Чаҳор даста – муддаъиёни Ҷоми Рустам Долтабоев
10.03.2008
Чаҳор даста ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.
Дар марҳалаи муқаддамотӣ 8 даста дар 2 гурӯҳ рақобат карданд. Дастаи «Динамо»-и Душанбе, ки дар ҳарсе дидори худ пирӯз гардид, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб кард.
Дастаи «Румӣ»-и ноҳияи Румии вилояти Хатлон ва тими Энергетик»-и Душанбе 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи «Румӣ» дар ҷои дуввум қарор гирифта, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ бар ҳамаи рақибони худ пирӯз гардида, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «Б» ғолиб шуд. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар 2 бозӣ ғалаба карда, дар як дидор аз рақиби аслиаш - «Вахш» шикаст хӯрд, бо 6 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт.
Бад-ин тартиб рӯзи 11-уми март дар бозиҳои ниманиҳоӣ нахуст «Динамо» бо «Регар» ТадАЗ ва сипас «Вахш» бо «Румӣ» рақобат хоҳанд кард.
Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев рӯзи 13-уми март дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.