Тоҷикистон

Гурӯҳбозии мардикорони тоҷик дар Русия

Гурӯҳи мардикорони тоҷик дар Русия

20.05.2008

Рӯзномаи бонуфӯзи маскавии «Комсомолская правда» дар шумораи ахири худ навиштааст, тоҷикҳо дар Русия ҳамватанони худро ба ғулом табдил медиҳанд.

Ин рӯзнома менависад, Азим Махсумов - корфармои тоҷик дар асоси шартномаҳои машкук аз Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавононро барои таҳсил ва кори минбаъда аз рӯи ихтисос ба Рязан овард, вале чун онҳо пай бурданд, ки фиреб хурдаанд, омузишгоҳро тарк карданд. Ва танҳо чор нафар мондаанд ва яке аз онҳоро дар ҳолати бемории шадид ба Тоҷикистон бозгардонидаанд.

Аммо Махсумов мегуяд, он чи хабарнигор навиштааст, ҳақиқати таҳрифшуда аст. Вай гуфт, «ман ба хабарнигор гуфта будам, ки барои роҳандозии як маҷрои мутамаддини муҳоҷирати корӣ бо пули худам аз Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавононро овардам, барои ҳунаромӯзӣ ба омузишгоҳи касбӣ дохил кардам, аммо ин иқдом ба созмони дигари иҷтимоии тоҷикон маъқул нашуд. Онҳо сари мо фишор оварданд ва оқибат шогирдон пароканда шуданд».

Махсумов таъкид кард, ки «дар бораи ғуломсозии тоҷикон аз сӯи тоҷикон хабаре дар даст надорам, ҳол он ки аз вазъи муҳоҷират дар вилоят хуб огоҳ ҳастам. Аз 40 ҳазор муҳоҷир дар Рязан 18 дарсади онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва корфармоёни тоҷик он қадар зиёд нестанд, ки битавонанд онҳоро асир худ созанд. Дар Рязан ҳар ки ҷой кор дорад, то 15 ҳазор - ҳудудан муъодили 800 доллар моҳона дарёфт мекунад, вале хабаргор навиштааст, дар Рязан моҳона аз 3,5 ҳазор рубл ва ё 150 доллар бештар нест».

 

Азим Махсумов таъкид кард, ки «хабарнигори рӯзномаи «Комсомолская правда» навиштаст, ки гӯиё ман Ибни Синоро араб гуфтаам. Сехонагии маро панҷхонагӣ навиштааст. Дар маҷмуъ гузориш ҷанбаи бегонаситезӣ дорад ва ин маъниро ман дар суҳбати телефонӣ бо хабанигор таъкид кардам».


Ҳамзамон Кароматулло Шарифов, раиси созмони «Муҳоҷирони кории Тоҷикистон» ҳам бар он аст, ки пасманзари навиштаи «Комсомолская правда» шармсор кардани тоҷикон аст, вале аз сӯи дигар гуноҳи раисони ҷамъиятҳои Рязан ҳам ҳаст, ки ба ҳам забон наёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол масъули муҳоҷират дар сафорати Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҷалилов мегуяд, навиштаи рӯзномаи «Комсомолская правда» воқеият дорад ва дар мавриди саргардонии онҳое, ки дар заминаи шартнома бо миёнҷиёни тоҷикистонӣ ба Русия ба кор омадаанд, мо дар даст шикоятномаҳои зиёд дорем.

Дар муқобил ба гуфтаҳои намояндаи сафорат Кароматулло Шарифов мегуяд, «тафриқа дар байни роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия пас аз ташкили ду ҷамъияти саросарӣ бештар шуд. Феълан дар аксари вилоятҳо ду ё се ҷамъият вуҷуд дорад ва раисони он ҷамъиятҳое, ки аз сӯи сафорат пуштибонӣ доранд, мехоҳанд теъдоди бештари муҳоҷиронро фаро бигиранд ва дар бозори мардикор ҳоким бошанд, зеро барои таҳияи ҳуҷҷатҳои корӣ як миёнҷӣ аз як муҳоҷири тозаворид то 12 ҳазор рубл, ё ҳудуди 700 доллар, дарёфт мекунад. Дар ҳоле, ки ҳароҷоти ин аснод андаке беш аз 100 доллар аст».

Ба навиштаи «Комсомолская правда» ин системаро на муҳоҷирон барои худ, балки Русия барои онҳо эҷод кардааст, ки воқеан ҳам сангин аст. Ин мавзуъ дар китоби таърихи синфи 5 бо номи «Ғуломдорӣ» ёд мешавад - омадааст дар идомаи гузориши «Комсомолская правда» аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Рязани Русия.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: Амир
29.05.2008 13:43

Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ба ман хар он чи кард он ошно кард!!!
Азим Махсумов барин точикон ба сари давлату хукумат омаданду Точикистонро-Торикистон намуда махаллу махалгароииро ба дарачаи аълояш расониданд ки ин заволи МИЛЛАТ аст.Кадом рузе Чингиз ё Темурланг аз хок сар мебардораду хамаи инро зеру забар мекунад...Он вакт дер мешавад ва он зану духтархои хушруи моро руирост дар наздамон тачовуз мекунанд...Марг ба ин хел ватандорию зиндагии мо точикони махалчи!!!!!!!!!!


Ном: Manuchehr
22.05.2008 14:54

Asalomu Alaikum halki Tojik hai chi knem ? hamin hel rohbaroni hdm bhrm gufti halk dorem bad holi Tojik bad nashava holi ki bad meshava boyad hama kasa fikri ham digara knem e halk Agar to Dar bainmon Islom emon nabosha fikri barodar fikri fatan fikri bechora kalamonda namiya Islom ki bosha Insof hamdigar fahmi dustdorii vatan mioya boyad mo dar baini hd Islom biyorem hamash nagz mesha
ISLOM NAFAKAT SAVMU SALOT AST.
ILMASTU NIZOMASTU HAYOT AST.
IMRUZ KI VAYOR HAMA JOMEAI MO.
ISLOM BIOMUZ KI U DARSI HAYOT AST.
bale barodaron shoir meguyad ki jomeai mo vyron nasiba huri fireb kuni agar mo baini hud Islomi aziz orem hamaimin fireb kuni az bin meravad..........


Ном: Fahim аз: Ozodi
22.05.2008 14:09

Dyston va hamvatanoni Arjumand va Kormandoni Radioi Ozodi Salomy Dyrud bar Shymo.Obeki az bolo Loi boshad az poin pok kardansh dushwor hast vale ba akidai man in gufta to joe jawobgye vokeiyat nest chyn darin zamona asbobho va kirdorho va tarzy rawish-hoie vujud dorad ki metawonad rawishi obro taghir dihad mo naboyad muntazir bimonem to Xudovand ba takdiri xesh Obro sof kunad- chyn Y aklro ba mo dodast boyad mo az on xub istifoda namoem- mardym dar Evropa va Sharki Myona az Pas aftdoahoi gandagiho Palostic mesozand va inchynin dar TJK harakati boyad ba myon oyad ki in Mahalgaroiro dur kynad -inro fakat bosawod mardym metawonand-Tafrika andozi na tanho dar Rusiya hast balki dar hamajoi ki Saforati TJK hast vujud dorad, Guruhero mesozad ki hamesha misli soyai odam az pushti mardym gardady axborhoro pai dar ham dihad chi rapt ba Saforat doshta boshad yo na. va guruhe xudro mazlum mehisoband va shomili in guruh nameshavad. Xulosa Saforatho dar Mulkhoi begona Lonai Josyson hast ki Hechgoh va Hech vakt namoyandagi Komil az Kishvar nadorand- Saforati TJK dar Ironro bubined va Saforati TJK dar Emarat va Saforati TJK dar Pakistan bubined -Mahali Ruspigaroyon budand(fahoshaxona budan 2000-2003) duston meafzoyand ki Ruzho pushti darho mondem va kabulamon nakardand vale dar Doxil Fohishahoi na az Mulki TJK balki az yak Mulki sobiki shuravi hastan bo tamomi kaifu safo gashty guzor mekardand. Syosati Hukumat to hol bo mushty lagad va vahshatgaroi peshmeravad. Muhojiron beshtar Sadoi hakikatro baland mekunad. Oyo shumo kase Kori hakiki va vokei Hukumatro az peshi chashm dided yo onho Hakikaro Koil shudan? hech goh


Ном: Лоик Шерали аз: Дунёи дигар
22.05.2008 10:28

Мулк сангистону мо бек сангарем
сар ба сар сардору мо бесарварем
Пунба дарг\шем мову сарварон
Чунки мо халкони пунбапарварем
фахрамон бошад агар Боми Чахон
хок бар сармон ки бе бому дарем
дигарон бар дигарон зуроваранд
мо факат бар асли худ зуроварем
Дигарон бигрифта гиребони фалак
мо гиребони худиро медарем
дар чахон бошад батархоле фузун
з-он батархр чанду чадон абтарем....


Ном: aaaaaaaaaaa аз: aaaaaaaaaaaaaa
21.05.2008 16:11

salom eeeeeeeeeeeeeeeeee khalqi tojik to kaiya gufti barodarmon ubaidulloh mahalchigari meknen eeeeeeeee khalqi tojik yakjoya shen shumora yagon inson ozor doda nametona khai inami holai ki dar hami maskva rangi sag zindagi meknam yak khel barodari tojik ( iltimos barodaro ba akaho va padaroni izatmand ) hami bakhelitona partoen aku basai hamiqa kaden okhi


Ном: DILSHOD аз: DUSHANBE
21.05.2008 15:32

VOGEAN XELO NOROHATKUNANDA AST INXEL ODAMOYA DAF KARDAN DARKOR TO GADRI VATANU MILATI XUDRO BIDONAD


Ном: Афсус
21.05.2008 09:49

Ру ба ру кавме нашуд хамтои мо
Дар миён куштан моро войи мо

Ин хаст хакикати хол


Ном: Убайдулло аз: Вахдат
21.05.2008 09:21

Холо махалчигари дар Точикистон ба авчи аълояш расидааст.Мо точикон то дар ватани худамон махалчигиро решакан накунем дар хоричи кишвар аз ин хам бадтар мешавад.Ман акидаи комил дорам, ки сабаби авч гирифтани махалчиги ин сиёсати нодурусту зидимиллии хукумати кунунии Точикистон аст.Махалчигиро аз хукумат огоз кардан лозим аст. Ман як чизро намефахмам тамоми рохбарони органхои кудрати дар Точикистон by дар кадом нохияе набошад кулоби бояд бошад. Магар ин махалчигии давлати нест?


Ном: Акрам
21.05.2008 05:55

Мутаасифона махаллачигиву бадбиниву хасаду бахиливу душмани нисбати якдигар дар хуни мо точикон аст.Инро дар фаъолияти аз аробакаши оди сар карда то президент дидан мумкин аст. Ана хамин хислати мо ба нотифоки ва парокандагии миллати мо оварда расондааст.


Ном: siraj аз: xorug
20.05.2008 20:43

man ba tamome hamvatanonam hamenro guftane hastam ke boyad mahalgaroero bas kunem ki en kore mo oqebate xub nadorad.mo boyad mellatdust boshem,mo hamage Tojik va Tojikistone hastem va baroe ki etehod boshem kore zeyod anjom dehem.mo agar etehod boshem va va yakdegaro dust dorem,dar nazde degar mellatho ham qadru manzalat paido mekunem.bas ast guftane tu kulobe tu badaxshone tu zarafshone.man fekr mekunum jurnalist 100 foez naboshad 50 foez rost naveshtast.mo Tojiko kushesh mekunem bo degar mellatho xub boshem va leken bo yakdegar xub nestem.dar tarex mebenem baroe Tojika kushtane dushmanhoe Tojik xude hamun barodarsha estefoda meburdand.man az barodarone ki dar rusea kor mekunand ki dar unja bachahoe Tojik mahal bar mahale degar meboreza mebarand.---yake guyad ki az bome jahonam --degar guyad ki az xatlon makonam--maro pursand kiste vaz kujoe--beguyam Tojikam Tojikzabonam

Шарҳҳо 1-10 (of 11)