Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Cешанбе, Декабр 02, 2008 Соат ба вақти Душанбе 19:50
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Ҷаҳон
Даъвати интернетии САҲА аз Қазоқистон
22.05.2008
Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, дастрасиро ба сомонаи интернетии қазоқии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дубора мумкин гардонад.
Ҳафтаи шашум аст, бо вуҷуди талабҳои батакрори раҳбарияти радио, торнамои он дар Қазоқистон ҳамоно дастнорас боқй мемонад. Дар номае ба вазири умури хориҷии Қазоқистон Марат Тажин, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Миклош Ҳараштӣ навиштааст, умед дорад, ки мушкили дастрасӣ ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ "як мушкили фаннист ва ба зудӣ ҳал мешавад."
Вай Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро
"як манбаъи муҳими иттилоъ барои шаҳрвандони Қазоқистон, ҳамзамон бинандагону шунавандагон ва истифодабарандагони интернет дар саросари Осиёи Марказӣ ва берун аз он"
номид.
Сомонаҳои интернетии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамчунин дар Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон баста шудаанд, зеро ширкати давлатии Телекоми Қазоқистон таъминкунандаи асосии хадамоти интернетӣ дар минтақа аст.
Номаи Ҳараштӣ ба Остона дар фурсати ҳассосе расидааст. Қазоқистон қарор аст, дар соли 2010 раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба даст бигирад. Вале номаи Ҳараштӣ бори дигар таваҷҷӯҳро ба омодагии Қазоқистон барои чунин раёсат ҷалб мекунад. Ҳараштӣ ёдовар мешавад, ки чунин рафтор хилофи озодии баён аст ва тибқи қарори 633-и Шӯрои доимии созмон, ҳукуматҳои узв вазифадоранд, фазои бози баёнро дар интернет таъмин намуда, зидди ҳама гуна нақзи ин озодӣ даст ба амал зананд.
Кумитаи дифоъ аз журналистон, марказаш дар Ню Йорк, низ аз баста шудани сомонаҳои интернетии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти он аз 20-уми май омадааст,
"Торнамо як манбаъи муҳими алтернативии хабар ва маълумот барои аҳолии Қазоқистон аст ва мақомот баргардонидани ин манбаъро ба мардум бояд вазифаи аввалиндараҷаи худ бидонанд."
Дирӯз президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин аз мақомоти Қазоқистон интиқод кард, ки дархостҳои батакрорро дар бобати сарнавишти сомонаи интернетии радио беҷавоб мегузоранд ва зоҳиран, намехоҳанд мушкилро ҳал кунанд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи хабариест, ки аз тарафи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмини молӣ шуда, ба 28 забон барномаи радиоӣ, телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ нашр мекунад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Мақолаҳои ҳамсон
"Хонаи Озодӣ": вазъи озодии баён дар ҷаҳон
Гузориши Хонаи Озодӣ дар бораи ноозодӣ
Тоҷикистон дар гузориши cолонаи "Хонаи Озодӣ"
Сомонаҳои интернетии козиб
Интернет ва масоили озодии баён
Тозатарин матолиб
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Нахустнамоиши «Офати нафс»
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия