Ҷавонон

Меҳрона чӣ гуноҳ дорад?

04.06.2008

Меҳрона - номи як кӯдакест, ки баробари ба дунё омаданаш сабабгори ҷанҷоли падару модараш ва аз ҳам пошидани оилаи онҳо гаштааст.

Гуноҳи ин тифли навзод танҳо ҳамин будааст, ки вай на писар, балки ғайри интизори падараш духтар таваллуд шудааст. Наргис, модари 18-солаи Меҳрона, мегӯяд, шавҳараш ҳамеша мехостааст, ки фарзанди нахустинаш писар бошад ва пайваста ба ҳамсараш таъкид мекардааст, ки агар тифли дар батнбудаи вай духтар бошад, ӯ хонаро тарк мегӯяд.

 

Пас аз тавлид кардани духтар Наргиси ҷавон аввал интизор доштааст, ки шояд шавҳараш бо дидани навзод ба вай меҳре пайдо карда, фарзандашро хуб қабул менамояд ва бо ин умед духтарашро Меҳрона ном гузоштааст.

 

Вале, Наргис мегуяд, «аз рӯзе, ки духтарчаам таввалуд шуд, шавҳарам на занг мезанад ва на нигоҳубин мекунад моро. Ҳоло ман дар хонаи холаам ҳастам. Танҳо як бор вай наздамон омад ва вақте кӯдакро хостам ба дасташ диҳам ва гуфтам, ки бубин духтарчаатро, нигоҳ накард. Рӯяшро гардонда, баромада рафт. Ва бо ҳамин моро партофт».

 

Наргис мегӯяд, шавҳараш қабл аз ӯ низ ҳамсар доштаву соҳиби ду духтарча будааст, вале аз оилаи аввалинаш низ маҳз бо ҳамин ҷурм, ки ӯ наметавонад барояш писар таввалуд кунад, ҷудо шудааст.

 

Воқеан ҳам чунин ба назар мерасад, ки имрӯз таваллуди духтарро на дар ҳама оилаҳои тоҷик ба хушнудӣ пазироӣ мекунанд. Дар хонаводаҳое, ки таваллуди писарро интизоранд, мушоҳида мешавад, ки бо ба дунё омадани духтар ихтилофу ҷанҷолҳо сар мезанад ва ғолибан занон чун гунаҳгор, ки на писар, балки духтар ба дунё овардааст, азият мекашанд. Дар чунин ҳол бархе модарон роҳи ҳалро дар исқоти ҳамл мебинанд.

 

Мусоҳиби мо Ҳанифа ҳам, ки соҳиби ду духтарча аст, чунин ният доштаст. Вақте фарзанди аввалинашон духтар ба дунё омадааст, онҳо мехостаанд ҳадди аққал бори дуввум соҳиби писар бошанд, вале тақдир ин бор ҳам барояшон духтарро насиб дидааст ва модар бо машварати наздикон мехоҳад исқоти ҳамл кунад.

 

Вай мегуяд, «ман нахуст хостам аз ҷанини дар батнбуда раҳо шавам, яъне аборт кунам. Аммо табибон гуфтанд, ки кӯдакам аллакай дил мезанад ва аз нигоҳи дин ин амал номумкин буд ва ман ӯро таввалуд кардам. Ҳоло бинед, ин садои тифли ман аст ва ҳар вақте ба чашмони ӯ нигоҳ мекунам, ба худ мегӯям, худоё, агар ман ба ин амал даст мезадам ҳеҷ гоҳ чашмони зебои ӯро намедидам».

 

Раъно Бобоҷонова коршиноси масоили гендерӣ мегӯяд, дар ҷомеа имрӯз табъиз нисбати ҷинси зан ҳанӯз то таввалуди онҳо ба миён меояд. Вай меафзояд, «бисёр ҳолатҳое рух медиҳад, ки дар оила духтар бошад, зан ҳангомии таваллуди духтари навбатӣ хеле мушкил мекашад, фишори хунаш баланд мешавад ва гоҳе мешавад, ки шавҳар умуман ба дидораш намеояд. Сабаби ин афкори мардуми мо аст, ки писарро такягоҳи падару модар, идомадиҳандаи насл меҳисобанд ва мегӯянд, дар пиронсолӣ маҳз ӯ волидонро нигоҳубин мекунад. Вале бархе фикр мекунанд, ки аз ӯҳдаи тарбияи духтар ба хубӣ намебароянд. Ин ҳолатҳо бори дигар собит месозад, ки дар ҷомеъаи мо падарсолорӣ вуҷуд дорад ва новобаста ба қонунҳои қабулкарда ва барномаҳо дар ин маврид падарсолорӣ устувор аст».

 

Дар ҳамин маврид бо чанд ҷавонписаре сӯҳбат доштам.  Ҳарчанд онҳо мегуфтанд, ки фарзанд  доди худост ва барояшон чандон фарқ надорад, вале пинҳон намедоштанд, ки мехоҳанд фарзанди аввалинашон писар бошад.

 

Яке аз онҳо мегуяд, «зиёд мушоҳида мекунам, ки вақте дар оила фарзанд таввалуд мешавад, суоли нахустини наздикон чунин аст: духтар аст, ё писар? Агар писар бошад, шодиёна бештар аст, вале духтар бошад, мард каме асабӣ мешавад. Ин андешаронӣ аз аввал аст, вале шахсан агар соҳиби духтари бештар бошам, шукр мегӯям, вале агар писардор шавам, боз беҳтар аст».

 

Довудхони Абдухон, устоди Донишкадаи исломӣ, мегӯяд, дини ислом чунин тафаккури ҷомеаро, ки ба замони ҷоҳилияи пешазисломӣ рост меояд, маҳкум мекунад. Вай меафзояд, «сарчашмаи ин аз ҷиҳати паст будани савияи диннӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар худи ҳамун шахс аст. Ҳатто Қуръон ҳам қисса мекунад, ки пеш аз зуҳури ислом дар замони ҷоҳилия духтарҳоро зинда ба гур мекарданд. Ва ин бадбинии духтар ва чунин андешаҳои номатлубу духтарбезорӣ аз нигоҳи ислом маҳкум карда мешавад».

 

Дар ҳамин ҳол Раъно Бобоҷонова, коршиноси масоили гендерӣ, мегӯяд, имрӯз маҳз занону духтарон дар ҷомеа фаъолтаранд. Вай меафзояд, замона пеш меравад ва имрӯз духтарҳо назар ба писарон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкамтар доранду фаъоланд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 30)
Ном: Аличон аз: Душанбе
27.06.2008 12:35

Наргис шумо хафанашавед аз рафтори шавахаратон он номард будаст,ки меваеки Худованд ба он медихад он руй гардондааст вайро Худо мезанад.


Ном: Tojik аз: Kylob
18.06.2008 09:53

Саломму алайк ба хамаи шумо.Ман аз даргохи Худованд талаб дорам,ки Парвардигор ба ин мард акли инсони ато кунаду ба у сабру токат ва мехре нисбати духтаронаш дихад.Ман худ ду духтар дорам леки бисёр хушбахтам,ки худованд ба ман фарзанд лоик дидааст ,агар намедид чи аз дасти мо бандахо чи меомад.


Ном: Химоятгар аз: Хучанд
17.06.2008 11:36

Албатта чи духтар ва чи писра таваллуд кардани зан ин аз мо инсонхо вобаста намебошад ва дар холати духтарча ба дунё омадан набояд аз зан норози шуд. Агар мард мехост ки тифли таваллуд мешуда писарак бошад, шояд зан ба он рози мешуд, вале ин аз дасти зан намеояд. Ва агар духтараки зодашуда сохиби илму маърифат ахлок ва дигар сифатхои зани шоиста гардад аз садхо писарак бех буданаш аз назар дур нест. Чи хеле ки шоир мегуяд:
Машав гамгин агар духтар бизоди
Ки бо духтар шавад пайваста шоди
Агар духтар сохибточ гардад
Ба наздаш сад писар мухточ гардад.


