вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов нашр мешавад.

Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки шоми 23 июл, соати 20 00 тавассути «Шабакаи аввал», «Сафина» ва шабакаҳои дигари телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузориши вижаи ин Оҷонсӣ дар бораи боздошти вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов пахш хоҳад шуд

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки пас аз пахши хабари боздошти Шӯҳрат Қудратов дар расонаҳои хабарӣ хонандаҳо дар номаҳои худ навиштаанд, «ки то замоне ки лаҳзаи боздошти ӯро бо чашмонамон набинем, бовар намекунем.» Аз ин рӯ, навори видеоии боздошти вакили мудофеъи Зайд Саидов ҳангоми гирифтани пора, ки аз тарафи кормандони оҷонсӣ дар лаҳзаи гирифтани пул аз як зерҳимояаш нишон дода мешавад, то ба ҳама суолҳо посух дода шавад. Мақомоти Оҷонсии зиддифасод, ки Шӯҳрат Қудратовро рӯзи 21 июл дастгир карданд, мегӯянд, ки ӯ мехост ба як додрас пора диҳад.

Шӯҳрат Қудратов ҳамон рӯз, вақте дар иҳотаи кормандони Оҷонсӣ аз маркази «Соҳибкорон» берун меомад, ба хабарнигорон кӯтоҳ гуфт, ки «ман пора нагирифтаам.» Наздикони ин вакили мудофеъ низ иддаои мақомотро рад мекунанд ва мегӯянд, Шӯҳрат Қудратов барои мавқеъи оштинопазире, ки дар амри ҳимоят аз вазири собиқи саноат Зайд Саидов нишон дод, таҳти таъқиб қарор гирифтааст ва парвандаи ӯ ангезаи ошкори сиёсӣ дорад.

Шӯҳрат Қудратов, аз аъзои арашди ҳизби сотсиал-демократ, аз вакилони шинохтаи тоҷик аст, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

И.Табаров: "Шӯҳрат Қудратов айбномаи оҷонсиро рад мекунад"

Аз се вакили Зайд Саидов дуяш дастгир шудаанд
Аз се вакили Зайд Саидов дуяш дастгир шудаанд

Вакили дифои Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, зерҳимояаш айбҳои эълоннамудаи Оҷонсии зидди фасодро рад мекунад ва ба бегуноҳиаш таъкид дорад. Исҳоқ Табаров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов рӯзи чоршанбеи 23 июл дар вокуниш ба изҳороти Оҷонсии зидди фасод дар бораи боздошти зерҳимояаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Шӯҳрат Қуратов айбномаи Оҷонсии зидди фасодро рад мекунад ва худашро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намедонад ва барои бегуноҳиаш як қатор ваҷҳҳои худашро дорад.

Ба таъкиди ҷаноби Табаров, "зерҳимояам ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Оҷонсии зидди фасод қарор дорад, шароиташ бад нест ва дар ин рӯзҳо ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида шуданд ва додрасе, ки гӯё Шӯҳрат ба он пора додаст, низ барои тафтишот даъват шуд."

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Табаров, то кунун пайвандони Шӯҳрат Қудратов натавонистаанд, ки бо ӯ дидор кунанд ва ин гуна иҷозат низ дода нашудааст. Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров бар ин бовар аст, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов идомаи мантиқии боздошти Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ аст ва зери назар қарор доштани ҳамаи вакилони Зайд Сайд низ ба ин парванда рабт дорад.

Шӯҳрат Қудратов: Ман пора нагирифтаам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

ОҶОНСӢ БОЗДОШТИ ҚУДРАТОВРО РАСМАН ШАРҲ ДОД

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 23 июл бо пахши як иттилоияи расмӣ, сабабҳои боздошти вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратовро шарҳ дод.

Дар иттилоияи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, ки ба дасти «Озодӣ» расидааст, гуфта мешавад, ки Шӯҳрат Қудратов, ки аз айбдоршаванда Нуралӣ Суламаев дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳимоят мекард, барои сафед кардани зерҳимояаш, ба додрас маблағи 2500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов дар ҳоле боздошт шуд, ки маблағи ришваро аз зерҳимояаш гирифта, қасди ба додрас таслим карданро дошт.

Ин ниҳод мегӯяд, Шӯҳрат Қудратов қасдан барои ба манфиати зерҳимояаш Суламаев бо роҳи машварат додан 2500 долларро ба сифати пора ба додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои содир кардани ҳукми бегуноҳии зерҳимояаш, пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, айбдоршаванда Суламаев барои ба додрас додани маблағ, ба ин таклифи Шӯҳрат Қудратов розӣ мешавад.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар ибтидо рӯзи 18 июл Шӯҳрат Қудратов аз зерҳимояаш маблағи 1500 доллар ва бори дувум тақрибан соати 10:55 дар назди ошхонаи "Шаҳризода" -- дар паҳлӯи бинои додгоҳи Исмоили Сомонӣ маблағи боқимонда дар ҳаҷми ҳазор долларро ҳамчун ришва аз зерҳимояаш барои додрас Низомов, дарёфт кардааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, лаҳзаҳои гирифтани пора ба навор гирифта шудааст ва ин навори видеоӣ дар дасти тафтишот қарор дорад.

Худи ҳамон рӯзи дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ Қудратов ҳангоми аз зерҳимояташ Суламаев ҳангоми гирифтани 1000 доллар дастгир карда шуд. Дар натиҷаи кофтуков аз ӯ ҳам ҳазор доллар ва ҳам 1500 доллари қаблӣ ҳам ба даст оварда шудааст.

Оҷосӣ мегӯяд, акнун дар робита ба ин ҳодиса дар нисбати Қудратов бар асоси моддаҳои 36 қисми 4 ва 32 қисми 3 , 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон, парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Феълан Қудратов ҳамчун гумонбар дар тавқифгоҳи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

ЗОИРОВ ВАКИЛИ ДИФОИ ШӮҲРАТ ҚУДРАТОВ ШУД

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

Шӯрои сиёсии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифт, то Раҳматулло Зоиров, раҳбари ин ҳизб мустақиман вакилии дифои Шӯҳрат Қудратовро бар дӯш гирад. Раҳматулло Зоиров, рӯзи чоршанбеи 23 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "мо мехостем, то ду нафар вакилони касбиро барои ҳимояти Шӯҳрат Қудратов вобаста кунем, аммо пас аз сӯҳбатҳо дар Шӯрои сиёсии ҳизб ба хулосае омадем, ки ваколати дифои Шӯҳратро, худи ман бар дӯш гирифта бошам."

Ба ин далел, ҷаноби Зоиров афзуд, ки "ман ба намояндагӣ аз ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, ки Шӯҳрат Қудратов, узви он аст, ва ҳамчун вакили дифоъ, ҳуқуқи ӯро ҳимоя хоҳам кард."

XS
SM
MD
LG