Ҷавонон

Фирори ақлҳо ва мағзҳо аз Тоҷикистон

23.07.2008

Тоҷикистон бо шумори олимону пажуҳишгаронаш дар паҳнои кишварҳои собиқ шӯравӣ дар зинаи охирин қарор доштааст.

Тибқи иттилоъи фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳатто дар бархе аз соҳот дар Тоҷикистон то ҳол ягон олиме нест, ки кори илмӣ анҷом дода бошад. Ва аммо бархе аз соҳибназаронро аксаран канораҷӯии ҷавонон аз корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ нигарон кардааст. Онҳо бар ин назаранд, ки хатмкунандагони макотиби олии Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба илм ва таҳқиқу омӯзиш илмӣ хеле кам таваҷҷӯҳ мекунанд ва дар сар ҳавои гирифтани унвони илмӣ ҳам надоранд.

 

Ғиёсиддин Ривоҷов, академики илмҳои тибб, мегӯяд, имрӯз тафаккури ҷавонон дар қиёс ба ҷавонони шӯравӣ то андозае тағйир хурдааст ва дар миёни ин насл соҳиб шудан ба унвони илмӣ чандон нуфӯзу эътиборе низ надорад. 

 

Аксарият омили иқтисодӣ ва шароити бади молиро дар соҳоти илм боис ба канораҷӯии ҷавонон аз он медонанд. Ва Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, камбуди дастмузди олимону донишмандон боис ба  камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба корҳои илмӣ мегардад.

 

 

Маҳмадшо Илолов афзуд, олим имрӯз он маоше, ки барои пешбурди зиндагӣ ва кори илмиаш зарур аст, мутаасифона надорад. Ва дар баробари он, ки моро ҳукумат дастгирӣ мекунад, мо худ низ бояд имконияти даромади маблағро дошта бошем, вале, мутаасифона, ҳолати имрӯзаи кишвар ба ин имкон намедиҳад.

 

Бархе аз ҷавонони таҳсилкарда ҳам мегӯянд, бо монеъаву маҳдудиятҳои зиёд дар самти дастёбӣ ба унвонҳои илмӣ ва пажӯҳиш онҳо дилсард гаштаву омӯзиши танҳо як ихтисос ва фаъолият бурдан аз рӯи онро беҳтар медонанд.

 

Имруз шӯрои олимони ҷавони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 350 аъзои ҷавони аз 22 то 35-сола доштааст, ки аз ин миён танҳо 15 нафар номзади илмии худро ҳимоя намуда ва ба унвони олимӣ соҳиб гаштаанд.

 

Назруллоҳи Муҳаммадюсуф, раҳбари шӯрои олимони ҷавони Фарҳангистони улум, мегӯяд, ба фарқ аз чанд соли ахир баръакс таваҷҷӯҳи ҷавонон ба корҳои пажӯҳишиву илмӣ бештар мешавад ва аммо, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ин олимону донишмандони ҷавон ҳанӯз ихтироъ ё кашфиёти назаррасе мушоҳида нашудааст. Чун, ба қавли ӯ, дар аксари маврид онҳо шароити хуби дар амал татбиқ намудани корҳои илмиашонро надоранд.

 

Дар ҳамин ҳол Қурбонҷон Кабудов, номзади улуми техникӣ, мегӯяд, дар соҳоти илми дақиқ ҷавонони бодонишу болаёқат кам нестанд, вале ин илм имрӯз аз камбуди мутахассису донишмандон сахт танқисӣ мекашад. Чун аз як сӯ теъдоди хеле ками ҷавонон омӯзиши ин илмро интихоб мекунанд ва онҳое ҳам, ки риштаи илмҳои дақиқро меомӯзанд, ғолибан тарки ихтисоси худ мекунанд.

 

Барои ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ба андешаи Ғиёсиддин Ривоҷов, олими риштаи тиб, имрӯз бояд шумори шӯрову ҷамъиятҳои илмиро ба мисли даврони шӯравӣ зиёд ва кор дар байни ҷавононро муассир кард. Ва аммо бо ин ҳама Рӯҳафзо, як донишҷӯдухтар, мегӯяд, орзӯи дастёбӣ ба унвонҳои илмӣ ва навоварие дар соҳаи улумро дорад ва барои ин талош хоҳад кард. Ва аммо коршиносон ҳамоно талошҳои донишмадони ҷавони тоҷикро дар баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳон хеле ночиз арзёбӣ мекунанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: Форси
05.08.2008 16:35

Забону хатро форси кунед, то илм дошта бошед.


