Баргузидаҳо
Обама
Вохӯриҳо дар Душанбе
Веблоги Горӣ
Раиси Чин
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Шанбе, Август 30, 2008 Соат ба вақти Душанбе 11:01
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Ҷаҳон
СММ ва хушунатҳо дар Афғонистон
Харобаҳои ҷанги Афғонистон аз даҳсолаҳои ноором ҳикоят мекунанд.
13.03.2008
Салими Аюбзод
Дабири кулли СММ, Бан Ги-мун дар ҷаласаи Шӯрои Амният аз афзоиши хушунат дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, шумори ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар босуръат афзоиш ёфта, соли гузашта дар онҳо зиёда аз ҳашт ҳазор нафар кушта шудааст.
Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ дар Афғонистон 566 ҳамлаву хунрезӣ ба амал омадааст, ки нисбат ба соли гузашта 150 адад бештар аст. Баҳси асосӣ дар Шӯрои Амнияти СММ дар робита ба таъини намояндаи нави ин созмон дар Афғонистон ба он ихтисос ёфт, ки чигуна мешавад вазъро беҳбуд бахшид.
Баҳси асосӣ дар ҷаласаи ахири Шӯрои Амният дар масъалаи Афғонистон сари камбуди ҳамоҳангӣ дар фаъолияти ҳозирони ин саҳна чархид. Аксари сухангӯён аз камбуд ва ҳатто набуди ҳамоҳангӣ дар фаъолиятҳои байнулмилалӣ ва маҳаллӣ, осоишта ва низомӣ, фаврӣ ва дарозмуддат шиква карданд.
Ин ҳам дар пасманзари инсиҷому назми бештар ёфтани амалиёти ошӯбгарон дар кишвар ва афзоиши ин ҳамлаҳои муташаккил. Ноиби Дабири кулли СММ дар умури посдории сулҳ Жан-Марӣ Гуйҳенно гуфт:
"Мо бо ошӯбе рӯбарӯ шудаем, ки зиёда аз интизори мо қавӣ ва зиёда аз фаҳми мо бераҳмона аст."
Ин ҳам дар ҳоле ки сохторҳои ҳукумат дар муддати зиёда аз ҳашт соли охир ҳамоно шикананда ва нотавон буда, ба ҳамаи қаламрави Афғонистон назорат надоранд ва фасоду ришват онҳоро фурӯ мебарад, нерӯҳои байнулмилал бо дили нохоҳам ба манотиқи ноамн ирсол мешаванд, сармояҳои тиҷорати маводи мухаддир ба ҳифзи холигоҳи назорату қудрат корбаст мегардад.
Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар посух ба суоли пас чи бояд кард, ҳамзамон бо тамдид инчунин густариши мандати созмон дар Афғонистонро пешниҳод карданд. Вале зоҳиран ин пешниҳод қабул нашуд.
Сафири Амрико дар Созмони Милал, Залмай Халилзод гуфт: "
Афғонҳо ҳазорсолаҳо ба кишвари худ ҳукумат кардаанд. Вазифаи мо ин нест, ки ба ҷои онҳо кор кунем, балки ба кишвари онон кумак кунем, ҳарчи зудтар ба пои худ биистад."
Сафири Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Зоҳири Танин низ аз ин андеша пуштионӣ кард ва хостори танҳо тақвияти кори Созмони Милал дар кишвараш шуд:
"Тамдиди мандат уҳдадории давомдори Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистонро нишон медиҳад. Мо ҳамчунин умедворем, он оғози нақши қавитар, танзимшуда ва босамартари Созмони Милал дар Афғонистон бошад."
Намояндаи нави Созмони Милал дар Афғонистон, дипломати норвегӣ Кай Эйде низ нақши худ ва ҷомеаи ҷаҳониро дар Афғонистон кумаккунанда номид ва масъулияти асосиро бар дӯши ҳукумати Кобул гузошт. Натиҷаи ҷаласаи ин шуд, ки нақши Созмони Милал дар Афғонистон бояд ба гунае ки ҳаст, боқӣ бимонад, аммо тамаркузи он рушантар ва самти кораш саҳеҳтар шавад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Навиштаҳои дигари муаллиф
Расми видоъ бо Александр Солженитсин
Олег Панфилов: Шурпоевро тоҷикон накуштаанд
Истеъфои Олмурт ва сулҳи Ховари Миёна
Дар нимароҳи қонунҳои шариат
Кӣ чанд пул музд мегирад?
Матлаби бештар
Тозатарин матолиб
Ҷон Маккейн ноиби худро таъин кард
Обама мегӯяд, ҳамин кофист! (Видео)
Ҳамлаи мусаллаҳона ба милисаҳо
Д. Медведев: «Мо соҳаи алоҳидаи ҳамкорӣ дорем»
Нишасти навбатии СҲШ: суъолҳои посухталаб
Пурхонандатаринҳо
Нахустин нуқраи олимпии Тоҷикистон
Ин зимистон барқ хоҳад буд ё на?
Ислом: Дини сулҳ ё ситам?
Густариши равобити Тоҷикистон ва Чин (Видео)
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон