Баргузидаҳо
Путин ва Каримов
Чейнӣ
Нақли ҷосус
Рамазон
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Шанбе, Сентябр 06, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:43
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Садои ҳамватан
Рафтори ношоиста бо муҳоҷирони беҳимоят
17.05.2006
Дар гузориши тозаи Шӯрои Аврупо гуфта шудааст, дар Русия ба муҳоҷирони корӣ ва паноҳандагон муносибати нажодпарастона сурат мегирад. Дар гузориш омадааст: «Низоми сабти иқомати муваққатӣ намунаи гӯёи табъизи нажодӣ дар Русия ба шумор меравад. Шӯрои Аврупо дар гузориш аз мақомоти Русия хостори бозбинии ҷиддии низоми сабти иқомати муваққатӣ ва аз байн бурдани ҷанбаи табъизомези ин низом шудааст. Бино ба гузориш, пулиси Русия маҳз бо сӯйистифода аз низоми сабти иқомат ба таъбизи аққалиятҳои миллӣ даст мезанад.
Дар ҳуҷҷат тавзеҳ шудааст: чеченҳо, дигар зодагони Қафқоз, лӯлиён, туркҳои месҳетӣ, атбоъи давлатҳои муштаракулманофеъ, африқоиҳо, осиёиҳо ва ҳамчунин аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла яҳудиён, аз ҳама бештар ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст қарор мегиранд. Бино ба хулосаи муаллифони гузориш, дар Русия зӯроварӣ дар заминаи нажодпарастӣ ва гуфтаҳои бегонаситезӣ дар сиёсат афзоиш ёфтааст. Дар гузориш муҷозоти ҳар гуна талоши барангехтани бадбинии миллӣ дар расонаҳои хабарӣ зарур ва муҳим дониста шудааст.
Ин нуктаҳои гузоришро Константин Косачев - райиси кумитаи умури байналмиллалии Думаи Давлатии Русия тасдиқ кардааст. Вай гуфтааст, дар масъалаи нажодпарастӣ вазъ дар Русия аз бештари кишварҳои узви Шӯрои Аврупо шадидтар аст ва ин воқеъиятро рад кардан душвор аст.
Ҳамзамон Лев Пономарев - раиси Ҷунбиши Ҳуқущи Башар гузориши Шӯрои Аврупоро барои Русия бисёр мубрам медонад: «Раиси ҷумҳури Русия то кунун масъалаи мубориза бо бегонаситезӣ, нажодпарастӣ ва фашизмро бо мақомдорон матраҳ накардааст, ки аломати нодида гирифтани мушкилот мебошад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Эъломияи сарони Созмони амнияти дастаҷамъӣ
Вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон
Бозори "Зарнисор"-ро чаро бастанд?
Чейнӣ аз тамоюли Киев ба НАТО ҳимоят кард
Бунёди нерӯгоҳҳои худсоз
Пурхонандатаринҳо
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон
Нақли собиқ афсари хадамоти амнияти Узбакистон
Густариши равобити Тоҷикистон ва Чин (Видео)
Комёбии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова
Журналисти мақтули тоҷик ба хок супурда шуд