Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 19:00

Манотиқи нашаротӣ: / Симои ҳафта

Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе

Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби "Кӯри Малиш", Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.

x

Чандрасонаӣ

Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки нақши ташкилкунандагии ин се нафар чӣ гуна ошкор шудааст? Ва агар мақомот ин ҷузъиётро медонанд, чаро аз ҷузъиёти дигари воқеа низ ҳарф намезананд, то аз овозаҳои гуногун ва боварнакарданӣ пешгирӣ кунанд?

Ягона изҳороти мақомоти давлат

Аслан худи рӯйдод боварнакарданист ва ба ҳамин сабаб фарзияҳои мухталиферо ба миён овардааст. Онро муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоров ин гуна тасвир кард:

"Рӯзи 22-юми августи соли ҷорӣ соати 22:15 аз тарафи гурӯҳи маҳкумшудагон, ки баъд аз қарори суд дар маҳбасхонаи пешакии Кумитаи
давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муваққатан нигоҳ дошта мешуданд, аз хунукназарии нозири маҳбас истифода намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз зӯри силоҳи оташфишон як қисмати муайяни маҳбасхонаро ғасб карда, бори дигар даст ба ҷинояти сангин заданд. Онҳо нозири маҳбас Каримов Нурматқул, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, ваҳшиёна қатл карда, ба ду нозири дигар зарари вазнини ҷисмонӣ расонданд."

Дар ин нишасти хабарӣ ҷузъиёти воқеа гуфта ва имкон ба саволу ҷавоб бо журналистон дода нашуд. Танҳо номи се раҳбари фирор зикр гардид, ки ба гуфтаи ҷаноби Ғаффоров 22 маҳбуси дигарро бо таҳдид ба тарки боздоштгоҳ водор кардаанд. Онҳо ба миқдори номаълуми силоҳу муҳимот дастрасӣ ёфта, ҳангоми баромадан аз дарвозаҳои маҳбас дар як даргирӣ 4 посбонро ба ҳалокат расондаанд.

Дертар яке аз нозирони захмишуда дар бемористон даргузашт, аммо маълум нашуд, дар ин даргирӣ касе аз фирориён захмӣ шудааст ё на.

Ҳамчунин дертар ҷузъиёти бештаре рӯ зад. Аз ҷумла 3 соат дар ҳудуди маҳбас боқӣ мондани маҳбусон, пас аз қатли нозир ва дастрасии фирориён ба силоҳу сарулибоси ҳарбӣ. Пизишкони осебшинос мегӯянд, ҳеҷ яке аз 2 афсар ва 4 сарбози кушташуда, бо корд ё ханҷар кушта нашуда, ҳамагӣ захми тир доштанд.

Пас оё садои тир касеро дар ҳавелии маҳбас ва ҳам боздоштгоҳи Вазорати адлия, ки низ дар ҳамин ҳавелӣ мавҷуд аст, мутаваҷҷеҳ накардааст? Чаро дар тӯли се соат касе аз раҳбарони маҳбас аз вазъи он огоҳ нагаштааст? Ин ҳам дар ҳоли ҳастии телефонҳои ҳамроҳ, мухобираи бесими ҳарбӣ, телефони дохилии маҳбас, хатти телефони шаҳрӣ ва ҳатто фарёди одии инсонӣ аз тори дидбонгоҳ.Ногуфта намонад, воқеа дар фосилаи начандон дур аз манзили зисти Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурии кишвар ба амал омадааст.


Тасвире аз боздоштгоҳи рақами 1

Ҳуқуқдони тоҷик, Абдуқаюм Юсуфӣ, ки ҳамчун вакили боздоштшудагони гуногун борҳо аз ин маҳбас дидан кардааст, мегӯяд, ҳамеша дар саҳни он чандин посбон буда, шумораи умумии посбонон танҳо дар ҳалқаи беруна ба 20 нафар мерасид.

Аз рӯи гуфтаи зерҳимоятҳои ӯ, ҳуҷраҳои маҳбаси Кумитаи амният 23 адад буда, дар ҳар кадоми онҳо 2-3 нафар нигаҳдорӣ мешудаанд. Чунин ҳолат имконияти маслиҳати пешакии тарроҳони фирор ва ҳамлаи 2 ё 3-нафарӣ ба нозири маҳбасро фароҳам овардааст. Дар долонҳои дохили маҳбас ва дар беруни он ба дарозои деворҳо дурбинҳои видеоии дидбонӣ мавҷуданд. Аммо маълум нашудааст, ки ин дурбинҳо шаби 22-юми август чӣ саҳнаҳоеро сабт кардаанд.

Юсуфӣ мегӯяд, агар дар ҳақиқат ба гунае, ки нашрияҳои Тоҷикистон навиштаанд, маҳбуси собиқи Гуантанамо ва собиқадори ҷанг дар Афғонистон, Иброҳим Насриддинов иҷозаи гаштугузори бидуни бадрақа ё дидбонӣ дарёфт карда бошад ва ҳам ӯ яке аз раҳбарони фирор дониста шавад, мақомоти раҳбарии боздоштгоҳ ба иштибоҳи бузург роҳ додаанд: "Чунин одамро дар шароити бенозирӣ ва гаштугузори озод дар дохили маҳбасхона мондан, ин аллакай, хатои якум аст. Дувум ин нафарон ба муҳофизон наздик шуда, ба бовари онҳо даромадаанд. Ман ба ин ҳам ҳайронам, ки чӣ тавр ин шахс шабона дар утоқи нигаҳдорӣ набуда, дар берун аз маҳбас будааст, дар соати 10-и шаб."

Абдулло Ҳабибов
Собиқадори риштаи интизомии Тоҷикистон, узви пешини Кумитаи адлия, ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, генерали бознишаста, Абдулло Ҳабибов, низ аз сарчашмаҳои худ ҳамин нуктаро шунидааст: "Як нафар аз ҳамон маҳбусон ба боварии ин бачаҳо даромадааст, ба инҳо хидмат мекардааст ва ҳама вақт ӯро иҷоза медодаанд, ки аз ҳуҷра мебаромадааст ва ин ё он супориши онҳоро иҷро мекардааст. Ман тахмин мекунам, ки ҳамон нафар супориш гирифтааст ва як рӯз не, онҳо, ки одамони донистакор ва ботаҷрибаанд, ин фирорро муддати дароз ва оҳиста-оҳиста омода кардаанд."

Намоишномаи ҳолливудӣ


Бархе аз коршиносон бар инанд, ки чунин амалиёти шабеҳ ба филмҳои моҷароии ҳолливудӣ дар маҳбаси Душанбе наметавонист, бе кӯмак аз беруни маҳбас ба вуқӯъ пайвандад. Ду соат пеш аз воқеа хабар мерасад, ки дар наздикии пойгоҳи 201-и Русия Ҳалим Исоев ном ҷавоне бо бомбаи худсохт, аммо пешрафта ва телефони ҳамроҳ боздошт шуда, эҳтимоле мавҷуд будааст, ки як бинои дигар дар ин маҳал бомбгузорӣ шуда бошад. Агар ин тасодуф ё саҳнасозӣ набошад, мумкин аст, гашти ба дигар сӯ кашидани таваҷҷӯҳ дониста шавад.

Хабар иттифоқан нақши баракс дошт ва аз тарафи баъзеҳо иғвое шумурда шуд, ки ишораҳоро ба нақши Русия дар қазия тақвият дод. Дар изҳороти муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки чанде аз 25 маҳбуси фирорӣ шаҳрванди Русия ва Афғонистонанд. Рӯзҳои баъд ба ин изҳорот чизе афзуда нашуд, ки аз нав ҳолати бозиеро ба миён овард.

Иттилоъдиҳии "қатраӣ" (дозированное информирование) аз тарафи ин манбаъ ва ишора ба табиати фаромиллии воқеа якҷо бо эълони эҳтимоли дархости кӯмак аз кишварҳои дигар дар ин изҳорот заминаеро ба вуҷуд овард, ки бисёре аз нашрияҳои мустақил ба ҷустуҷӯи пайи пои Русия дар он пардохтанд. Манзур, Русия бо ин роҳ шаҳрвандони худро наҷот дод ва ҳам ба Тоҷикистон фишор овард, то "ҷои худро бишиносад".

Вале мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, Андрей Грозин, мегӯяд, Маскав дар марҳилаи феълӣ ангезае барои чунин иқдом дар Тоҷикистон надорад: "Баъд аз мулоқот дар Сочӣ бадхоҳони Эмомалӣ Шарифович дар Маскав зиёд нашуданд, балки баракс камтар шуданд, зеро ҳарду ҷониб аз ин мулоқот хурсанд баромаданд ва он мушкилоте, ки баҳор ё тобистони соли гузашта дар байни ду тараф буд, дигар вуҷуд надорад. Афзун бар ин, бархе аз манобеъ мегӯянд, Тоҷикистон ба гузаштҳои зиёде розӣ шуд ва Маскав ҳама чизеро, ки мехост, ба даст овард. Бархе аз коршиносон дар ин ҷо мегӯянд, бархӯрди стратегии Русия ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли тағйир аст ва аз тамаркуз ба кишварҳои бузурги минтақа, монанди Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба коршарикии бештар бо Қирғизистон ва Тоҷикистон."

Грозин бар ин аст, ки нуқсро бояд на дар берун, балки дар дохили Тоҷикистон ва на куллан дар дохил, балки дар байни элитаи ин кишвар ҷуст. Вай ду имкониятро тазаккур медиҳад, ки яке даст доштани мансабдор ё мансабдорони аршади кишвар дар фирори маҳбусон аст ва дигаре харида шудани масъулону нозирони маҳбас аз тарафи онҳое, ки озодии зиндониёни муайянеро мехостанд.

Нақши фасод ва ҳирсро дар қазия дар Тоҷикистон низ ишора мекунанд, вале таъкиди Грозин ба тағйири мавзеъгирии Маскав дар баробари Тоҷикистон ҳанӯз далелҳои устувор надорад.

Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар рӯзи нашри хабари фирори маҳбусон ба Хадамоти амнияти кишвараш дастур дод, дар боздошти гурезаҳо ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Аммо шояд зери вожаи "кӯмак" тарҳи дигаре дар назар аст, зеро бо гузашти се рӯз аз фармони Медведев, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Махачқалъа мегӯяд, Хадамоти амнияти Доғистон, зодгоҳ ва иқоматгоҳи 4 фирорӣ аслан аз қазия иттилое надорад ва наздикони ин афрод гуфтаанд, касе ба хонаи онҳо наомадааст ва ё онҳоро аз чизе огоҳ накардааст. Падари Магомед Аҳмадов ба хабарнигори мо гуфт, аз сарнавишти фарзандаш хабаре надорад.

Симонигорие аз фирориён

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки агар фирориён даст ба ноором кардани вазъи Тоҷикистон зананд, рӯшан хоҳад гашт, ки қазия агар аз берун сармоягузорӣ нашуда бошад, он гоҳ хоҳад шуд. Аммо зовияи ояндабинӣ шояд ин аст, ки аввал бояд дид, чӣ касоне аз маҳбас фирор карданд, тавонмандӣ ва робитаҳои онҳо то куҷо мекашад.

Иброҳим Насриддинов
Маҳбуси собиқи Гунатанамо, Насриддинов Иброҳим Раҷабович, соли 1974, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон зода шуда, дар соли 2002 дар Афғонистон боздошт ва ба боздоштгоҳи Гуантанамо интиқол ёфтааст. Аввали соли 2007 аз ин маҳбас озод ва ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шуд. Пас аз чанде дар Душанбе бо иттиҳоми куштори зиёда аз 2 нафар, нигаҳдошт ва ҳамлу нақли аслиҳа ва маводи мунфаҷир ба 23 соли ҳабс маҳкум шуд. Аз рӯи боздошт шуданаш дар Афғонистон метавон ҳадс зад, ки метавонад ба гурезаҳои замони ҷанги дохилии 1992-1997-и Тоҷикистон мансуб бошад.

Шахси дигаре, ки аз раҳбарони фирор шумурда мешавад, Ҳикматулло Азизов аст, ки дар миёни мусаллаҳони собиқ Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик бештар бо лақаби "Малиш" ё "Кӯри Малиш" маълум аст. Вай дар 18-19-солагияш ба сафи тарафдорони Мирзо Зиёев пайваста, зидди ҳукумати Раҳмонов ҷангидааст. Бино бар синнусолаш ӯро он вақт бо забони русӣ "Малиш" ном гузоштанд ва дертар бо сабаби иллати чашм, "кӯр"-ро низ ба ин лақаб изофа карданд.

Вай пас аз ҳамоиши нерӯҳои оппозитсиюн ба сохторҳои низомии ҳукуматӣ рутбаи полковник дарёфт намуда, муддате фармондеҳи қисми ҳарбии нерӯҳои Вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Дертар ба вазифаи муовини раиси ҳукумати
Ҳикматулло Азизов
ноҳияти Тавилдара таъин шуд. Аммо баъдан бо хориҷ шудани Мирзо Зиёев аз саҳна низ аз вазифа барканор шуд ва ба соҳибкор табдил ёфт.

Дар даргириҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ва пас аз кушта шудани бародарзодааш Неъмат Азизов ӯ боздошт ва ду рӯз пеш аз фирораш бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ва бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, зӯроварӣ ба намояндаи ҳукумат, нигаҳдории аслиҳа, узвият дар гурӯҳи ғайриқонунӣ ва дузанагӣ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳуқуқдон Саидшоҳ Одинаев, ки вакили мудофеи Ҳикмат Азизов ва Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, будааст, гуфт, ҳангоми бозпурсӣ Ҳикмат хеле камгапу дамдузд буд. Мисли ин ки ба гуноҳи худ иқрор шуда ва аз пеш медонист, чӣ сарнавиште ӯро интизор аст. Ба суолҳои вакил посух намедод ва мегуфтааст, ки ҳар чӣ дар қисмат аст, хоҳад дид. Вале дар бораи ширкаташ дар ҳодисаҳои Тавилдара ва муносибаташ бо бародарзодааш Неъмат Азизов муфаасал ва бидуни тарс сӯҳбат мекардааст

Ҳамраиси Кумисиюни муштараки оташбаси сулҳи тоҷикон Ҷалолиддин Маҳмудов, ки бо тақозои вазифа ҳанӯз аз даврони нооромиҳо дар Тавлидара Малишро мешинохтааст, дар бораи вай мегӯяд: «Ҳамон тавре ки Мирзо Зиёев фармондеҳи нерӯҳои оппозитсиюн пешини тоҷик дар бораи разманда Ҳикмат Азизов гузориш медод, вай яке аз размандаҳои шуҷоъ ва муҷоҳиди арзишҳманд дар нази Мирзо Зиёев буд. Ва аз шахсиятҳои боварбахш ва наздики Мирзо Зиёев буд. Ҳатто вақте ки дар тобистони соли гузашта Зиёев кушта шуд, Малиш дар канораш буд ва дар ҳамон замон боздошт шуда буд»

Аъзамшо Зиёев
Яке аз фирориҳои дигар, бародари Мирзо Зиёев -- Аъзамшо Зиёев низ аз чеҳраҳои шинохташуда дар ҳалқаи размандаҳои пешини оппозистсиюни тоҷик ба шумор меравад. Вай ҳанӯз аз оғози нооромиҳо ба Афғонистон убур намуда, ҳамроҳ бо бародараш Мирзо Зиёев дар ҷангҳои Тавилдара ширкат кардааст. Ҳамроҳони вай Аъзамшоро бо лақаби «Аъзами Панҷара» нидо мекардаанд.

Яке аз сокинони Талилдара Аҳмад Саъдуллоев дар бораи аз ин фармондеҳи собиқи оппозитсюн чунин мегӯяд: «Тақрибан дар соли 1996 дар яке аз даргириҳо Аъзамшо дар муҳосираи неруҳои ҳукуматӣ мемонад ва бо тамои таҷрибаву талҳе ки доштааст худро раҳо кардааст пас ин ҳодиа уро Аъзами панҷара мегуфтанд. Вай бо хориҷиҳо ҳамкорӣ мекард, пул месохт, биноҳои мактабҳоро таъмир мекард, умуман бо корҳои мулкӣ машғул буд.»

Аъзами Панҷара пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон се сол раиси ҷамоати Чилдараи ноҳии Тавилдара будааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ чанд корхонаи муштарак дар Тавлидара созмон додааст.

Ҳаминтавр Ҳикмати Малиш, Аъзами Панҷара, амаки Мирзо Зиёев бо номи Ҷонибек Зиёев касоне ҳастанд, ки на танҳо омӯзиши ҳарбӣ дидаанд, балки таҷрибаи ҷангро доранд.

Фирории дигар, Ҷумъа Иброҳимови 50-сола, зодаи ноҳияи Тоҷикобод, ки риши ғулие дорад, бародари фармондеҳи маъруфи оппозитсиюни собиқ -- Шайх Иброҳим (Ёрибек Иброҳимов) қабл аз убур ба хоки Тоҷикистон дар соли 1995 дар Афғонистон омӯзишҳои махсуси низомиро фаро гирифтааст. Худи Шайх Иброҳим, аз соли 2004 дар маҳбас аст ва бори охир ӯро дар муҳокимаи собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, диданд, ки баёноташро бар зидди Искандаров рад кард ва гуфт, муфаттишон бо зарбу лат ва шикастани пойҳои ӯ маҷбураш кардаанд, ки зидди Искандаров баёнот диҳад.

Бӯи изтироб дар фазои кишвар

Раҳбари савуми фирор, ба қавли мақомоти амниятии Тоҷикистон, зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов гуфтааст, бо ихтиёри худ ба Тавилдара омад, то дар канори "бародарони худ" барои ислом мубориза барад. Аҳмадови доғистонӣ ба ҷурмҳои нисбатан сабуктар, монанди омодагӣ ба амали ҷиноӣ, беэҳтиромӣ ба додгоҳ ва ширкат дар гурӯҳи ғайриқонунӣ айбдор шудааст ва метавонист, бидуни фирор рӯзи озодии хешро интизор шавад.
Магомед Аҳмадов


Вале оё акнун, пас аз чунин фирори пурсарусадо ин ашхос пой ба пайроҳаи интиқом хоҳанд ниҳод ва ё озодии пинҳонӣ дар кадом гӯшаеро авлотар хоҳанд донист? Коршиносон ҳарду имконро аз эҳтимол берун намедонанд. Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: «Албатта, онҳо ба сари худ наметавонанд кореро анҷом диҳанд, зеро пуштибонииҷтимоӣ надоранд. Вале агар кадом нерӯе аз онҳо барои ҳадафҳои худ истифода кунад, мумкин аст онҳоро ба бозӣ дарорад."

Танҳо як чиз ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Агар онҳо ба Тавилдара баргарданд, дар пайи интиқоми марги хешовандоне чун Мирзо Зиёев ё Неъмат Азизов хоҳанд шуд ва ё барои анҷом додани тарҳе, ки дар тобистони соли 2009 дар он ҷо нотамом монд? Ва ҳам маълум нест, оё ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ин тавон ва ҳамоҳангиро хоҳанд дошт, ки фирориён ё бахши умдае аз онҳоро боздошт кунанд ва ё бӯи изтироб дар фазои кишвар ҳамоно дар чархиш хоҳад буд?

Матолиби ҳамсон:

Аввалин хабари фирор аз маҳбаси Душанбе

Нашри рӯйихат ва аксҳои фирориён

Ҷустуҷӯи бенатиҷаи зиндониёни фирорӣ

Коршинос: Фирори маҳбусҳо ба ҳукумат хатар дорад


Пайомадҳои эҳтимолии фирори зиндониён


"Побег": "изи русӣ" ё "муаммои сарбаста"?


Боз шудани парвандаи қазияи фирор аз маҳбас
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Rahguzar аз: Roh
27.08.2010 06:29
Bo arzi salom hamdiyoroni azizu mehrabon

'' Iloji voqia pesh az vuqu‘'
Voqian,hanuz dar in bora hads zadan xele zud ast,zero az suxanroni maqomot nametavon bardoshti ehtimoliro ham kard. Yak bandi jumlai muovini avali raisi Amniyat Qosimjon Ghaforov (… аз хунукназарии нозири маҳбас истифода намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ … ) kasro ba hairat meovarad,agar malumote,ki hamchun dalil ovardaand,pesh az pesh malum bud,charo jului onro nagiriftaand ? Ilova bar on az voqia 4 ruz sipari shudu kumitai Amniyat bo yak xabari kutoh iktifo kardaast.
Soniyan, ajoibash in ast,ki kumitai islohi raqami 1 dar pahlui on va durtar ba miqdori 100 metr chanto nozironi Amniyati joy dorand. Charo sadoi tirparoni ba gushi onho narasid ? Dar davomi 3 soat chi naqshahoero ba roh mondaand`? Bovar kuned hamdiyoroni aziz in dar ta’rixi kishwari mo yak fojiai favquloda ast,ki dar Jahon nazir nadorad.
Metavon inro ham ilova kard,ki dar umum,shaxsi gunakor pesh az in,ki angushti ishora ba suyash shavad beduni dudilagi izhori begunohi xud mekunad.

Ном: Вайрон
27.08.2010 08:01
Бояд СИЗО-я ай даруни шахр берун кунанд барои ки шахрвандон ором зиндаги кунанд.
Дар посух

Ном: Муслим аз: Хучанд
28.08.2010 07:46
Бояд гунахкоронро аз руи адолат хукму махбас кунанд, хамаш дуруст мешавад.
Дар посух

Ном: Суфи аз: Мастчох
29.08.2010 02:06
Ман аз як чиз дар хайратам, ки барои чи дар мо хайатхои мунсифа ё суд присяжних нест? Аз Русия хама конунхоро депутатхои мо нусхабаордорй мекунанду инаша фаромуш кардаанд чи? Масалан, агар хамин хел хайат дар судхо мебуд, бисёр хукмхои яккасардоронаи судяхои беадолат ва конунношинос ба ин шакл кабуд намешуд.

Ном: рустам аз: Душанбе
27.08.2010 09:24
Ин кор ташкил набошад як бесаводе ки дар кучахо мегардад мегуянд ки ин сохтакори аст агар сохтакори набошад аз кучо сару либос боз 4 мошини амниятро гирифта баранд моинхо ронанда надорад калидхояшон дар мошинхо астанд дар таги коса нимкоса мебошад барои чи вазири амният ягон гап дар ин кор намегуяд дар инчо роли асосиро маблаг мебозад ин фикри ман аст ман аминкадар хулоса мебарорам
Дар посух

Ном: Беном
27.08.2010 15:43
Ича хамаш мафияхай, братишка.
Дар посух

Ном: Самандар
29.08.2010 02:08
Рост гуфтй акаи Беном, набошам чаро номери мошинхо ва ба ки дахл доштани онхоро эълон намекунанд? Аз руи ин бисер чизхо маълум мешуд.

Ном: Дильшод аз: Душанбе
27.08.2010 09:36
Ба кормандони радиои "Озоди": Пеш аз нашр намудани макола хубтар мешуд ба хатогихоятон хубтар назар мекардед! Маколаи чопшуда пур аз хатогиву галат аст...
Дар посух

Ном: Назокат аз: Душанбе
27.08.2010 12:26
Ту ки номатро бо аломати 20 сол пеш аз алифбои точикон нестшудаи "ь" менависи, хатогиро чи мефахми? Он вактхо дарё хам дарьё навишта мешуд. Аз хоб хез, ки замона дигар шудааст.
Дар посух

Ном: Дильшод аз: Душанбе
27.08.2010 16:43
Назокат-хола, мебахшеду лекин ман одат кардам ба навиштани "Дильшод", чунки исмам дар шиноснома ҳамин тур чоп шудааст, вале ин ҷо гап сари ғалат чоп шудани бархе аз калимаҳои дар ин мақола нашр ёфта меравад ва боиси нигаронӣ аст, ки дар ҷои маҳбусхонаи Гуантанамо - Гунатанамо нависем ...
Дар посух

Ном: Дильзик
27.08.2010 15:45
Хатоги неву хато дурусттар аст. Хубтар мешуд неву, хуб мешуд.
Дар посух

Ном: Дилья
27.08.2010 19:46
Ин гапхо пурра дуруст канешна
Дар посух

Ном: Кодир
29.08.2010 06:39
Офарин! ин кашфиёт аст! Ту хатогии Салим Аюбзодро ёфтаи! Офарин! Ин кадар доно будаию ором нишастаи. Баро худат калам ба даст гир, Дильшодь.
Дар посух

Ном: Салими Аюбзод аз: Прага
29.08.2010 13:38
Сипосгузорем аз таваҷҷӯҳи Шумо, Дилшоди азиз. Бо мадади Шумо хатои тағйири ҷои ҳарфҳоро дар калимаи "Гуантанамо" ислоҳ кардем. Ташаккур. Бисёр хуб аст, ки моро огоҳ намудед. Лутфан, агар ғалатҳои дигаре ба мақола роҳ ёфтааст, аз онҳо низ моро огоҳ кунед. Ва аз хонандагони дигар хоҳиш мекунем, ки суханони Дилшодро ба боди тамасхур нагиранд. Ин дарвоқеъ бисёр хуб аст, ки ҳама гуна хато ё иштибоҳ ба муаллифон ё масъулони торнамои "Озодӣ" сари вақт хабар дода шавад. Боз ҳам ташаккури зиёд аз Дилшоди гиромӣ.

Ном: Хусниддин аз: Рашт
27.08.2010 10:03
агар онхо гурехта бошанд наход ягон аз сокинони шахр садои тире нашунидаанд. агар ин иттилоъ рост бошад пас чаро нафаре аз масъулини Кумита ба истеъфо нарафт ё озодаш накарданд. мабодо ку ин фиреби чамъияти набошад то онхоро каблан ба катл расонида баъдан гуянд ки дар натичаи амалиёти боздошт кушта шудаанд. Ё максади ин хама фиристодани танку туп ба шарки Точикистон боздошти Мирзохуча.Ахмадовнабошад?
Дар посух

Ном: Беном
27.08.2010 15:46
Бародар, хамааш рост аст. Дар асл хамин хел шудааст. Посбононро хам куштаанд.
Дар посух

Ном: Салохиддин аз: Душанбе
27.08.2010 19:47
Садои тирро ки мешуниданд, чй мешуд, ба фикри ту?
Дар посух

Ном: Асадуллох аз: Душанбе
29.08.2010 02:11
Ин раштихо худшона нофи олам фикр мекунанд. Наход ба хотири кадом Мирзохучаи ту обруи як давлат дар чахон ба хоки сиёх зада шавад. Мирзохуча даркор бошад, дар хаму пахлуш пури хоинай, якташ як милисара тир мезанад, армия рафтан мегирад. Вохима карди да, бартишка. Рашти ту Тавилдара нест ва нмешавад.
Дар посух

Ном: Dushanbe
30.08.2010 11:53
Бародари азиз фироркардагихо аз н.Рашт нестанд ва набуданд, агар дар барномахои телевизионни дидабоши онхо зодаи Хатлону истикоматкунандаи Тавилдара, Россия, Афгонистон
Дар посух

Ном: Dushanbe
30.08.2010 11:49
Бародар яке аз посбонхои кушташуда аз н.Рашт буд, инро ба назар гир.

Ном: Хаёт аз: Душанбе
27.08.2010 10:18
Салом хамватанон баъд аз он,,,,,Точикистон дарвоза надорад Точикистон дидбонгох надорад Точикистон артиш надорад агар ин гуфтахоро медошт зиндониён гурехта наметонистан,ва баъд баъзе рохбарон номус надоранд ба 500 доллар ними зиндона чавоб медихад..гурехтани инхо бовар кунед маслихат бо сардоронаст

Ном: Бетараф
27.08.2010 11:40
Салом! Ман чун пештар дар акидаи худ устувор мемонам хаминро гуфтаниям барои чи раиси амният худ ба мардум намефахмонад,ки дар асл чи вокеъа рух дод ба чои у муовинаш сухан мегуяд?

Ном: Cитора аз: Швеция
27.08.2010 13:52
Салом ба хама!
Аввал хостам гуям: "ин масхарабозист!". Аммо хисси ватандусти аз гуфтани ин харфхо бозамдошт.
Бовар дорам дар Точикистони азизи ман одамони ватандуст зиеданд. Худфуруш каманд. Ва умед дорам ин мушкилот ба зуди хал мешавад. Барои кормандони кумитахои амнияти орзуи муваффакиятро орзу дорам. Бовар дорам ки Шумохо аз ухдаи халли ин масъалаи печида бо хуби мебароед. Чашмони мо ба шумо нигаронида шудааст! Ба кордону коршиносу богайрат будани шумо бовар дорам!

Ном: Abdulloh аз: Tajikistan
27.08.2010 14:01
Гумон мекунам, ки ин хама худсози ва машгул кардани фикри мардум ба як чизи номаълуме хаст. Ба гуфти баъзе бародарон, ки хайр агар онхо гурехта бошанд охир чаро раиси амният худ ба мардум асоси вокеаро намефахмонад. Ехе ин кор хазор як хиллаву найранге дорад. ки инро танхо хукумат медонаду халос...

Ном: Султон аз: Душанбе
27.08.2010 15:07
Тамоми мушкилоти кишвари мо аз дасти хамин исломгарохост. Рав намозата бихон, коратро бикун, не ино бояд барои ислом мубориза кунанд. Охир, бародар асри 7 ё 8 нест ва ту хам араб ки нестй барои пахн кадани ислом мубориза карданат зарур бошад. Догистони худаш кияй. ки ура даъват мекнан барои ислом чиход кунад. Яг бор кардед, то холира халк ба худ наёмадай хайр бас будагист дигар. Ман дар чои президент мебудам монанди солхои шурави исломро хамту манъ мекардам, ки даму нафасаш набаромада мегашт. 76 соли шуравй хам кардеду гаштед ку. Акнун зер и шиори ислом хизмату муздурии ачнабихоро мекунен ва намегузорен халк кораша пеш барад. Ягон кас ба намозхонии шумо ки зид нест, чаро боз вазъи ватани азизамонро бархам мезанед ва нафрати мардумро ба худ мегиред?
Дар посух

Ном: Зухро аз: Душанбе
28.08.2010 07:47
Акаи Султтон хаки гапра зади. Агар хамин хел накнанд, Точикистони мо Покистон мешавад.
Дар посух

Ном: Мадина аз: Душанбе
02.09.2010 15:18
Бибизухро!!!!!!!!!!!!!!
Ачаб номи зебову аз хамин руз номатро иваз куни мешавад!!!
Дар посух

Ном: Беном
29.08.2010 07:37
Ассалому алайкум акаи Султон шумо ва амсоли шумо бо ин акидаи экстримистй дунявй бачойе намерасед аз шумо хохиш менамоям хамаро бо як чуб наронед ДИНИ ИСЛОМ факат намоз нест ду раъкат намозро метавонам дар Хитою Русия хам бихонам Ахиран пиризидент даъво карданд 99%мардуми мо мусалмон аст баъдан онхоеки фирор карданд аз кучо маълу хаст ки мучохиди ростин хастанд нигохи шумо ба ИСЛОМИ АЗИЗ аз чахл аст е нифок ХУДО шуморо хидоят намояд
Дар посух

Ном: Патриот аз: Душка
31.08.2010 14:18
Чарогеро ки Изад барфурузад
Хар онкас пуф кунад ришаш бисузад
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Писандидаҳо