Ном: Беном
17.06.2008 09:14

Хоҳари азиз! Шумо ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед, ки духтар бизодед, зеро вақто ки духтар тавлид мешавад, 40 рӯз дар он хонавода нури илоҳӣ рӯшанӣ менамояд. Ман худ 4 духтар ва дар синни 42 солагӣ писардор шудам. Вале ҳамеша бо шавҳарам шукрона менамоем, ки аз инъоми худованд бенасиб нестем. Мутаассифона, фарзанди якумам, ки духтарча буд, натавонистам таваллуд кунам ва дар вақти таваллуд аз дунё гузашт. Шояд барои ҳамин бошад, ки ба ману шавҳарам фарқ надорад, ки духтар аст ё писар. Қадри зарро заргар медонад мегӯянд, рост аст. Агар фарзанд тамоман набошад, чӣ. Он вақт дард мекард ҳамсари Шуморо. Мо баъзан кӯрнамакӣ мекунем, шукрона намекунем. Лекин хоҳари азиз, Шумо ҳеҷ гоҳ маъюс нашавед, зеро мардон ягон баҳона меёбанд, ки занро гунаҳгор намоянд. Ҳалли ин мушкилот ҳаст. Дар оянда шавҳаратонро нағзтар тарбия намоед, ба вай хӯрокҳои серғизо диҳед, шояд хунукӣ дошта бошад, шифо ёбад, иншоаллоҳ ин дафъа агар худо хоҳад, писар мешавад. Агар дар насибаш набошад, агар 10 зан гирад, танҳо ба ӯ духтар таваллуд мекунанд.


Ном: Ойгул аз: Душанбе
15.06.2008 16:42

Руй гардондан аз фарзанд ин мухолиф будан бо доди Худованд аст.Чандин нафаронеро медонам ва шохид буда, ки баъд аз зиддият бо офаридаи Худо -яъне духтар ба чи гуна дахшат рубару гардиданд.Фарзанди баору номус бачагию духтари надорад.


Ном: МУРОД аз: ДУШАНБЕ
14.06.2008 09:45

Салому дуруди бапоён ба хамаи кормандони Родиёи Озоди ва хонандагони он баъдан аз мутолиаи фочи аи ба сари Наргис омада ман хаминро гуфтаниам ки шавхари у инсон набудааст наход ПАДАР аз фарзанди худ руй гардонад кани мардии ту фарзанд ин доди худост ба хамааш шукр кардан даркор хастанд писароне ки гиребони ПАДАР мегиранд аз ин хел писардори бе писари хуб аст шахсан ман худ 2-то писар дорам ва бо онхо фахр дорам ва аз даргохи оллох таъоллох талаб мекунам ки худованди ба онхо як хохар ато фармояд.Наргис хохари азиз ба ту гуфтаниам ки аз ин номардии шавхарут хафа нашав рузе мешаваду у ба пои ту ва фарзанди ту зор мешавад ва пушаймониро судаш нест гуфтаанд.


Ном: Маъмур аз: ОРСК
12.06.2008 20:00

Салом ба хамаи хонандагони радиои Озоди! Лаънат ба он шахсе,ки аз фарзанд руй мегардонад.Лекин шумо аз ин кори шавхаратон хафа нашавед хохари азиз Наргисхон.Чазои шавхаратонро худо медихад.


Ном: mahmud аз: dushabnbe
12.06.2008 17:41

mushkili jomeai mo dar tarbiyat ast.Hargoh in masala hal shud in mushkilot niz rohi hal paydo mekunand


Ном: Мехрубон аз: Истаравшан
09.06.2008 16:42

Ман фикр мекунам, ки барои сохиби писар гардидан ваколати мард бештар аст. Аз нигохи тиб нигарем, мард бояд солим ва бедард бошад. Он мардоне, ки занхояшон духтар таваллуд, мекунад, айб дар худи хамон мардхо аст. Ва он марде, ки духтари худро, ки он хам фарзанд ва насли у мебошад, писанд намекунад у худ НОМАРД аст.Худованд барои ин гуна мардони номард, хайф аст, ки фарзанд додааст.


Ном: Зафар аз: Исфара
09.06.2008 14:16

мард бошад. фаромуш накунед ки фарзанд ин додаи худо аст ва набояд аз ин неъмати худо ношукри кунем агар надихад чи? Дар тули умри худ шояд аз меваи умри худ бебахра мони?

Шарҳҳо 1-10 (of 30)