Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳшату ноамнӣ дар Исфаҳон баъди кислотапошиҳо ба рӯи занон


Мақомоти Эрон силсилаи ҳуҷумҳои ахир алайҳи занон дар Исфаҳонро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ин занҳо, ки ба рӯи бархеаш дар дохили мошинашон кислота пошидаву ба бархи дигар дар кӯча ҳуҷум шудааст, гӯё барои риоят накардани ҳиҷоб “муҷозот” шудаанд.

Хабаргузории расмии Эрон “ИРНА” бо такя ба изҳороти рӯзи гузаштаи Ҳусейн Аштарӣ, як мақоми пулис навиштааст, ки чаҳор мавриди “кислота” ё асидпошӣ ба рӯи занон дар Исфаҳон, 450 километрии Теҳрон сабт шудааст. Ин мақоми пулис бидуни шарҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки муттаҳами амали кислотапошӣ боздошт шудааст ва бозҷӯии қазия идома дорад.

Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Эрон дар бораи 13 мавриди кислота пошидан ба рӯи занҳои ронанда гӯё барои "бадҳиҷобӣ" хабар доданд. Мақомот 8 мавриди ин ҳуҷумҳо тасдиқ кардаанд. Пошидани кислота ба рӯи занҳо дар ҳолест, ки моҳҳои ахир рӯҳониёни саршинос, шаҳрдориҳо, вакилони парлумон ва масъулони давлатӣ масъалаи ҳиҷоб ва эзорҳои часпони занҳоро пайваста доман мезананд ва онҳоро барои риоя накардани пӯшиши исломӣ танқид мекунанд.

Ҳуҷҷатислом Муҳаммад Тақӣ Раҳбар, як рӯҳонии саршиноси Исфаҳон, рӯзи якшанбе суханони нашршудаи мансуб ба ӯро, ки гуфтааст, “амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар” бояд аз тазаккури лафзӣ болотар биравад, рад кард ва гуфт, ҳеҷ ба ҷонибдоронаш дастур надодааст, ки аз тазаккури лафзӣ болотар бираванд. Бар пояи қавонини исломӣ, дар Эрон занҳо бояд мӯйҳои худро дар зери рӯсарӣ пинҳон кунанд ва либоси кушод бипӯшанд.

Шаҳидухти Мулловердӣ, ноиби раисиҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода бо баёни ин ки маталакгӯӣ (гаппаронӣ), кислотапошӣ ва рафтори амсоли ин намунаҳои хушунат алайҳи занон дар ҷомеаи Эрон аст, гуфт, фаъолиятҳоеро дар заминаи тавонмандсозии занон, ба манзури пешгирӣ аз хушунат алайҳи онҳо анҷом медиҳад.

Зояндарӯди Исфаҳон
Зояндарӯди Исфаҳон

Бо вуҷуде ки хабаргузории ИСНО аз қавли хабарнигори порлумониаш эълом кард, ки намояндагон дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи худ дар маҷлис ҳеҷ ишорае ба ҳодисаҳои ахири кислотапошӣ накардаанд, аммо хабарнигорон дидгоҳи бархеи онҳоро хориҷ аз маҷлис инъикос доданд. Аз ҷумла Аббосалии Мансурӣ, як узви кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфт, бархе саъй доранд, мавзӯи кислотапоширо ба баҳси “ҳиҷобу ифоф ва фаризаи амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар” вобаста кунанд, ки ин шабеҳи иқдомотест, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ба думболи иҷрои он аст.

Меҳрангези Кор, ҳуқуқдон ва фаъоли иҷтимоӣ, иқдомоте чун кислотапошӣ ва эъмоли хушунати алайҳи занон дар ҷомеаи Эронро паёмади наҳви бархӯрди масъулон ба занҳо дар матбуоти кишвар медонад. Ӯ мегӯяд, “ба назари ман ин баҳсҳое, ки авҷ гирифтаанд дар Маҷлис, дар ҷамоате ба номи Ҳизбуллоҳ, дар нерӯи интизомӣ, дар садову симои Ҷумҳурии исломӣ ва ба таври куллӣ дар ҷараёни намозҳои ҷумъа, ки баҳси “амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар”- ро дар ҷойи мавзӯи дар раъси умур, ки албатта комилан мутамарказ мешавад ва бар баҳси пӯшиши занон ва чигунагии рафтори занон, метавонад пояи аслии ин ҳаводисе бошад, ки ахиран дар Исфаҳон шоҳидаш будем.”

Меҳрангези Кор мегӯяд, агар ба ин масъала дуруст бархӯрд нашавад ва шахси Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон агар ба он дахолат накунад, ин гуна амалҳо идома пайдо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, калимаҳои таҳқиромез дар ҳаққи занон, ки муназзам аз тариқи садову симо аз тарафи баъзе рӯҳониён пахш мешаванд, билохира як ҷамоатеро рӯи кор меорад, ки аз амалҳои мисли кислотапошӣ кор бигиранд.

Яке аз мошинҳои ҳамлашуда дар Исфаҳон
Яке аз мошинҳои ҳамлашуда дар Исфаҳон

Қабл аз як манбаъи мӯътамад дар Исфаҳон ба бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавон, камҳиҷоб ва зебо будан мушаххасоти муштараки занонест, ки ахиран дар ин шаҳр бо кислота ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Ҳония, яке аз духтарони Исфаҳонӣ дар гузорише, ки хабаргузории ИСНО рӯзи якшанбе мунташир кард, аз як рақами телефони ношинос ҳушдор гирифтааст, ки агар ҳиҷобашро риоят накунад, омодаи кислотапошӣ бошад.

Ба гуфтаи хабаргузории ИСНО, падари Сурайё Ҷӯркаш --яке аз духтароне, ки ба рӯи ӯ кислота пошидаанд ва қаблан бо номи мустаори Нидо ёдоварӣ мешуд, гуфтааст, “зиндагии духтарам табоҳ шуд ва акнун дигар фоида надорад, ки номи мустаор барои ӯ бинависед. Бояд бо номи воқеъияш масъулон ба фарёдаш бирасанд.”

Ба думболи рух додани ин кислотапошиҳо, занон дар мусоҳибаҳо ба хабаргузории ИСНО, бидуни зикри номи худ, аз эҳсоси ноамнӣ барои хуруҷ аз хона ва иттифоқ афтодани ҳодисаҳои монанд ба кислотапошӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин сокинон, шаҳри пурсайёҳи Исфаҳон акнун дар ваҳшату ноамнӣ ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG