Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавридҳои исқоти ҳамл дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон соли 2014 мавридҳои исқоти ҳамл ва ё аборт афзоиш ёфтааст, ҳарчанд вазъ дигар мисли солҳои 1990-ум нест.

Гулчеҳра, сокини 35-солаи ноҳияи Ҳисор ҳар сол як ё ду бор аз ноилоҷӣ исқоти ҳамл мекунад, зеро чаҳор фарзанд дорад ва аз ин бештар дигар намехоҳад кӯдакдор шавад. Ҳар сол баъди ин амалҳо хунрезии шадид мешавад ва маҷбур аст, ба дарди ҷонкоҳ низ тоб оварад. Ҳоло як зани лоғару бемадор аст ва саломатиашро ҳам аз даст додааст. Соли саввум, вақте Гулчеҳра ба шифохона рафт, табиби занонааш ба хашм омада гуфт, ки шавҳари “беинсофу номусулмонашро” ба назди ӯ биёрад, ки ҷони зани бечораро ин қадар дар азоб нагузорад.

Шавҳари Гулчеҳра аз истифодаи рифола (презерватив) ҳазар мекунад ва худи ӯ наметавонад васоили дигарро истифода барад, зеро дору вазъашро бад мекунад ва ё “спирал” (воситаи дохилираҳмии ҷилавгирӣ) сабаби хунрезии тулонӣ мешавад. Вай мегӯяд, ки шавҳараш рифоларо як чизи "ғайриисломӣ" меҳисобад ва аз сӯи дигар, хушаш намеояд, ки аз он ба ҳангоми равобит бо ҳамсар истифода кунад. Ин зан мегӯяд, ки ҳамешад дар ҳолати баҳс бо шавҳар аст.

Гулчеҳра соли 2014 ҳам ба назди табибаш рафту дар афзоиши исқоти ҳамл дар Тоҷикистон саҳм гузошт. Дар Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар саросари кишвар соли 2014-ум, бештар аз 17340 мавриди исқоти ҳамл сабт шудааст, ки назар ба соли 2013 зиёдтар аст. “Соли 2013-ум 15974 мавриди исқоти ҳамл дар Тоҷикистон сабт шуд ва соли 2014 ин рақам ба 17347 расид. Азбаски омор дар бораи исқоти ҳамл аз тарафи вазорати тандурустӣ солона пешниҳод мешавад, мо омори соли 2015-ро ҳоло надорем.”- гуфт як масъули Оҷонсии Омор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Яъне дар муқоиса ба соли 2013-ум соли гузашта якуним ҳазор мавриди исқоти ҳамл дар Тоҷикистон зиёдтар сабт шудааст.

Аммо мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ вазъи воқеиро нишон намедиҳад, зеро бисёре аз занон дар Тоҷикистон мехоҳанд, ин амалашон пинҳон монад, чунки аз хушдомани “наберадӯстдор” метарсанд ва ё намехоҳанд, дар санадҳои вазорати тандурустӣ номашон сабт нашавад, ки фалон зан кӯдаки батнашро дар ҳафтаи 12-уми умраш гирифт. Танфурӯшон ҳам бо роҳҳои пинҳонӣ аз фарзанди нохостаи падари номаълум ҳам халос мешаванд. Баъзе шифохонаҳо низ ингуна ҳолатҳоро сабт намекунанд.

Ҳақназар Нарзуллоев, як табиби тоҷик мегӯяд, ки омори расмӣ дар ин замина шояд "5 то 10 маротиба зиёд бошад. Дар шифохонаҳои хусусӣ аборт мекунанд, ки сабт намешавад, бисёрашон намехоҳанд, ки номашон дар санадҳо зикр шавад ва ин корро пинҳонӣ мекунанд“, гуфт ӯ. Ин табиб мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки танҳо дар худи шаҳри Душанбе, ки тақрибан 1 миллион нафар аҳолӣ дорад, солона 17 ҳазор зан исқоти ҳамл кунанд.

Сабабҳои поён додан ба умри ҷанин дар Тоҷикистон гуногун аст. Аксарияти занон ба сабаби қатъ кардани ҳамли нохоста ба табибон муроҷиат мекардаанд, қисмати дигар баъди маълум шудани нуқс дар ҷанин намехостаанд фарзанди маъюб таввалуд кунанд:

“Сабаби асосии исқоти ҳамл дар байни занон дар он аст, ки бисёре аз мардон дар кишвари мусулмоннишини мо аслан намехоҳанд аз васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ истифода баранд. Биноан, зани бечора аз ноилоҷӣ ба ғайр исқоти ҳамл дигар чӣ кор мекунад, чунки медонад, фарзанди дигар як сарборӣ барои оила мешавад. Як сабаби дигар, издивоҷи бармаҳал дар миёни духтарон аст, ки дар бораи васоили ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ чизе намедонанд, аз ин сабаб ҳомиладории нохоста зиёд мешавад”, – гуфт Рустам Тоҳиров, директори иҷроияи Алянси танзими оила дар Тоҷикистон, ки машваратҳо дар бораи васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ва исқоти ҳамл як самти кораш аст.

Омилҳои дигар ҳам вуҷуд доштааст, аз ҷумла як гурӯҳе аз занон, ки шавҳарашон зиндонӣ шудаанд, намехостаанд, фарзанди ояндаашон бепадар бузург шавад ва аз ин сабаб ба исқоти ҳамл рӯ меовардаанд.

Аммо на ҳама барои анҷоми ин амали хатарнок пеши табиб мерафтаанд, бахусус духтарони ҷавоне, ки пеш аз издивоҷ ҳомила шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисон дар Тоҷикистон, абортҳои худсарона, ки занон анҷом медиҳанд, ҳанӯз ҳам зиёд аст ва ин сабаби осеб дидани сиҳатии зан мешавад ва имкон дорад, ки ӯро ба бемориҳои гуногун гирифтор кунад ва ба безурётӣ расонад. Аммо Рустам Тоҳиров мегӯяд, солҳои ахир асосан бо роҳи истеъмоли дору ҷанинро меафтондаанд ва амалиёт барои гирифтани кӯдак бисёр кам анҷом мешавад.

Исқоти ҳамл дар миёни табақаҳои шаҳрнишин зиёдтар будааст ва аксари заноне, ки ин корро мекунанд, ҳамсину соли Гулчеҳра будаанд. Бино ба як пажӯҳиши фарогири тиббӣ, ки соли 2012 дар саросари Тоҷикистон анҷом шуд, аксаран занон аз 30 то 35-солаи тоҷик бештар бо ҳадафи танзими оила ва зиёд нашудани фарзандон исқоти ҳамл мекардаанд, ҳарчанд ин кор дар миёни духтарони аз 25 то 29-сола ва 15 то 19-сола ҳам таҷриба мешавад. Ҳарчанд омори соли 2014 тамоюли афзоиши исқоти ҳамлро нишон медиҳад, вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи чанд соли ахир дар самти коҳиши ин амал, ки илоҷи охирин барои танзими оила аст, ба пешрафти зиёд ноил шудаанд.

Дар солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон аз миёни се зан яке ва ё солона тақрибан 40 ҳазор зан ихтиёрӣ ва ё дар назди табиб исқоти ҳамл мекардаанд. Қабули барномаи танзими оила ва ривоҷ ёфтани истифода аз васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ имкон додааст, ки ин амал дар миёни бонувон ба таври чашмгир коҳиш ёбад. Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, беҳтарин роҳ аз байн бурдани исқоти ҳамл дар Тоҷикистон ва ҳамингуна ҳифзи сиҳатии занон, ривоҷ додани истифода аз васоили пешгирӣ аз бордорӣ ба мисли рифола, доруҳо ва васоили дохилираҳмии зидди ҳомиладорӣ аст, ки дар ҳар дорухона ва ё шифохона дастрас кардан мумкин аст. Вале онгуна ки Гулчеҳра мегӯяд, беҳтарин роҳ тағйир додани афкори бисёре аз мардон дар Тоҷикистон аст, ки ин васоилро “ғайрисломӣ” меноманд ва ё бо ҳамин баҳона намехоҳанд, аз он истифода баранд.

XS
SM
MD
LG