Баргузидаҳо
Путин ва Каримов
Чейнӣ
Нақли ҷосус
Рамазон
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Шанбе, Сентябр 06, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:42
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Фарҳанг ва андеша
Дидори Хотамӣ ва поп Бенедикт
05.05.2007
Президенти пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ дар дидор бо попи Рум Бенедикт гуфт, захми дили мусулмонон ҳамоно хеле амиқ аст, аз ҷумла захме ки аз суханони поп дар моҳи сентябри соли гузашта ба дилҳо нишастааст.
"Ва куллан захмҳои зиёде ҳаст, ки наметавон ба осонӣ шифояшон дод",
гуфт Хотамӣ ба хабарнигорон ҳанӯз қабл аз оғози дидораш бо Бенедикт.
Моҳи сентябри соли гузашта поп Бенедикт таърихномаи қадимиеро нақл кард, ки тибқи он дини ислом ба ҷаҳон ба ғайр аз хушунату зӯроварӣ чизе наовардааст. Дертар, пас аз эътирозҳои густардаи мусулмонон дар сартосари ҷаҳон попи Рум зоҳиран маъзарат хост, вале аз забони чунин марҷаъи олии дини масеҳӣ садо додани суханони зидди ислом барои бисёриҳо аламовар буд.
Дафтари матбуъоти Вотикон гуфт, Бенедикт ва Хотамӣ наздик ба 30 дақиқа ба воситаи тарҷумон аз "муколамаи тамаддунҳо" дар ҷаҳони имрӯз ба хотири коҳиши шиддат ва таҳкими сулҳу тафоҳум сӯҳбат карданд. Онҳо аз ҷаласаи байнулмилалӣ дар Шарм-уш-шайхи Миср бахшида ба амнияти Ироқ пуштибонӣ карданд ва ҳамчунин роҳҳои ҳимояи ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Эрон ва Ховари Миёнаро баррасӣ намуданд. Хотамӣ гуфт, вай бар ин аст, ки Масеҳият ва Ислом ҳамчун динҳои тавҳид ва ба хотири беҳбуди равобит бояд решаҳои муштараки худро бозҷӯӣ кунанд.
"Агар ҷомеаҳои масеҳӣ ва мусулмон танҳо ба ишқ ва адл такия кунанд, метавонанд усули бунёдии худро дубора эҳё кунанд, якҷоя бар зидди хушунат ва тундравӣ мубориза баранд ва он гоҳ шифои захмҳоро пайдо хоҳанд кард."
Хотамӣ дар Вотикон дар анҷумане ширкат мекунад, ки ба ҳамкории тамаддунҳо бахшида шудааст. Ин анҷуман мебоист моҳи октябри соли гузшта барпо мешуд, вале баъд аз суханони поп ва эътирози мусулмонон ба таъвиқ афтод. Хотамӣ дар ин анҷумен гуфт, ҳеч кас ҳақ надорад, номи худоро бо мақсади шурӯъи ҷанг ё нашри танаффур истифода кунад.
"Ҳарду дини ҷаҳонӣ бояд вориди муколамаи самимона ва амалӣ шаванд, то сулҳро ба даст оранд ва терроризму ҷангро аз байн баранд."
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Эъломияи сарони Созмони амнияти дастаҷамъӣ
Вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон
Бозори "Зарнисор"-ро чаро бастанд?
Чейнӣ аз тамоюли Киев ба НАТО ҳимоят кард
Бунёди нерӯгоҳҳои худсоз
Пурхонандатаринҳо
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон
Нақли собиқ афсари хадамоти амнияти Узбакистон
Густариши равобити Тоҷикистон ва Чин (Видео)
Комёбии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова
Журналисти мақтули тоҷик ба хок супурда шуд