Варзиш

М. Ҳусейнхоҷаев – пешсафи «Шабҳои сафед»

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

26.06.2008

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот «Шабҳои сафед» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пас аз 5 даври мусобиқот бо 4,5 имтиёз дар гурӯҳи пешсафон дохил аст.

Вай бар чаҳор нафар шатранҷбозони Русия - Василий Ермолов, Андрей Починков, Леонид Бочаров ва Олег Орлов - пирӯз гардида, бозиро бо Войте Коварж, аз Ҷумҳурии Чех, мусовӣ анҷом дод.  

 

Муҳаммадхоҷаи 21-сола, ки қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон байни ҷавонон аст, феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва барои такмили маҳорати худ дар мусобиқоти мухталиф ширкат меварзад.

 

Ба ғайр аз Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев боз се шатранҷбози Русиягроссмейстерҳо Валерий Попов ва Денис Евсеев, устоди байнулмилалӣ Сергей Сивохо – 4,5 имтиёзӣ ба даст овардаанд.

 

Ин мусобиқот, ки аз 9 давр иборат аст, бо ширкати 146 нафар шатранҷбозони 6 кишварРусия, Арманистон, Булғористон, Латвия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех то рӯзи 29-уми июн идома хоҳад кард.

 

Ба ғолиби мусобиқот на камтар аз 20 ҳазор рубли русӣ супурда хоҳад шуд.