Иқтисодиёт

Боздиди Раҳмон аз "Роғун"

30.05.2008

Раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари корӣ ба навоҳии шарқи кишвар аз маҳалли сохтмони НБО "Роғун" дидор кард.

Ҳадаф аз ин боздид шитоб бахшидан ба сохтмони ин нерӯгоҳ унвон шудааст. Аммо суоли мартаҳ ин аст, ки Тоҷикистон то куҷо имкони тавассути воситаҳои дохилӣ идома додани сохтмони Роғунро дорад?

 

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандон ва мутахасисони нерӯгоҳи Роғун бори дигар таъкид кард, ки ба рағми ҳама гуна мухолифатҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон баъди дар соли гузашта лағв намудани созишномаи сохтмони ин нерӯгоҳ тавассути ширкати русии РусАл дар буҷаи соли 2008 барои идомаи сохтмони Роғун 130 миллион сомонӣ, муодили 30 миллион долари амрикоӣ, ихтисос додаст. Ба манзури идомаи ин сохтмон дар моҳи гузашта Ҷамъияти саҳомии Роғун таъсис шуд. Ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои идомаи сохтмон сармоягузорони хориҷиро ҷалб хоҳанд шуд, аммо дар ҳар сурат саҳмияи аслӣ дар дасти ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаст дарсади саҳмияи Роғун бояд дар ихтиёри Тоҷикистон бошад.

                                                      

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршносон имконоти дохилии Тоҷикистонро барои сохтани ин нерӯгоҳе, ки бештар аз як миллиард сармоягузорӣ мехоҳад, нокофӣ медоданд. Ин коршиносон мегӯянд, ихтисоси танҳо сӣ миллион доллар буҷаи солона барои кори сохтмони Роғун басанда нест. Ба ақидаи онҳо, агар солона дар ин сохтмон Тоҷикистон имкони сармоягузории беш аз сад миллион доллариро дошта бошад, метавонад бо нерӯи худ ду агрегати ин нерӯгоҳро фаъол кунад.

 

Ба гуфтаи коршиносон, мухолифати кишварҳои ҳамсоя ба тарҳи сохтмони Роғун метавонад аз мушкили дигаре бошад ва боиси кундии раванди сохтмони нерӯгоҳ шавад. Ин кишварҳо, назири Узбакистон, метавонанд дар ворид намудани мошинолот барои Роғун монеъа эҷод кунанд.

 

Аммо ба ҳар ҳол бархеи дигари коршиносон ба ин боваранд, ки иқдоми ҳукумат дар ҷиҳати идомаи сохтмони Роғун навъе намоиши ирода ва қотеъият барои ҷалби сармоягузорон ва тарафҳои манфиатдор барои саҳм гирифтан дар сохтмони Роғун аст.

 

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз соли 1976 ва оғоз ва то соли 1992 сарбанди он то 40 метр баланд шуда буд. Аммо даргириҳои дохилӣ боиси мутаваққиф шудани кори нерӯгоҳ ва дар соли 1993 сел дар маҷрои дарё боиси шустани сарбанди 40-метра шуда буд. Дар соли 2004 миёни Тоҷикистон ва ширкати РусАл қарордоди идомаи сохтмони Роғун ба имзо расид, ки мақомоти Тоҷикистон онро ба иддаои ба тааҳудоташ амал накардани РусАл дар соли гузашта лағв карданд. Ахиран ҷониби Қазоқистон низ барои ширкат дар сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кардааст. Аммо то кунун иқдоми амалие дар ин ҷиҳат дида намешавад.

 

Роғун бо баландии 335 метр обанбор ва қудрати тавлиди ҳамзамон 3600 мегават нерӯи барқ дар сурати эҳдос шудан бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии минтақа хоҳад буд ва Тоҷикистон имкони танзими оби ҳавзаи Вахшро ба сурати комил пайдо хоҳад кард. Иқдоме, ки бо мухолифати ҳамсояҳои Тоҷикистон мувоҷеҳ аст ва то кунун сармоягузори хориҷӣ низ пайдо накардааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Диловар аз: Ашт
02.06.2008 17:26

Дируз санаи 2 июни с.2008 чаноби Рахмон дар телевизиони Сафина баромад кард. Гуфт, ки бе кумаки давлатхои хоричи танхо аз бюджети давлат дар давоми 4 соли оянда мо метавонем, сохтмони Рогунро ба анчом расонем.
Ин дар холи он аст, чаноби Рахмон боз сухани носахехро барои мардум ошкор кард.
Аз рузи сохибистиклолии Точикистон чаноби Рахмон гапхои носахех оиди бунеди сохтмони Рогун гуфта буд. Ана боз.
Дар давоми 4 соли оянда ба умеди ин давлат сохтмони Рогун ба кор намедарояд!


Ном: mna аз: cbd
02.06.2008 16:57

.....duzi kamtar kardan darkorai gesam meshava digaru digarsham meshava


Ном: Узокбой аз: Душанбе
02.06.2008 11:56

Рохеро, ки хукумати Рахмон барои сохтмони неругох пеш гирифтааст, яъне ба воситаи маблаггузори аз бюджети мамлакат, хеле хатарнок аст. Бюджети Точикистон хачман хеле хурд аст ва барои сохтмони чунин иншоотхои азим омода нест. Ин ба он оварда мерасонад, ки маблаггузори ба дигар сохахо, аз чумла маориф, тандурусти ва дигар сохахои ичтимои кам карда мешавад. Ва мухим ин аст, ки сохтмон дар 20 сол хам ба охир намерасад, яъне ки долгострой мешавад.
Рахмон бояд шароитхои мусоидро барои маблаггузорони хам дохиливу, хам хоричи мухайе бисозад. На дар когаз, балки дар амал. Он гох Рогун сохта хохад шуд.


Ном: dilovar аз: tjk
01.06.2008 09:13

salom ahli tojik. агар точикистон хохад мекунад ва дар хамит точикистони мо одамоне хастанд ки як худашон хамин гесро сохта метавонанд лекин хукумати мо дар гапаш наместад, агар хукумати точикистон хамин гесро насозад бахудо касам ин як шармандаги хаст. чунки аз дасташ меояд.


Ном: Azam аз: Moscow
01.06.2008 01:33

Rahmon mekhohad az masalai Rogun istifoda karda oburu girad. Vale agar ba joi vohimai ziyod pulhoi rahmati Hasan Sadulloro baroi Rogun darf kunad ham merasad va dar 2 sol mesozand.


Ном: Абдулахад
31.05.2008 20:38

Махалхое, ки зери об мемонанд онхоро ба кучо мекучонанд ва барои зисту зинги ягон кумаку дастгири аз тарафи давлат мешавад ё не?


Ном: siraj
31.05.2008 19:25

salom barodarone aziz,man hamenro guftane hastam ki hej kase dar fekre mellate Tojik nest va emruzho hamae davlatho baroe manfeate xud kor mekunand.Xub meshud,mellat degar bedor meshud va har tasmeme megerad,bedune yagon daxolate dawlathoe xoreje anjom yobad.bale xub meshud baroe jalb namudane carmoyaguzorho hukumate Tojikiston yak fazoe munosebero baroe carmoyaguzorone xoreje muhayo mekard to onho dar carmoyaguzore dar keshvar yagon mushkele nadoshta boshand.man fekr mekunam,agar hukumate oghoe Rahmon,yak jave munosebera baroe xorejeyon muhayo kunad,to har du taraf az on estefoda barand,carmoyaguzoron zudast ki doxele keshvar xohand shud.az xudovand umed umed dorem to ba darde mellat,davoe munosebero arzone farmoyad.omen

Шарҳҳо 1-7 (of 7)