Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷири муваффақ ё даллоли одамрабо?


Мавориди гаравгонгирӣ аз сӯи афғонҳо аз ҳама бештар дар ноҳияи Шӯрообод рух медиҳад. Акс аз бойгонӣ
Мавориди гаравгонгирӣ аз сӯи афғонҳо аз ҳама бештар дар ноҳияи Шӯрообод рух медиҳад. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон як тоҷири афғонро бо гумони даст доштан дар гаравгонгирӣ ва раҳбаладии гаравгонгирон дар рустоҳои манотиқи марзӣ, боздошт кардаанд. Аммо сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, ки ин мард мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст.

Як тоҷири афғон, ки ахиран дар маркаи Душанбе боздошт шуд, як сол боз дар ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дошт ва бо шиносномаи нав вориди Тоҷикистон шудааст. Ин марди 35-солаи афғонро бо лақаби “Шахопар” мақомот ба он гумонбар медонанд, ки ӯ ҳамчун тоҷир вориди Тоҷикистон шуда, барои гурӯҳҳои гаравгонгир дар марзи миёни ду кишвар иттилоот ҷамъоварӣ мекард ва дар мавридҳое ҳам дар рабудани сокинон бо онҳо шарик будааст.

Аммо сафорати Афғонистон дар Душанбе ва наздикони боздоштшуда ӯро “тоҷири муваффақе медонанд, ки мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст.” Файзмаҳмад валади Муродалӣ, сокини деҳаи Шахопари вулусволии Шаҳрибузурги Бадахшони Афғонистонро мақомоти Тоҷикистон моҳи гузашта ҳангоми сайругашт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди Боғи Рӯдакӣ боздошт карданд.

Алайҳи Файзмаҳмад валади Муродалӣ, бар асоси моддаи 181, қисми 2, бандҳои “б, в”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “гирифтани гаравгон бо маслиҳати пешакӣ ва бо воситаи силоҳ” ва бо банди 335, қисми 2 , “убури ғайриқонунии марз бо гурӯҳи муташакил” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Абдуллоҳ валади Файзмуҳаммад, бародари ин марди боздоштшудаи афғон рӯзи чаҳоршанбеи 4 март дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш як тоҷири оддӣ буда, дар ҳеҷ ҳодисаи гаравгонгирӣ даст надорад.

“Тамоми мардуми улусволии Шаҳрибузург омодаанд, ки ба бегуноҳии бародари ман шоҳидӣ диҳанд. Ӯ солҳо аз Душанбе молу коло меовард ва кораш тиҷорат буд. Ниёзе ба гаравгонгирӣ ва раҳбаладии гаравгонгирон надошт. Мо ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нома навиштем, ки бо далели бегуноҳ будани Файзмуҳаммад, ба ӯ кӯмак кунанд”- гуфт Абдуллоҳ валади Файзмуҳаммад.

Дар қазияи гаравгонгирӣ, Ҳотамхон Назриев, як сокини 23-солаи деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯрообод шоҳидӣ додааст, ки охири моҳи июни соли 2014 чаҳор нафар ӯро аз манзили зисташ рабуданд ва як нафари онҳо ҳамин Файзмуҳаммад буд. Назриев мегӯяд, вақте Файзмуҳаммад дар Душанбе боздошт шуд, мақомоти тафтишотӣ ӯро бо ин мард рӯ ба рӯ карданд.

Ҳотамхон Назриев
Ҳотамхон Назриев

“Ман ӯро шинохтам. Ҳамон шаб бо чор нафар Файзмуҳаммад ҳам буд, ки вориди хонаи мо шуданд ва маро гирифта ба Афғонистон бурданд. Гуфтам, ки дар ҳақиқат дар дасташ силоҳ надошт, вале дигаронро раҳбаладӣ мекард. Ин ки гӯё ӯро тӯҳмат мекунанд, дурӯғ аст. Ҳамаи гапҳояшро ҳангоми рӯ ба рӯ кардан гуфтам. Ба куҷо маро бурданд ва дар роҳ чӣ гуфтанду ӯ чӣ кор кард, ҳамаашро гуфтам ва худаш ҳам тасдиқ кард. Ҳамин буд ва ман ҳамаашро дар хотир дорам.

Ҳотамхон Назриев тобистони соли гузашта рабуда шуд ва ба Афғонистон интиқол ёфт ва гаравгонгирон барои раҳоии ӯ аз падараш 30 ҳазор долари амрикоӣ талаб карданд. Ин ҷавон мегӯяд, ки ҳадаф аз гаравгонгирӣ, дарёфти маблағи муфт буд, аммо мақомоти амниятии афғон ӯро бидуни пардохти гаравпулӣ озод карданд. Се тан аз афроде, ки дар гаравгонгирии ӯ даст доштанд, дар Кобул муҳокима ва барои солҳои мухталиф равонаи зиндон шуданд, аммо ба гуфтаи мақомот, Файзмуҳаммад валади Муродалӣ -- нафари чаҳорум дар ин ҳодисаи гаравгонгирӣ, фирор кард ва бо иваз кардани исми худ дар шиноснома, вориди Тоҷикистон шудааст.

Масъулони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ин мард мактубе дарёфт кардаанд, ки ба бегуноҳиаш таъкид мекунад. Дар он мактуб зикр шудааст, ки эътирофи гуноҳро зери фишор тасдиқ кардааст. “Мо телефонӣ бо мақомоти улусволии Шаҳрибузург ва наздикони ӯ дар тамос ҳастем. Гуфтанд, ки мо номае равон мекунем, ки ба бегуноҳии ӯ далолат мекунад. Мо мунтазири нома ҳастем, ки онро дастрас кунем ва бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузорем. Мо бар асоси ин итминон бидиҳем, ки ӯ гаравгонгир нест. Мо аз ҳолати ӯ бохабар ҳастем.”- мегӯяд Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафри Афғонистон дар Тоҷикистон.

Аммо ширкати Файзмаҳмад валади Муродалӣ дар як гаравгонгирӣ ба гуфтаи мақомот дақиқан собит шудааст ва мавориди дигари даст доштани ин фард дар ҷиноёт, дар дасти баррасист.

Дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод ҳамасола мавориди гаравгонгирии сокинон ба назар мерасад. Ҳатто се соли пеш низ ду ҷавондухтар аз минтақаи Кӯлоб ба Афғонистон бурда шуданд, ки то кунун барнагаштаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин духтарон паноҳандагӣ дарёфт карда, расман аз бозгашташон ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG