Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Cешанбе, Декабр 02, 2008 Соат ба вақти Душанбе 21:58
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Фарҳанг ва андеша
«Зуҳури навини Сӯҳроб» дар Тоҷикистон
10.02.2005
Тоҷикон ҳатто дар замоне, ки шӯравии саросарӣ ватани милали сусиёлистӣ маҳсуб мешуд, низ "Шоҳнома" ва Фирдавсиро асли ғояи ватандорӣ ва ҳамосаи бузургӣ ва паҳлавон медонистанд. Ривоят ва корномаҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» умдатан ба сурати шифоҳӣ аз забон ба забон мегузашт, аммо дар Тоҷикистон то кунун ду даъфа матни комили ин асар бо хати сириллик мунташир шудааст. Ва достонҳои ҷудогонаи он ба сурати филмҳои ҳунарӣ ва намоишҳои театрӣ рӯи саҳна омадааст. Боймурод Шарифзода раиси факултаи адабиёти Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, имрӯз «Шоҳнома» ва ғояи он беш аз ҳар замони дигар барои тоҷикон муҳим шудааст.
Далелҳои Боймуроди Шарифзода
Ба назари ин устоди адабиёти форсӣ рӯҳи ҳамосии «Шоҳнома» агарчанд акнун камтар ба он аҳамият қойил ҳастем, аммо ғайриихтиёр дар мо асар гузоштааст. Оқои Шарифзода мегӯяд, рӯҳи ҳамосие, ки Фирдавсӣ суруда ва талқин мекунад, як омили пойдории давлатҳои миллии эронӣ будааст. Ҳатто онҳое, ки Фирдавсӣ ситезӣ ҳам мекунанд, ғайри ихтиёр рӯҳи ҳамосиро аз "Шоҳнома" тавассути афкори мардум пазируфтаанд. Ва рамзи рӯҳи ҳамосӣ ва тимсоли ватан Рустам аст, ки ҳама эрониён вомдори ӯ ҳастанд. Аз оқои Шарифзода мепурсам, ки оё шунидааст, ки бархе мунақиддони Фирдавсӣ мегӯянд, ки Рустам бо ин ҳама вуҷуди номоварӣ мисли ҳама ҷанговарон як қаҳрамони одамкуш буд. Ва чӣ панде метавон омӯхт?
Ин ҷумлаи сабзро клик кунед, то посухи суолро бишнавед.
Ва Сӯҳроб дар саҳнаи театри тоҷик баъди гузашти чандин сол дигарбора падид омадааст. Имрӯз нахустнамоиши «Зуҳури навини Сӯҳроб» дар саҳнаи ин театр, доир шуд.
Ва ин порае аз намоиш аст.
Руҷӯъ ба Фирдавсӣ ва рӯҳи Сӯҳроб ба чӣ зарурате пеш омада. Аз Фирӯз Умаров коргардони намоиш мепурсам, ки ангезаи рӯи саҳна омадани намоиш чӣ буд? Ва паёми ин намоишнома чист?
Ҷумлаи сабзро зер кунед, то Фирӯз Умаров ба шумо посух гӯяд.
Аммо Нурулло Абдуллоев офарандаи нақши Ковус дар намоишномаи «Зуҳури Сӯҳроб» андаке ба хилофи назари устоди адабиёт мӯътақид аст, ки фоҷиаи Сӯҳроб натиҷаи фитна ва сӯи тафоҳум дар ҷомеаи як миллат аст.
Андешаҳои Нуруллои Абдулло
Ба ҳамин тартиб бардоштҳо низ аз «Шоҳнома» мухталиф ба назар мерасад. Вале ба ҳар ҳол масъулае, ки қобили баҳс нест, ҷовидонии «Шоҳнома» ва ин суханони Мӯъмин Қаноъат дар оғози намоиш буд, ки мегуфт, ҳазор соле, ки ҳукуматҳои эронӣ таҳти аносири арабу турку муғули манғит будаанд, «Шоҳнома» буд, ки ин забони форсиро поянда дошт ва ҳамин «Шоҳнома» кофист, ки боз ҳазор соли дигар ин миллати эронӣ зинда бошад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия