Ҷавонон

Ҷавонони соҳибилми аз ватан гурезон

21.04.2008

Теъдоди зиёде аз ҷавонони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил ва ё кор мекунанд, азми бозгашт ба ин кишварро надоранд.

 

Ва ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон пайваста мегӯяд, ки мӯҳтоҷи кадрҳои ҳирфаӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба аст. Ҳарчанд баъзе аз донишҷӯёне, ки таҳсилро дар хориҷ хатм мекунанд, ба Тоҷикистон бармегарданд, аммо баъд аз муддате, ба қавли худашон, сарашонро гирифта аз Тоҷикистон мегурезанд, зеро ҷойи кори муносиб ва мувофиқ ба дониши худ намеёбанд. Агар бошад ҳам ба гуфтаи ин донишҷӯён ба онҳо намерасад, магар ки ягон хеши зӯр ва ё пули кофӣ барои ришва додан дошта бошӣ.

 

Ба гуфтаи Фурузон,  донишҷӯи соли дуввуми донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург, аксари ҷавонон ояндаи дури худ дар Тоҷикистон чандон умедворкунанда намебинанд, аз ин хотир ҷавонони тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекунанд, дар инҷо мемонанд ва ҷойи кор меёбанд. Фурӯзон мегӯяд, сиёсати ҳукумат онҳоро дилсард мекунад. Вай мегуяд, «ин тавр аст, ки донишҷӯён ба сиёсати давлати худ чандон боварӣ надоранд. Онҳо боварӣ надоранд, ки дар кишварашон соҳиби кори хуб мешаванд. Онҳо боварӣ надоранд,  ба ҳамин далел кӯшиш мекунанд, ки ба ҷойи пайдо кардани кор дар кишвари худ аз онҷо муҳоҷират мекунанд. Баъзе донишҷӯён бармегарданд, аммо аксарият ҳамин ҷо мемонанд ва барои худ кор пайдо мекунанд. Ва он донишҷӯёне ба Тоҷикистон бармегарданд, ки мутмаинанд барояшон курсӣ тайёр аст». 

 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷавонони ин кишвар ба сиёсат чандон майл надоранд ва танҳо дар андешаи зиндагии рӯзмарраи худ ҳастанд. Умеди Ҷайҳонӣ, хатмкунанаи донишгоҳи давлатии Маскав, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунад, мегӯяд, табиист, ки ҷавонон мехоҳанд хуб зиндагӣ кунанд ва таъмин бошанд. Ҳамчунин вай гуфт, донишҷӯён дар Тоҷикистон наметавонанд дониши худро ба маблағи хуб бифурӯшанд ва маҷбуранд дар ин кишвар бимонанд. Умед Ҷайҳонӣ мегуяд, “агар дар Тоҷикистон пешравӣ медидем, мо дар ин ҷо намебудем. Барои чи донишҷуён ояндаи худро дар кишвари худ намебинанд? Барои он ки таҳсил мекунанд, ин илме, ки ин ҷо ба даст меоранд, дар Тоҷикистон харидор надорад. Магар ин ки барои худ коре боз кунанд. Агар коре ҳам боз кунанд, он ниҳодҳои кишвари чунон даст ба домани онҳо мезананд, ки дар ҳафт соли дигар ба худ намеоянд".

 

Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар бозорҳо ва сохтмонҳои шаҳри Маскав кор мекунанд, ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳастанд. Теъдоди зиёди онҳо мактабро хатм карда ва шиноснома гирифтанд, ки мисли паррандаҳои муҳоҷир ба сӯи Русия парвоз мекунанд. Мирзо - як тан аз муҳоҷирони тоҷике, ки дар сохтмони шаҳри Маскав кор мекунад, мегӯяд, ба сабаби мушкилоти зиёди молии хонавода онҳо маҷбур ба муҳоҷират мешаванд. Ва агар донишҷӯ бошанд, нимгурусна мегарданд ва аз ин аст, ки роҳи Русияро пеш мегиранд, то шиками худро сер кунанд ва пуле ҳам барои волидонашону бародарони хурдиашон бифиристанд.

 

Ҷавонони тоҷик аксаран мехоҳанд ба кишварашон баргарданд ва кор кунанд, аммо бекорӣ ва зиндагии мушкилу тарснок онҳоро аз ватан дур нигаҳ медорад. Аксари мусоҳибонам гуфтанд, ки агар давлати Тоҷикистон, як каме ба мушкили ҷавонон расидагӣ кунад ва ғами онҳоро бихурад ва имконоте барои кор фароҳам оварад, ҳеҷ як нафар ҷавон дур аз ватан ва муштоқи дидори модару падару бародар ва завҷа дар кишвари хориҷӣ намемонад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Sur аз: London
24.04.2008 15:34

Ba Garib, o barodar az sukhani shumo chinin ba nazar merasad ki president az holi mardum va javonon bekhabar hast. Albatta ishtibohi shumo ast ki chunin fikr mekuned. Avval in ki agar president az mushkilii javonon (yo kuli mardumi Tojikiston) bekhabar boshad, y boyad ki president naboshad. Holo onki fikr mekunam ki presidentii y barvaqt ba anjom rasida ast. ... voi bar holi yn mardume ki dar on kishavar ruzgor dorad va voi ba holi yn javonone ki zodai chunin vatanand... afsus umri javonii mo dar soyai chunin davlat guzasht va har bar jonibi shoir ast ki farmudaast:
Gardishi aeom moro dar jovoni pir kard!


Ном: Donishju
23.04.2008 23:56

Inro guftani hastam, ki yagontai javonone, ki dar khoriji kishvar bo mablagi kalon mekhonand omada khoksorona ba davlat aniqtarash ba mardum khizmat namekunand, to hamon dame, ki davlat az hisobi khudash mutakhasis tayor nakunad, shoyad khatoham kunam . . .


Ном: Garib
23.04.2008 23:51

Salom! Eee barodaron millatchigiro bas kuned! Ba hammai one, ki imruz mebinem mo khudamon gunahkorem! Zero, ki har vaqte bo prezidenti kishvaramon muloqot tain mekunand mo faqat siyosati peshgiriftai prezidentro ta'rif mekunemu khalos. Na in, ki az mushkiloti kishvar harf mezanem. Va agar kase ham jur'at kunad yagona az mushkilii khud norozigi bayon mekunad...


Ном: номи ман Абдулвадуд. аз: шахрванди Точикистон.
23.04.2008 11:35

асалому алайкум шунавандахои радиёи озоди акидаи ман нисбати донишчуён,ки дар дигар давлатхо тахсил мекуннад.ин аст,ки бехтараш дар ягончо мувофики ихтисосашон баъди хатми донишгох ба коре машгул шаванд.зеро дар Точикистон вазифаро сохиб гаштан маблаги гарон даркор шумо шунавандахо хангоме нафаре мансабро сохиб мешаваду фъолият мекунад У хамаи вакт кушиш мекунад,ки маблаги сарф кардаашро чамъ кунад.хечгох бафоидаи давлату милат кор наме кунад.ИЛОХО МАНСАБДОРОНИ МАРДУМИ МО Точикистониёнро ба рахмс кун чун,ки дар хамаи вакт хак ба хакдор мерасад.


Ном: пессимист2
22.04.2008 09:41

бехтар аст ки дар хорича монанду кори мувофиц пайдо кунанд - аз он ки дар Точикистоне ки барои хама кор авал мепурсанд ки ту дар кулоб тавлид шуда е не, е ин ки пора дех барои кор


Ном: Гадои ватан аз: Душанбе
22.04.2008 08:09

Чавони тоик ду рох дорад: Яке якумр дар хорича мондан ва дигаре бозгашт намуда ба ришвагирию ришвадихи одат кардан, ки ин "дастоварди" шохони навбаромад то охири умри он чавон аз байн нахохад рафт.Пас бехтараш беватан бошаду беимон не. Писсимист

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ҳаҷми матн