Ҷавонон

Ҷавонони Қурғонтеппа: рақс зери офтоби сӯзон

20.05.2008

«Ояндасоз» ин навбат ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.

Зимни сафар огоҳ шудем, ки донишҷуён ва мактаббачаҳои шаҳри Қурғонтеппа ба маршировка, ё тамрини идона, ҷалб шудаанд. Онҳо зери офтоби сӯзон мерақсиданду ба ҳар тарафи майдон медавиданд. Ба қавли овозхононони таронаи «Се тор», ин ҷавонони хатлонӣ рақси малакро иҷро мекарданд.

 

Таксии Душанбе-Қургонтеппа пас аз ду соат моро ба ин шаҳр расонд. Аввалин садое, ки ба гуш мерасид, ин садои масъулини тамрини донишҷӯён буд, ки тариқи баландгӯяк ба онҳо иҷрои ҳаракоти мухталифро супориш медоданд. Донишҷӯён ва хонандагон сар аз моҳи май ба хотири ҷашни «Ваҳдати миллӣ», яъне 27-уми июн, дар майдони варзишӣ тамрин мекунанд. Онҳо  дар бахшҳои гуногуни барномаи идона ширкат мекунанд. Як гурӯҳ нақши кабутарон, гурӯҳи дигар деҳқон ва гулу меваҳоро иҷро мекунанд.

 

Муҳассилин ба ин майдон баъд аз дарс дар соати 2 –и рӯз  вақте, ки ҳаво хеле тафсон аст, ҳозир мешаванд. Замоне, ки мо  вориди тамрингоҳ шудем, ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷаи гармӣ мерасид ва офтоб хеле сӯзон буд. Ҷавонон дар ҳавои кушода  сару рӯи худро печонида тамрин мекарданд. Ҷавонон оид ба маршировка чӣ назар доранд, тамрини онҳо иҷборӣ ва ё бо хоҳиши худи онҳост? Ба ин суолҳо аз барномаи вижаи «Ояндасоз» посух хоҳед гирифт.

 

Ҳарчанд духтарони Қурғонтеппа ба назар нисбатан фаъол менамуданд ва тибқи мушоҳида шумори зиёди онҳо дар мактабҳои миёна таҳсил мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам мушкили аслии духтарони наврас дар таҳсили онҳост.

 

Чун аксари дигар навоҳии кишвар дар ин ноҳия ҳам бисёре аз волидон барои идомаи таҳсили духтарон бо сабабҳои  мухталиф монеъа эҷод мекардаанд. Аммо худи духтарон мегӯянд, идомаи таҳсил барои ояндаи онҳо муҳим аст ва онҳо барои ба ҳадаф расидан талош хоҳанд кард. 

 

Бояд гуфт, ки ғолибан духтароне, ки пас аз хатми мактаби миёна бе маълумот мондаанд, бештар касби хайётиро интихоб мекунанд. Аммо дар Қурғонтеппа чунин ба назар мерасид, ки духтарони зиёд дар бозор ба тиҷорати хурду миёна мушғуланд. Мавлуда, ки 26 дорад ва падараш дар муҳоҷирати кори қарор дорад, ҳоло ягона таъминкунандаи оилаи 6-нафараашон будааст.

 

(Садои Мавлударо аз барномаи «Ояндасоз» бишунавед).

 

Зимнан бояд бигӯем, ки баробари ба бозори маркази Қурғонтеппа ворид шудан мушоҳида мешуд, ки аксари тоҷирони бозорро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва, ба гуфти  сокинони ин минтақа, дар баробари Русия аксари ҷавонони шаҳр рӯ ба бозор оврдаанд. Дар миёни ин тоҷирони ҷавон, донишҷӯён ва ҳам хонандагон ҳам кам нестанд.

 

Аз таҷрибаву кору фаъолияти ҳамсолонамон дар Қурғонтеппа аз барномаи «Ояндасоз» огоҳ мешавед.

 

«Ояндасоз»-ро аз тарафи рости ин саҳифа пайдо кунед ва андешаву назароти худро ба мо ирсол доред.

 

oyandasoz@rferl.org

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Гариб аз: ПИТЕР
13.07.2008 16:58

Хамватанони хеле ГИРОМКАДР!
Фикр мекунам ки хамаи ин бадбахтихои мо аз худи мо ВОБАСТ аст.Бесаводии духтарон ва хамаи халки ТОЧИК факат дар дасти мо асту халос .Барои хамин хулоса бароред ки ин аз чи е ки аз ки ВОБАСТА аст .Андеша кунед ки вакт процесси барнагаронида аст.
чуноне ки олимоно барчастаи мо мегуяд.
Об дар куззаву мо ташналабон мегардем баро миллати мо хеле хос аст.Мо бо одамхои барчастаи худ мефахридем ки ба фикрам барои шумо маълум аст.Инхо ;Саъди.
ХОФИЗ .Н-ХУСРА .ФИРДОУСИ ва гайрахо.Хучанди ва дигарон фахр мекунем.фикр кунед дар хозира чи? МО кистем ва боки мефахрем.
Аз чихати пастии зиндаги дар чахон дар чои 178-ум астем.Худи Лулихои дар Точикистон мебудаги хам ки ягон таърих надоранд.
тарки Ватан кардаанд ва дар Руссия худро точик-гуфта кучманчигари мекунанд........ки ба ин холати халк ягон одами солимфикр ахамият намедихад.
Ки бояд ин масъалахоро хахад хохад кард.
Фикр кунед -Хулоса бароред Хамдиерони
ОЛИКАДРУ НИХОЯТ гироми.
Бо саломиии ГАРИБ.


Ном: KARIM аз: DUSHANBE
31.05.2008 14:52

ASALOMMUH ALAIKUM MO MARDUMI TOJIK BA JOI DARS KHONDANAMON RAQS MEKUNEM, FARDO IN SARVARONI HAROM KHURI MO NAMEMURAND BADAN DAR SARI DAVLAT RAQOSA MEMONED.KHUDATON YAK BOR FIKR KUNED, MO DAR ZAMONI PESH MO TOJDOR BUDEM HOZIR AZ BE SAVODIMONA QULOMI RUSSO HASTIM ...


Ном: Емом аз: Душанбе
28.05.2008 07:57

Шахсан ман худам азоби ин кудаконро дидаам , хангоме ки пеш аз чашни истиклол дар Душанбе тармини ичбори сурат мегирифт, ба назарам сахнахои рейхстаги германияи фашисти аен меомад.агар мо дар хакикит хама сола дастовардхои нав ба нави иктисодоиро комьеб мешудем чунин тарминхо токатфарсо мебуданд, вале дар сурати халк нони хурдан надорад, чи лозим хамаи ин сахнахои дуруг ва чи лозим ба ин кудакон зулм кардан?


Ном: Дарвеш аз: Кургонтеппа
21.05.2008 09:16

Духтаракони шахри зебои Кургонтеппа майли хондан баъди мактаби миёнаро доранд вале чи илоч, ки бе маблаги муайян ба ягон донишкада дохил шудан амри махол аст. Агар саводи хуб хам бошад барои рохкиро, хариди дафтару калам маблаг даркор,ки волидон дар ин шароити душвор аз ухдаи таъмини донишчуён намебароянд, барои хамин бисёртарин духтаракон ва чавонони шахри мо майл ба бозор меоранд. Боз сабаби дохил нашудан ин аст, ки баъди тахсил дар донишгоххо чавонон чои кор намеёбанд ё ин, ки ёбанд хам аз сабаби маоши кам будан кор намекунанд.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)