Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бо дастони худ”, китоби наве дар бораи Помир


Муқоваи китоби "Бо дастони худ"
Муқоваи китоби "Бо дастони худ"

Дар Лондон зери унвони “Бо дастони худ” китобе ба забонҳои англисӣ ва форсӣ ва ҳуруфи сириллик ба нашр расид, ки ҳаёти мардуми кӯҳистони Помирро дар ду тарафи марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвир гирифтааст.

Сарлавҳаи дувуми китоби “Бо дастони худ” ин гуна аст: “Ҷашвораи хӯрок ва ҳаёт дар кӯҳҳои Помири Афғонистон ва Тоҷикистон”. Ғизо ва зиндагӣ – ду чизе ки мардуми кӯҳистон бо дастони худ месозад.

Муаллифони китоб Фредерик ван Оуденҳовен ва Ҷамила Ҳайдар дар муаррифии китоби худ мегӯянд, достон аз он ҷо сар мешавад, ки тирамоҳи соли 2009 ба назди бибикалоне дар рустои Муни водии Ғунд назди ду пажӯҳишгари ҷавон меояд ва мехоҳад, таомномаи қадимтарин ва беҳтарин ғизои худро барояшон диҳад. “Ман мехоҳам, ҳоло ки онро фаромӯш накардаам, бароятон расонам, то ҳифз шавад ва ба фарзандону наберагонам расад,” – мегӯяд ӯ.

Нақли ӯ дар ҳалқаи хонавода ва ҳамсоягонаш аз масолеҳи он таоми бостонӣ сар шуда, ба қиссаи наҷибу нодире аз суннату анъанаҳои мардуми Помир табдил ёфт ва то ба имрӯзе, ки Бадахшон дар остонаи дигаргуниҳои замони нав аст, расид. Дар солҳои баъдӣ даҳҳо бибӣ ва бобокалон ба ин нақл ҳамроҳ шуданд ва ҳам даҳҳо фарзанд, муаллиму кишоварз ҳарфи худро гуфтанд. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба китоби “Бо дастони худ” табдил ёфт., ки як чеҳранигории нотакроре аз мардуми кӯҳистони Бадахшон дар Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

Ин таърихи шифоҳиро олими ҳолландӣ Фредерик ван Оуденҳовен ва корманди Маркази ҷаҳони рушди устувор дар Стокҳолм Ҷамила Ҳайдар ба як китобе табдил доданд, ки 1800 нусхаи он барои мактабу китобхона, муассисаҳои фарҳангӣ ва сокинони Бадахшони Афғонистон ва Тоҷикистон фиристода мешавад.

“Бо дастони худ” шояд нахустин пажӯҳиши густардаи таърихи фарҳанг ва кишоварзии помириҳои Тоҷикистону Афғонистон аст, ки хеле кам ва ба таври пароканда таҳқиқ шудааст.

Фредерик ван Оуденҳовен анъанаҳои кишоварзии ҷомеаҳои бумии Амрико Лотин ва Осиёи Марказиро меомӯзад ва аз соли 2007 то 2010 ҳамчун корманди Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Гуногунии Биологӣ ва ҳамоҳангсози барномаҳоои башарӣ дар кӯҳҳои Помир кор карда, яке аз ҳадафҳояш эҳёи мероси фарҳанги биологии ҷомеаҳои бумист.

Ҷамила Ҳайдар пас аз хатми Донишгоҳи Кембриҷ муддате аз тарафи Бунёди Оғохон ба Помир сафар кард ва ҳоло дар бахши ҷуғрофиёи Донишгоҳи Стокҳол рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад.

Муаллифон дар пешгуфтори китоб навиштаанд, ки бо сад таомномаи мардуми Бадахшон ва аксҳои нодир ҳаёти ҳаррӯзаи одамонро дар ин минтақаи дурафтода ва роҳбаста намудор кардаанд. Онҳо мегӯянд: “Дар рӯзгороне, ки камбизоатӣ, низоъҳо ва нооромиҳои сиёсӣ худшиносии мардумро ба мушкил кашондаанд, таоми онҳо ба як абзори нерӯманди эҳё табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG