Тоҷикистон

Нажодпарастии давлатдорон дар Русия

29.05.2008

Алексей Волин, собиқ корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия, тоҷикбадбинӣ дар Русияро як раванди табиӣ ва маъмул муаррифӣ кардааст.

Вай дар сӯҳбат бо радиои «Эхо Москви» гуфтааст, «бегонаситезӣ қазияи қобили таваҷҷуҳ нест, ба далели ин ки аксари мардуми рус бегонаситез ҳастанд ва сукунати тоҷиконро дар паҳлуи худ таҳаммул карда наметавонанд». Алексей Волин  бо тамасхур афзудааст, «шумо, эй мардумони ғайр, агар бихоҳед, биёед, зеро барои шумо дар кишвари мо ҳарчи шумо меҷуед, пайдо мешавад: якум - он миқдор пуле, ки шумо орзу доред, дуввум – коре, ки мо ба он аслан таваҷҷуҳ надорем».

 
Барандаи радио «Эхо Москви» дар баҳс бо Алексей Волин бо тамасхур гуфтааст, «эй муҳоҷирон, агар мо гоҳе ҳам ба сари шумо бо калтак бизанем ва ё шуморо дар кадом тангкучаи хилвате бикушем, ин ба ҷуз омор чизи дигаре нест». Алексей Волин дар посух гуфтааст, «ҳар миллате сазовори ҷавҳари худ аст».

«Мардумони арҷманди кишварҳои ғайр, ки ранги дигари пуст, буриши дигари чашм ва косахонаи дигари сар доред, аз ташриф ба кишвари дӯстпарвари мо ҳазар кунед!» - гуфтааст коргардони радиои «Эхо Москви» Маша Майерс бо истеҳзо дар равиши сӯҳбат бо Алексей Волин, собиқ корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия.

Бегонаситезӣ дар мақомоти олии Русияро коршиноси аршади Дафтари ҳуқуқи башари Маскав Александр Чарний ҳам тасдиқ мекунад. Бино ба таҳлилҳои Александр Чарний, дар Думаи давлатии Русия дастикам 9 нафар намояндагони ҳизбҳои порлумонӣ, аз ҷумла Езерский, Кашин, Свечников, Собко, Илюхин, Иванов, Грешневиков ва Володатский, бо гурӯҳҳои миллатгарову нажодпарасту мазҳабситез ҳампаймон ҳастанд.

Дар ҳошияи ин гузориш ва сӯҳбатҳои намояндаи Дафтари ҳуқуқи башари Маскав рӯзи панҷшанбе рӯзномаи электронии «Форум» тӯҳмат ба унвони тоҷикон дар Русияро чоп кардааст. Нуктаҳои доғи гузориш ин аст, ки гӯё ҷавонони тоҷик ба номуси як пиразани 80-солаи рус таҷовуз кардаанд ва гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия аслан ба қасди таҷовуз, роҳзанӣ, задухурд ва куштор меоянд.

 

Бардошти таҳлилгар Фирӯз Оқилов ин аст, ки ин ҳама бофтаи расонаҳои хабарии Русия аст ва агар мақомоти Русия бихоҳанд, метавонанд аз ин раванди номатлуб ҷилавгирӣ бинамоянд ва аммо намехоҳанд. Ба эътиқоди коршинос, мақомоти Русия бо чашмпушӣ аз густариши бегонаситезӣ аслан мехоҳанд дар пиндори шаҳрвандони кишвари худ нажодпарастӣ ва милатгароии шадидро ҷойгир намояд, ки амалест олуда бо риёкорӣ ва пастӣ.

 

Иллати ҳамин сиёсат аст, ки ҳар як расонаи хабарии Русия дар сиёҳ кардани тоҷикон аз ҳамдигар пешдастӣ мекунад ва ин ангезаест барои ҳамлаҳои пайдарпаи скинхедҳо – гурӯҳҳои амалии миллатгароён ба мардумони ғариславиянӣ ва ин мавзуъ дар гузориши ахири Афви Байнулмилалал ба таври возеҳ таъийд шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: Шухрат аз: Хучанд
31.05.2008 11:37

Аброр 100 % гапи хак гуфти


Ном: С.С.У.
31.05.2008 00:40

Бародари азиз! Дуруст аст,ки дар хар миллат одамоне мавчуданд,ки маданияти паст доранд.Аммо ин бахона намешавад,ки мардуми мачбур гарибшудаи точикро дар пасу паскучахои Россия ба хотири ду-се пастфитрат мисли гусола сар бизананд!Русхо бо мо низ дар Точикистон зиндаги карда буданд ва холо низ доранд.Алкашу бетамизони онхо то имруз дар кишвари мо хастанд.Аммо чаро ягон точик намояндаи ин миллати ба ном,,кабир,,-ро бо бахонаи миллатчиги ба катл нарасонидааст? Вакте сухан дар бораи расонахои бонуфузи ахбори Россия меравад, пас, одамони ,,боакли,, онхо низ дар сатхи макомоти давлати ба ин фикри ,,скинхедхо,, розианд ва сад дар сад хулоса кардан мумкин аст,ки инчунин амалхо аз тарафи давлати онхо ба рох монда мешавад. Русхо бояд бидонанд,ки вакте Гитлер ба Хокимияти Шурави хамла кард вай хеч гох Точикистонро дар назар надошт, балки дар тахти назари вай Россия карор дошту халос. Аммо дар он мархилахои танги мардуми рус аз як Точикистони хурдакак 90 хазор чавонмардони точик дар химояти он кишвар шахид гардида кариб 500 хазор захми шудаанд,ки яке аз онхо падари рахматии ман буд,ки то охири умр аз захми пояш зардоб мечакид ва дарди токатфарсо то нафасхои охир уро азоб медод.Аз хамон солхо то ба имруз мардуми точик садхо хазор мардумони русро дар канори худ рох дода, бо хам зиндагони мекарданд,вале як бор хам ба онхо, хатто, дар сухбатхои шахси таънаву маломати гариби назадаанд.Балки то ба имруз мардуми точик намояндагони ин миллатро дар Точикистон дар нуктахои гарму барохат мансаб дода худ дар сахрохои пахтазор бо зану кудаконашон захмат мекашиданд.Аммо ки дидааст,ки дар зарфи 70 сол ягон русро точикон дар зери ,,офтоби гарми пахта,, нигох дошта бошад?!Бале, мо ва давлати Точикистон онхоро эхтиром карда аз ,,офтоби сузони Точикистон,,нигох медоштем, аммо аламовар аст,ки дар ин рузхои сахти мардуми точик,ки ин рузхо албатта ба зуди мегузаранд, давлати Россия карор баровардааст,ки гарибхои точикро дар джойхои гарм ба кор нагиранд.Вале мо худо дорем...Аз сари мо ин рузхо мегузаранд,аммо ман хайронам,ки оянда мардуми рус бо кадом ру ба мо хоханд нигарист?Агар онхо рузхои сахти худро фаромуш карда бошанд ва даъво дошта бошанд,ки намояндагони миллати онхо хедж гох дар Точикистон аз зарурат гариб шуда аз миллати точик неки надидаанд, пас, боре ба Точикистон биёянд ва аз мурдагони худ,ки дар садхо мазор дар сар то сари кишвари мо озода нигохдори мешаванд,бипурсанд.Гумон мекунам салибхои коматкашидаи хар гури руси дар Точикистон ба онхо дарси ибрат хоханд дод!Дар кучаи мо точикон низ рузе аз рузхо ,,туй,,хохад шуд.Мо ба он Руз умеди бузург дорем ва он Руз наздик аст,ки фаро мерасад!!! Бубахшед,ки гапи бисёр задам...аммо дарди миллат... оре, дарди миллат моро ором намегузорад...


Ном: Аброр аз: Санкт Петербург
30.05.2008 11:34

Нажодпарасти кори паст аст в хам чиноят аст. Лекин русхоро хам фахмидан лозим аст. Аксаран мухочироне ки ба Россия меоянд, аз чумла точикон, камсаводу пастмаданият мебошанд. Рафтору гаштугарди бисьере аз онхо берун аз нормахои ахлоки мебошад, ки боиси хашму газаби мардуми тахчои мебошад. Ман худ хар сари вакт ба Москва тарики тайера меравам. Кисмати зиеди мусофирони тайера мухичирон мебошанд. Рафтори кисми муаяне онхо хам дар тайера ва хам дар аэропорт газаби маро в мардумони гирду атрофро барангехт. Хулоса ин аст, ки албатта нажодпарастони рус чинояткор хастанд. Лекин точикон низ берун аз Точикистон бояд рафтори худро бо тарзи шояд нигох доранд. Расму оини мардуми махалиро хурмат кунанд. Мардуми кишлок Душанберо валангор карданд, мардуми тахчои як бало карда токат карда истодааст. Лекин дар ватани бегона як шатта дар пуштат мезананду меронанд.

Шарҳҳо 1-3 (of 3)