Ҷавонон

Шумори донишҷӯён кам хоҳад шуд

10.07.2008

Дар мактабҳои олии Тоҷикистон имсол назар ба солҳои гузашта 30 дарсад камтар донишҷӯ қабул хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол барои қабули донишҷӯён ба макотиби олии кишвар ҳудуди 25 ҳазор ҷой муайян гардидааст, дар ҳоле, ки соле қабл шумори онҳо 32 ҳазор нафарро ташкил медод ва дар солҳои гузашта аслан афзоиши шумори донишҷӯён мушоҳида мешуд.

 

Фатҳиддин Исомонов, як масъулини вазорати маорифи кишвар, мегӯяд, имсол шумори қабули довталабон ба гурӯҳҳои ғоибонаи таҳсил хеле кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар 3 соли оянда теъдоди қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои ғоибона ба андозаи 50 дарсад коҳиш дода мешавад. Аз оқои Исмонов сабаби ин тағйиротро пурсидам ва ӯ гуфт:

 

«Солҳои охир мо аз шумора ба сифат мегузарем. Чун донишгоҳҳоро ба меъёрҳои зарурӣ мувофиқ кардан лозим аст, яъне, барои мисол, ба як донишҷӯ 8 метри квадрат масоҳати таълимӣ ё ҷои нишаст муайян шудааст ва, азбаски ҳамасола донишгоҳҳо шумори донишҷуёнро зиёд мекарданд, ресурсҳо ба охир расида ва аз ҷумла ҷои нишаст ҳам нокофист»

 

Дар маҷмуъ барои қабули донишҷӯён имсол дар гурӯҳҳои шартномавӣ ҳудуди 14 ҳазор ва ба гурӯҳи буҷавӣ 9 ҳазор ҷой пешбинӣ шудааст.  Ҳамчунин тағироти дигаре ҳам, ки ҳамасола дар ин мавсим мушоҳида мешавад ва мавриди нигаронии довталабон гаштааст, ин боз ҳам  боло рафтани маблағи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ аст. Бо вуҷуди он, ки дар соли таҳсили  2006-2007 вазорати маориф бо тасвиби як қарор маблағи ниҳоии таҳсилро дар ин гурӯҳҳо то ҳадди аксари 900 доллар муайян карда буд, имсол вобаста ба ихтисосҳои бонуфӯз ва серталабот нархи солонаи таҳсил барои мисол дар гурӯҳҳои шартномавии Донишгоҳи миллии Тоҷикситон аз 350 то 1200 долларро ташкил медиҳад. Аммо барои шаҳрвандони хориҷаи наздику дур, ки бар асоси шартномаҳои инфиродӣ таҳсил мекунанд, маблағи таҳсил аз 2 то 2,5 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Вале бо ин вуҷуд чунин мушоҳида мешавад, ки аксари довталабон барои таҳсил гурӯҳи шартномавиро интихоб мекунанд, чун ба қавли онҳо, бо ин навъи таҳсил онҳо шонси бештари дохилшавиро доранд.

 

Толори комиссиюни қабули ҳуҷҷатҳои Донишгоҳи миллӣ ин шабу рӯз пур аз довталаб аст. Бонуфӯзтарин ихтисосҳо ҳоло муайян нагардидаанд, аммо аз дидани шумори зиёди довталабон дар назди комиссиюни қабули факултаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиву журналистика метавон гуфт, ки довталабони гирифтани ин ихтисосҳо имсол низ зиёд аст.

 

Мусоҳибам Нозим, ки ӯ низ ҳуқуқшинос шудан мехоҳад, ба дониши худ бовар, вале аз масъулин як хоҳиш дорад: «Танҳо як хоҳиш дорам, ки қабул танҳо аз рӯи дониш бошад».

 

Ба ҳамин тартиб мавсими нави ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои олӣ аз таърихи 20-уми июн дар тамоми донишгоҳҳои кившар шурӯъ шуд ва  то ба 20-уми июл идома хоҳад ёфт. Баъдан довталабонро имтиҳони қабул интизор аст. Вале ба гуфти масъулини вазорати маориф, то анҷоми мавсими қабули ҳуҷҷатҳо шояд дар самти қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо тағйироту иловаҳои дигар низ ворид шавад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: Anvar Ziyoviddinov аз: U.S.A
19.07.2008 03:38

Man Ziyoviddinov A.M donishjui kursi 3yumi D.T.T aini zamon Dar U.S.A tahsil mekunam baroi omuzishi zaboni anglisi.Vaqte man dar Tojikiston tahsil mekardam man vazifai sardori sinfiiro ba uhda doshtam,dar haqiqat ham dar omuzishgohho ziyoda az40%donishjuyon havasi hondan nadorand,bisyori onho baroi naraftani Askari ba donishgohho dol meshavand.Albatta mo jonibdori on hastem ki on donishjuyone ki hohishi hondan nadorand,az tarafi mamuriyat yagon chorabini dida shavad, baroi onki misol vaqte man dar Tojikiston tahsil mekardam hamon donishjuyone halal merasondan ki hohishi hondan nadorad. Salomat boshed...


