Минтақаҳо

Парвандаи сарбозони мардикор

15.08.2008

Додситонии низомии Хуҷанд баррасии парвандаи ду сарбози як қисми низомӣ, мустақар дар ноҳияи Мастчоҳро, ки дар минтақаи ҳаммарзи Узбакистон ба мардикорӣ машғул шудаанд, анҷом дода, ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳи низомӣ ирсол доштааст.

 

 

Муслим Худойбердиев, додраси додгоҳи низомии Хуҷанд, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев – ду сарбози қисми низомии мустақар дар Мастчоҳ, дар ибтидои моҳи феврали соли равон ба ноҳияи Пискенти Узбакистон, ҳаммарз бо ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон, гузашта, дар хонаҳои одамон дар муддати қариб як моҳ корҳои мухталифро иҷро мекарданд. Дар ҳамин ҳол онҳоро дар охири моҳ сарҳадбонони Узбакистон дастгир карда, ба ҷониби Тоҷикистон супориданд.

 

 

Додситонии низоми Хуҷанд баъди тафтиши ин қазия алайҳи сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев иттиҳомоти фирор аз қисми низомӣ, марзшиканӣ ва ошкор сохтани сирри давлатӣ эълон кардааст. Аммо ин сарбозон танҳо будубоши худ берун аз қисми ҳарбиро тан гирифта, вале иттиҳомоти фирор аз қисми ҳарбӣ ва ошкорсозии сирри  давлатиро радъ кардаанд. Зимнан ин ду сарбоз аз навоҳии Ҳисор ва Шаҳринав ба хидмати низомӣ ба вилояти Суғд даъват шуда, баъд аз чаҳор моҳи адои хидмати ҳарбӣ боздошт шудаанд.

 

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ,  ҷалби сарбозони ҷузъу томҳои низомии Суғд, ки дар онҳо ҷавонон хидмати ҳатмии ҳарбии худро адо мекунанд, ба корҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла ба корҳои кишоварзӣ ва ё шахсӣ ба ҳукми як одати маъмулӣ даромадааст. Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, масалан, қаблан ҷалби сарбозон ба асппарварӣ дар ноҳияи Ғончӣ ошкор шуда буд. Аммо ба гуфтаи вай, сарбозонро одатан ба ин гуна корҳои ғайр афсаронашон водор мекунанд.

 

Коршинос Тилав Расулзода инчунин афзуд, ки бо  роҳи мардикорӣ сарбозон вазъи иқтисодӣ ва хӯрду хӯроки худро дар артиш беҳтар мегардонанд ва гоҳе барои аҳли оилаи нодори худ ҳам каме пул меёбанд.

 

Дар ин иртибот падари яке аз сарбозон бидуни зикри номи худ афзуд,

ки чун ба сафҳои артиши Тоҷикистон асосан фарзандони одамони нодор ва камбағал ҷалб мешаванд, онҳо аз ҳар пешниҳоди бо роҳи кору мардикорӣ маблағ ёфтан рӯ наметобанд. 

 

Аммо ба гуфтаи ин падари сарбоз, афсарони артиш, ки сарбозонашонро ба тариқи ғайриқонунӣ барои мардикорӣ ба берун аз қисми низомӣ мефиристанд, дар ҳолати ба ягон мусибат гирифтор омадани сарбозон одатан аз онҳо ҳимоят намекунанд ва худро аз ҳодиса комилан бехабар вонамуд месозанд. 

 

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи додгоҳи низомии Хуҷанд, бозбинии додгоҳии ду сарбози дар мардикории Узбакистон ба дастафтода дар рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд .   

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1 (of 1)
Ном: Sodiq аз: Mastchoh
16.08.2008 11:53

Salom hamvatanoni aziz!!
Man hamchun sokini Mastchoh inro guftaniam ki 90% safar ba Uzbaciston ba tariqi gairi qonuni surat megirad. Zero davlat va davlatdoroni mo raftu omadro az tariqai qonuni in qadar mushkil kardaand ki 90% mardum boyad ba jinoyati hadi aqal marz shikani boyad zindoni shavand!!!
Ammo mutasifona in hamash be ahamiyati markaz (DUSHANBE) va jinoyatkor budani masulini himayat az marz va barkhurdi bad dar guzargohi marzi qonuni va be madaniyati kamandirho ba sarbozoni hofizi marzhoi qonuni, sababi in bebandu bori shudaast. Masalan in qadar beshuurand ki hatto ba mehmononi rasmi va qonuni tahqir mekunand. Studenthoi ke (tojikoni tavallud shuda va dar Qazoqiston zindagi mekunand) ba kvotai prizidenti ba donishgohhoi oli Tojikiston dokhil shudaro aziyat karda ozor medihand, va mutasifona dar surati pursidani nom va nasabi on ba istiloh KOMANDIRHO ba donishjuyon masqara karda meguyand: Gum shav.!!!
Az masuloni on bakhsh khohish mekunam ki dar har gumruk boyad nomere telefoni mobili shakhsi masuli rasidagi ba in qonun shikaniro misli kishvarhoi peshrafta hamchun Qazakhston navista dar joe ovezand ki ba chashmi guzarandoho rasad. Badi on mumkin ast in qonunshikaniho kam shavand!!!
Dar voqe khabarnigoron ham imruza ba vazifai khud on tavre ki boyad amal kunand namekunand, bayad ba marzho rafta az mardum intervyu girand.
Masalan vaqte ki man ba Qazoqiston safar kardam va az marzi qonuni on rad shudam didam nomeri telefonhoe ki dar surati beihtiromi ba grajdaninho metavonand ba on shumoraho zang zada shikoyat kunand, ba hamin dalel dar on jo migratsionniy karta bepul doda meshavad, ammo dar johoe ki telefoni shikoyat nest hatto nafaskashidan puli meshavad!!!

Шарҳҳо 1 (of 1)