Баргузидаҳо
Зардорӣ
Пирӯзии Таҳмина
Қатли журналисти тоҷик
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Душанбе, Сентябр 08, 2008 Соат ба вақти Душанбе 04:36
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Барги сабз
Зукоми пишак?
06.03.2006
Олимону табибон мегӯянд, ки гирифтор шудани пишак ба зукоми парранда ҳатман нишони афзоиш ёфтани хатари ин беморӣ ба инсон намебошад. Мутахассиси зукоми мурғӣ дар Донишгоҳи улуми вирус дар шаҳри Ротердами Ҳоланд Алберт Остерҳауз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шояд барои одамони оддӣ хабари нав бошад, вале олимон чанд вақт аст иттилоъ доштанд, ки имкони ба гурба сироят кардани зукоми парранда мавҷуд аст:
Дар Тайиланд мушоҳида шуд, ки гурбаҳои бузург -- палангу леопардҳо лошаи паррандаҳоеро, ки аз зукоми мурғӣ фавтидаанд, хӯрда, худ ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва беморӣ аз як гурбаи бузург ба дигар гурбаи бузург сироят мекард. Мо низ бо гурбаҳои хонагӣ таҷриба гузаронида будем ва озмоиши мо нишон дод, ки вируси зукоми мурғӣ аз гурба ба гурба сироят мекунад.
Вале оё вируси зукоми мурғӣ аз гурба ба одам низ сироят мекунад?
Албетр Остерҳауз:
Дар назария сирояти зукоми мурғӣ аз гурба ба инсон имконпазир аст, агарчи ин вирус тавассути гурбаҳо ба таври оммавӣ паҳн намешавад. Мутаваҷҷеҳ бошед, ки агар дар минтақаи шумо зукоми мурғӣ дар паррандаҳои ваҳшӣ ё хонагӣ ошкор гардида бошанд, шумо бояд гурбаи худро эҳтиёт кунед ва дар хона нигоҳ доред.
Хулоса, машварати табибон ин аст, ки агар шумо дар минтақае зиндагӣ мекунед, ки он ҷо зукоми мурғӣ ошкор шудааст, гурбаи худро дар даруни хона нигоҳ доред, то бо паррандаҳои бемор, бо ҷасад ё пари онҳо дар тамос нашавад.
Ғайр аз он, ба гуфтаи духтури ҳайвонот Алеандро Тиерман, дигар ҷойи ташвиши иловагӣ нест. Тиерман, ки раиси Маркази байналмилалии сиҳҳати ҳайвонот аст, мегӯяд, гирифтор шудани гурба ба зукоми мурғӣ ҳанӯз нишони он нест, ки вируси ин беморӣ шакл ва имконоти худро дигар кардааст:
Мо медонем, ки ширхорҳо дар муқобили ин беморӣ ҳассос мебошанд, вале бояд дид, ки то кунун ҳудуди 140 миллион паранда нобуд карда шуда ва тибқи рақамҳои расмӣ, дар байни одамон танҳо 160 нафар ба бемории зукоми мурғӣ гирифтор шуданд. Бале, ин боиси ташвиш аст ва одамон бояд вазъиятро назорат кунанд, вале тамаркуз бояд ҳамоно сари мубориза ба зидди зукоми мурғӣ дар байни парандаҳо бошад. Ин аст, ҷое, ки мо бояд мубориза барем ва ин аст ҷое, ки мо василаи муборизаро дорем.
Вале дар ҳамин ҳол, дар Олмон, дар минтақае, ки зукоми мурғӣ дар гурба ошкор шуд, мардум ва мақомоти расмӣ ба истилоҳ, хотирҷамъ шуданӣ нестанд. Тибқи супориши раҳбарони маҳаллӣ тамоми гурбаҳое, ки дар фосилаи 200 метр аз минтақаҳои аҳолинишин дида мешаванд, нобуд карда мешаванд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Тамринҳои ҳарбии Русия дар Амрикои Лотин
Ҷашни пирӯзии Осаф Алӣ Зардорӣ
Бозиҳои 13-уми паралимпӣ дар Пекин оғоз шуданд
Аз «Тиҷорат дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ карданд
Зардорӣ президенти Покистон шуд
Пурхонандатаринҳо
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон
Нақли собиқ афсари хадамоти амнияти Узбакистон
Комёбии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова
Журналисти мақтули тоҷик ба хок супурда шуд
New York Times дар бораи Тоҷикистон