Ном: Tolib аз: Dushanbe
17.07.2008 17:35

Дар хакикат, хам солхои охир аз хад зиёд кабул кардани шумораи донишчуён чунин мушкилихоро ба миён овард.Аз як тараф нарасидани устодон,аз тарафи дигар шумораи аз хад зиёди донишчуён ба сифати пасти таълиму тарбия оварда расонид.Дар хакикат хам, дар як гурух,агар 30 ё 35 нафар донишчу тахсил кунад, аз ин 10 ё ин ки 15 нафар хохиши хондан дораду
бокимонда тамоман хохиши хондан надаранд.
Дар хусуси зиёд кардани маблаги тахсили
донишчкёне,ки дар асоси шартнома тахсил
мекунанд гуфтаниам,ки гузаштан ба
сохти Иктисоди Бозоргони гар чанде инро
талаб мекунад,аммо ба хар хол бояд ба
сатхи зиндагии мардум мусоидат намояд...





Ном: Ahkkomiddin аз: Dushanbe
14.07.2008 18:30

Dovtalabone, ki az mintakahoi durdasti kishvar ba Donishgohhoi poytaht az jumla donishgohi Milli dohil shudaniand, holisona boyad imtihon karda shavand.


Ном: Чонон аз: Душанбе
14.07.2008 08:30

Мехостам дар ин мавзуъ чанд нуктаро хотиррасон кунам, ки кам кардани шумораи донишчуён ин сабаби баланд кардани сифати таълим дар донишгох шуда наметавонад. Ба чои он метавонистанд ба рафти супоридани имтихону санчишхо диккати чидди диханд, то ки довталаб тавонад факат бо дониши худ сохиби унвони донишчу шавад на бо пулу амаку тагои худ?! Бигирем шумораи донишчуёнро кам кардан, лекин ахвол хамон тавре ки буд, боки хохад монад, бадтар хам шуданаш хам мумкин аст на бехтар. Дар ин чо хамон чанд фарзанди дехоти ё одамони камбизоат ки дониши кофи доранду аммо маблаг надоранд, ба донишгох кабул карда намешаванд. Боз пулу тагобози, ягон кас саводи туро намепурсад. Шумораи донишчуёнро кам карданд, лекин нархи тахсилро дар мактабхои оли баланд карданд барои чи? Магар ин барои баланд бардоштани сифати дониш дар мактабхои оли ягон манфиате дорад? Бояд шумораи донишчуёнро кам ва нархи тахсилро баланд набардошта роххои дигари баланд бардоштани сифати таълимро истифода кард. Имкониятхо фарохам овард, то фарзандони камбизоатон ки саводи баланд доранд, тавонанд ба донишгох ва донишкадахо кабул шаванд. Ин тоифаи саводу малакаи хуб доранд, дар дил хаваси хондан доранд, аммо маблаг надоранд, пас чи кор мекунананд, факат мардикори, тахкир шунидан на чизи дигар.

Ба фикри банда ин рох факат моро ба кафо мебарад на ба пеш!


Ном: mmm аз: dushanbe
13.07.2008 10:36

KU BINEM TU KUJO KHOHED RAFT


Ном: ASADULLOH аз: BOKU
13.07.2008 10:28

SALOM BA HAMA DUSTON MAN MEKHOHAM HAMINRO BIGUYAM KI BA FIKRI BARODAR VATANDUST 100 DAR SAD ROZIYAM VA INRO IZOFA MENAMOYAM KI VAZIRI MAORIF DUKHTARONRO BO HIJOB OMADAN BA DONISHGOH VA MAKOTIB BOZDOSHT IN KHUD YAK TAHQIR BA SHARAFU NOMUSI KHOHARONU DUKHTARONI MUSALMONI TOJIKI BESOHIB AST VA SAD AFSUS KI MARDUMI GAYURI TOJIKE KI NOMUS DOSHTA BOSHAD KI IN AMALI BENOMUSONAI URO MUQOBILIYAT NISHON DIHAD PAIDO NASHUD AZ IN MALUM MESHAVAD KI DAR TOJIKISTONI MO BAGHAIR AZ PIRONI SOLKHURDA VA ZANON DIGAR MARDON BOQI NAMONDA AST KI AZ NOMUSI ZANONU DUKHTARONASHON DIFO KUNAD OQIBATASH BAKHAIR KI BAR SARI IN MILLATI BE SOHIB CHI MESHUDA BOSHAD BOZ FARDO CHI QONUNI ZIDI INSONI MEBAROVARDA BOSHAND HAIF KHUDO NOMUSI ZANONI MUSALMONI TOJIKRO HIFZ KUN KI OB AZ BOLO LOY AST ILTIMOS DARDI DILI MANI BE VATANRO MONED


Ном: vatandust
12.07.2008 08:49

Ин системае ки айни хол мо аз руи он амал мекунем намедонам моро кучо мебарад. Магар бо боло бурдани нархи тахсил дар макотиби олии кишвар шумо ба рушди соха муваффак мешавед , не ба фикрам баръакс дигар ягон фарзанди дехкон сохибмаълумот шуда наметавонад, ва он ашрофзодагону вазирзодагон ба воситаи насаб ва пул сохиби маълумот мегарданд ва барои чомеъа ба гайр аз торочу горат кардан дигар ягон хизмат карда наметавонанд.Хак ба чониби шайх Саъдист , ки гуфтааст

Пояи давлат намонад бе маориф устувор
Давлвти пойдор хохи руй бар мактаб биёр.


Ном: nargis аз: duhanbe
11.07.2008 11:20

salom joni man

Шарҳҳо 1-8 (of 8)