Ном: ОЛИМ аз: ДУШАНБЕ
04.08.2008 13:52

Ассалому алайкум хонандагони мухтарам.
Бисёр мавзуъи чолиб нашр шудааст. Факат дар баробарои гуфтаи дигар бародарон хаминро гуфтаниам, ки аз даст додани чунин кадрхои баландихтисос ва олимони маъруфу машхури Чумхуриамон пояи пешрафту давлатдории Ватанамон руз ба руз бадтар мешаваду ру ба танозул меорад.
Ба фикри банда, хифз ва нигох доштани чунин шахсиятхо арзишашон аз арзиши кони тиллову лочуварди Ватан хам зиёдтар аст.
Бояд ки ягон чораи маъмурие андешида шавад барои хавасманд ва таъмин кардани чунин шахсиятхо.


Ном: Шухрат аз: Хучанд
01.08.2008 10:47

Дар давраи шурави аксар шахсиятхо номзадиашонро аз илми фалсафа химоя мекарданд зеро он давр бо хамин мутобик буд. имрузхо бошад дар сохти давлати демократи каме дигар аст ва аксар нафарон дар сохаи хукук, иктисодиёт ва дар илми сиёсатшиноси химоя мекунанд. Маълум аст ки барои химояи номзади маблаги муайян лозим аст, ки он албатта пули ночихам нест. ва имруз бехтар аст барои чалб крдани чавонон ба сохаи илм дасгири лозим мебошад.


Ном: odil аз: gharm
29.07.2008 09:14

олимоне ки хастанд - нисфашон е бо пул е бо шиносбози унвон гирифтаанд. аз шумори олимони хакики точикистон бояд дар чои охирин дар чахон истад


Ном: Bedil
29.07.2008 08:43

Дасти ҳиммат остин мегардад аз холӣ шудан,
Сарнагунӣ мардро аз хиҷлати нодорӣ аст.


Ном: OlimTojik аз: Maskav
26.07.2008 16:04

Ilova ba aqidahoi dar poyon joidoshta:
Hamchunin hastand olimone khube ki badi giriftani unvoni ilmi tarki VAtan kardaand:
Charo dar Dushanbe (yo shahrhoi digari Toj)baroi $150 mohona azob kasham, modome ki bo chunin donish va faoliyat dar digar davlat $1000-1500 megiram..Ham khudamro mekuronamu ham kheshu taboramro dar Torikiston..Va imkoniyathoi beshtare ham vijud dorand baroi peshravi..


Ном: Xusrav аз: Dehli
26.07.2008 06:53

"Камолимтарин кишвари ИДМ"
zaboni yori man forsi va man forsi namedonam...


Ном: Махмадрахим
24.07.2008 12:54

Барои он,ки ба таври чидди ба илмомузи машгул шави, пеш аз хама шиками сер ва тани пушида лозим аст.


Ном: Ханчар аз: Душанбе
24.07.2008 12:27

Марказхои илмии муосир дар давлатхои тараккикарда чойгиранд. Барои дар илми имруза кашфиет намудан маблагхои калон лозиманд. Давлатхои кашшок, мисли Точикистон, имконияти таракки додани илмро надоранд. Чавонони болаекат аз тамоми дунье дар он марказхо кор мекунанд. Он марказхои илмие, ки имруз дар Точикистон хаст факат маънои рамзи доранд. Онхо замбури беасалро мемонанд. Ба чои ин марказхои илми бехтар мебуд, ки системаи маорифро таракки медоданд.


Ном: ГАРИБ аз: ПИТЕР
23.07.2008 23:32

ДАР ТОЧИКИСТОН ФАРКИ БАЙНИ УНВОНИ ИЛМИ ДОШТАН ВА НАДОШТАН ЯК АСТ ХОЛ ОНКИ НАРХИ ЯК ЛИНГЧАИ ОРД БА 130-СОМОН РАСИДААСТ.БАРОИ ХАМИН ПРОГРЕССИЯИ ИЛМИ-ТЕХНИКИ НЕСТ.
хАЛКИ БЕЧОРА АЗ КАФОИ ЗИНДАГИ АСТ-КИ ЯК ПОРЧА НОН БИЕБАД.БАРО ИЛМУ ДОНИШРО АМАЛ КАРДАН ШИКАМИ СЕР ДАРКОРАСТУ-ХАЛОС.
бАРОИ ИЛМХОИ ДАКИКРО МАШК НАМУДАН-ШАБУ РУЗ ДАР ЛАБОРОТОРИЯХО ВА БИБЛИОТЕКА КОР КАРДАН ЛОЗИМ.НА ИН КИ ДАР БОЗОР ШИШТАН.
ОЕ ОДАМОНИ ВОБАСТА БА ИН КОРХО ИНРО =ФИКР
МЕКУННДЕ НЕ? ФИКР КУНЕД

Шарҳҳо 1-10 (of 12)