Иқтисодиёт

Русия аз нерӯгоҳи Роғун рӯ гардонд?

09.06.2008

Мақомоти «Интер РАО ЕЭС»-и Русия эълом кардаанд, ки қасди ширкат дар консорсиюми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро надоранд.

Намояндаи ин ширкат Андрей Раппопорт гуфтааст, далел ин аст, ки дар консорсиюми байнулмилалии сохтмони Роғун ба ҷониби Русия эҳтимолан аз нисф ками саҳмияи нерӯгоҳ пешниҳод хоҳад шуд. Мақомоти «РАО ЕЭС» гуфтаанд, танҳо дар сурати дарёфти аз нисф зиёди саҳмия ва ё пакети контролии нерӯгоҳи барқи обии Роғун  ширкати онҳо метавонад дар эҳдоси Роғун саҳим бошад. Дар акси ҳол сохтмони нерӯгоҳе, ки ҳудудан 3-4 миллиард доллар ҳазина мехоҳад, метавонад зараровар бошад. 

Намояндаи расмии "Интер РАО ЕЭС" Борис Зверов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав таъйид кард, сиёсати ширкат маъмулан ҳамин аст, ки бо саҳмияи аз нисф кам бо ҳеҷ ҷонибе ҳамкорӣ нахоҳад кард. Вай афзуд, феълан аз фоизи мушаххаси саҳмия сӯҳбат кардан бармаҳал аст. Ин масъала дар ҷараёни гуфтушунидҳо бояд равшан шавад. Аслан ҳадаф аз талоши дарёфти саҳмияи беш аз нисф назорати боэътимоди тиҷорати барқ дар оянда аст. 

Таҳлилгари сиёсӣ ва иқтисодӣ, раиси маркази амрикоии «Мерос» дар Маскав Евгений Волк дар тавзеҳ ба ин масъала мегуяд, ба даст гирифтани назорати муҳимтарин манобеъи сердаромад феълан самти асосии сиёсати раҳбурдии Русия аст ва дар масъалаи ширкат дар дар эҳдоси Роғун низ аз ҳамин мавзеъ кор гирифан мехоҳад. Коршинос тавзеҳ кард, ки дар шароити кунунӣ Русия барои манофеъи худ бехато манёвр мекунад ва он чи дар қиболи Тоҷикистон мекунад, фишорест дар ҳамин чаҳорчуб ва ҳам бо назардошти бӯҳрони амиқи иқтисодӣ дар Тоҷикистон. 

Мақомоти Интер РАО ЕЭС таъкид кардаанд, дар сурати аз нисф кам будани саҳмия аз ширкат дар роҳандозии тарҳи Роғун худдорӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон онҳо таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон бе ширкати Русия нерӯгоҳи барқи обии Роғунро сохта наметавонад. 

Ширкати хоси саҳҳомии «Интер РАО ЕЭС»-и Русия феълан дар 14 кишвари ҷаҳон 20 ширкати фаръӣ дорад. "Интер РАО ЕЭС" ҳамзамон бо дар даст доштани фурӯши барқ, дар сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва идораи сармояҳои энержӣ ширкати фаъол дорад

.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: Zinda-dil аз: Qabriston
19.06.2008 21:38

Salom dustoni ozod.
Charo yak bor namepursem ki Hasan kujost? charo vai ghaib zadaast? Charo namepursem ki Tojikistan, chi xele ki e'lom dosht, ai kujo ba shirkati Russia baroi sahmiai Roghun 3-4 million dollar medihad? Oxir in pulhora rahbaroni yak mintaqa mexurandu hama tojikistoniho pulashro mepardozand? Chand waqt pesh yak shirkati englisi da'wo kard ki Rahmon ai wai qarzdorast va hozi boshad shirkati Russia...Ba Xudo, in rahbaroni (dushmanoni) hukumat kai sharm mekunand? Az joi onho man sharm mekunam...Xudo kunad ki har chi zudtar az sharrashon khalos shawem..


Ном: umed
15.06.2008 04:08

Man umed hastam va ba oyandai kishvaram umed doram . Agar hamin kormandhoi davlati pulhoi haromi duzdiashon ro biyorand va barq ro sozand iqtisod va oromish dar kishvar bishtar meshad va bozam metonand biduzdan biyoen az duzdho xohish bikunem to in kor ro anjom bidihand badash ham ki mo millati mazlum az lihozi barq mushkil nadoshta boshim va yak kame osoish paydo kunim , ohista ohista boz ham meduzdan munto mo az azobi saxti zimiston xalos meshem . Rahmonov az kisai xudash ham bixod tanho metonad nirugohi barqi ro durust kunad.


Ном: Хайрулло аз: Кулоб
11.06.2008 16:52

Ба рости вакте, ки дар оинаи нилгун огози корхои сохтмонии неругохи Рогунро дидам, дилам гум зад, ба хаячон омадам ва хисси миллиам бедор шуд... Худо накунад, ки чашми курбине ба ин неругох кач назар кунад ва садди рох шавад... Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки Точикистону точикистониён аз ухдаи сохтани Рогун бо сарбаланди мебароянд. Факат хаминро гуфтаниам, ки кишвархои абадкудрат хуб мешуд, ки дар ин сохтмони бузург сахми худро мегузоштанд, агар не ПАИ КОРИ ХУД ШАВАНД ВА БА ТОЧИКИСТОН КОРДОР НАШАВАНД!!!


Ном: Озоди
11.06.2008 14:48

мардуми точик бояд,чаноби Рахмонро мачбур созад,ки у худаш аз он маблагхои чамкардагиаш ноб-и рогунро созад. Дигар сафсатахони бас будагист.
Русхо бошанд, хеч вакт манфиати худашона монда барои Точик захмат намекашид ва намекашад.


Ном: Shams аз: Kulob
10.06.2008 20:04

Агар пулхое ки "чаноби Оли" бо ахли байташ аз хисоби пора, фурухтани вазифа, аз хисоби заводи алюмин ва дигар даромадхо мегиранд барои сохтмони ниругохи барки сарф намоянд, ягон хел косорсиум даркор нест.
Умуман русхоро ба ин корхо чалб крдан зарур нест.


Ном: dilovar
10.06.2008 18:52

салом ба хама
ба рости ман ин навистаги хора хондам хеле хуб гуфтаед дигар хочат ба гуфтан нест чунки бародар (Алй аз питер)бисёр хуб гуфтаст хаминро гуфтаниам ки дар точикистони мо одамоне ёф мешаван ки танхо худашон хаминхел гесхоро бисозанд лекин аз бовари баромадаги хаст давлат


Ном: Аврангзеб аз: Кулоб
10.06.2008 11:22

Ачабо!
Русия пакети контролии пружаеро мехостааст ки барои Точикистон ягона лоихаи стратеги ба хисоб меравад.
Хукумати Точикистон бояд ба хеч вачх аз 50 фоиз зиёди сахмияхоро ба ягон давлат ё ширкат надихад.
Агар имруз мо дасту бозу барзадаем то ин Неругохро бисозем пас НОБОВАРИ БА ХУД -ро як су гузошта тамоми имкониятхоро истифода барем,то ин лоихаро дар сатхт баланд бисозем ва ба Русияву давлатхое ки фикр мекунанд Мо бе онхо хеч кор карда наметавонем нишон бидихем, ки Мо ба онхо эхтиёч надорем.


Ном: Точик аз: Кулоб
10.06.2008 09:12

Ба фикри шахсии ман бояд аз тарики муассисахои гайридавлати таксим шавад. чунон нобовари калон хаст байни мардум аз рохбарон, ки хеч бовари надоранд, ки агар аз тарики точикистону рохбарони Точикистони таксим шавад ба чуз худашону хешу таборашон мегиранду халос. Мардуми нодору кашшок факат хаминро мешунаванд, ёрдам ба Точикистон омаду таксим шуд.
Формулаи зиндаги дар Точикистон чунин аст дар холи хозир:
Бой ва хукуматдорхо бояд бойтар шаванду мардуми одди дар хизмати онхо.


Ном: зоир аз: С-Петербург
10.06.2008 00:59

оё кишвархои дигар бо нархи арзонтар неругохи барки сохтан наметавонанд


Ном: манучехр аз: хисор
09.06.2008 23:54

Точикистон агар ба неругоххои хурди барки даст бизанад хубтар мебуд.Дар Точикистон захираи ангишт бехисоб аст.Агар дар асоси ин захира теплогесхои хурд-хурд сохта шавад Точикистон на гирифтори нозу узи давлатхои абаркудрат мешавад ва на танкисии барки мекашад.

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ҳаҷми матн