Минтақаҳо

SOS: Кӯлоб бонги изтироб мезанад!

Кӯлоб, тирамоҳи соли 2007

12.02.2008

Кӯлоб – шаҳри аз ҷиҳати нуфус севуми кишвар – пешорӯи фоҷиъаи эколожӣ қарор дорад! Ин ҳушдори масъулини шаҳр аст.

Бар тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин шаҳр бар асари сармоҳои шадид ва адами нерӯи барқ беш аз 90% лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва партоби ташнобҳо кафида, корношоям шудааст. Исмон Ризмонов, раиси идораи обу корезии шаҳр, мегӯяд, бо ҳамин иллат сокинони шаҳр бо оби ошмиданӣ таъмин нестанд.
 
Дар ҳамин ҳол, журналисти маҳаллӣ Аҳмади Иброҳим дар бастагӣ ба ин мавзӯъ ба таъкид мегӯяд: «Мо танҳо дар кӯчаи марказии Исмоили Сомонӣ 7 нуқтаеро мушоҳида кардем, ки оби ошомиданӣ бо оби ташноб якҷо мешорад. Ҳамаи ин об каме гарм шавад, ба хонаҳои мардум меравад. Дар дигар кӯчаҳои шаҳрто 40 нуқтаиобшориродучоромадем».
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини шаҳр гуфтаанд, баробари гармшавии ҳаво, ки яхҳо об мешаванд, хатари дар шаҳр сар задани амрози сироятии фарогир бармалост. Онҳо перомуни домана, табларза, сил ва ҳатто вабо ҳарф мезананд.
 
Вале, ба қавли Сафаралӣ Раҷабмадов, пеши роҳи ин амрозро касе гирифта наметавонад: «Хатар чист? Агар гармтар шавад, албатта, микробҳои амрози сироятӣ дар оби ошомиданӣ пайдо мешаванд. Ин ногузир аст ва танҳо худо медонад, ки илоҷи ин кор дар куҷост...»
 
Кӯлоб, феврали соли 2008
Ва дар мавриде, ки ҳатто масъули шумораи яки ҳифзи сиҳҳати мардум дар Кӯлоб танҳо ба худо умед дорад, интиқоли барқ ба шаҳр боз ҳам маҳдудтар шудааст. Бар тибқи иттилоъи Саид Атоев, раиси Ҷамъияти сиҳомии Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, ҳамакнун интиқоли барқ аз 80 мбт то 20 мбт коҳиш ёфтааст.
Бурҳон Сафарӣ, хабарнигори маҳаллӣ, хабар медиҳад, ки ҳамакнун дар шаҳри Кӯлоб бархе аз амрози сироятии махуф, ки усулан марази мавсими гармоанд, мушоҳида шудааст. Оқои Сафарӣ афзуд, феълан дастикам ду тан аз сокинони шаҳр бо ташхиси домана бистарианд. Теъдоди маризони сил, ки ба сардӣ бастагӣ дорад, афзудааст. Зуком ё грипп бештар мушоҳида мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳр ин амроз бештар ба қайд гирифта шудааст.
 
Ба иттилоъи Пирмад Зарипов, ҷонишини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб, дар 10 бинои баландошёнаи истиқоматии шаҳр лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва ташноб комилан ях баста, кафидаанд, ва сокинони шаҳр пешорӯи мушкилоти зистмуҳитӣ мондаанд.
 
Дар ҳамин маврид ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои рафъи хатар расман аз қушуни 201–и артиши русии мустақар дар Кӯлоб дархост карда аст, то барои бо оби ошмиданӣ таъмин кардани аҳолии беш аз 100000-нафара боз 2 мошини низомӣ ҷудо кунанд. Дар ҳоли ҳозир 6 мошини обгир ҳамарӯза барои аҳолӣ об мекашанд.
 
Хабаргузориҳои маҳаллӣ перомуни хатари сарзанишу густариши вабо бонги изтироб мезананд. Вале масъулини соҳаи беҳдошту тандурустии шаҳр ба суоли хабарнигори РО перомуни мавзӯъ ё телефонҳои худро хомӯш мекунанд ва ё тақрибан як посух мегӯянд: «Мо ҳуқуқи ба ин суол ҷавоб гуфтан надорем, бубахшед» ва ё «Ман чизе гуфта наметаовнам...»
 
Ба иттилоъи расмӣ, аз 34 лӯлаи марказӣ то имрӯз танҳо 16-тоашро тармим кардаанд. Ва аммо ба иттилоъи комрандони обу корезии шаҳр, онҳо бо иллати набуди барқ наметавонанд ҳамаи лӯлаҳоро тармиму кафшер кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Исмон Ризмонов, сардори идораи фаръии «Обу ташноб»-и шаҳри Кӯлоб, ба хабаргузориҳио маҳаллӣ гуфтааст, ки 90% қубурҳои оби нӯшокӣ ва ташноби мавҷудаи шаҳр аз сармо ях баста кафидаанд ва то фарорасии гармӣ, агар тармиму поккорӣ нашаванд, ахлоти дар қубурҳо ях баста, об шуда, ба лӯлаҳои оби ошомиданӣ мерезанд, ки ин, бидуни шакк, барангезандаи бемориҳои сироятӣ мешаванд.
 
Баҳри рафъи хатар феълан дар назди ҳукумати шаҳр як ситоди вежа, ки шомили мутахасисини соҳаи хидматрасонии маъишӣ ва тиббист, ба кор шурӯъ кардааст.
 
Лозим ба ёдоварист, ки бар тибқи иттилоъи расмӣ, бо иллати фурӯ рехтани партобҳои ташноб ба лӯлаҳои оби ошмиданӣ дар соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб эпидемия сар зада буд, ки бар асари он беш аз 10 000 кас мубтало ба доманаву табларза шуд ва бар асари он 106 нафар фавтид.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: Muhammad husseyn
17.02.2008 14:23

Ba barodar Sayfulloh az kulob va barodar Nodor az mexoham biguyam ki shumo 15 soli qabl boyad fikr mekarded ki in jinoyatkoro agar ba sari hukumat biyoyand chi balohoe ba sari millat meorand.Ammo on vaqt yak chashmak zani qozi turajonzodaya bahona girifta bo shi'ori nest bod islom ba maydon omaded va az afrode hamchun Sangak va hamrohonash ki shayotini Ins meboshand,pushtiboni karded.va imruz chubi soda andeshii shumoro tamomi millat mexurand.


Ном: Сиёвуш
15.02.2008 12:29

Назари мо ин аст,ки як бор журналист рафта аз раиси дастгохи хукумат интервю гирад ки кадрхоро бо кадом фолбинак хуш мекунанд.Барои кадри ноухдабароро боло кашидан чавбгар хастанд ё не.Яке об аз боло лой набошад.


Ном: lohuti аз: leninobod
14.02.2008 18:49

to kulobio danqara ser meknanki 20 coli diga megzara


Ном: Safiyulloh аз: Kulob
14.02.2008 15:58

Салом алаыкум ва рахматуллох базе Одамо меган мо Фикр намекунем ки сер кунан
лекин хамин гап дар ман гхаыри маqул яне Аыб аз тани танфси кхудшон хаст кадомеки Гунахгор хаст чи дар ко хаминкхел гапхо! бад я чизи дигара мекхохам бугум ки кадомеки Масулият дар гарданаш гирифт у Явоб гари дора дар Рузи Qиёмат
чун ки кхудованди Мутаьол мефармояд дар Китоби кхуд ки < ва Qифухум инахум масулун> яне унора Рост монен ва Пурсен уно Масул буданд. шумо зик нашен гхами мардума накхурдан кхудо хаст ва уво кхасорат мебиан. Худо хофиз.


Ном: Ватандор аз: Дангара
14.02.2008 14:22

Агар шахси масъули сохаи хифзи саломатии шахри Кулоб мухтарам Рачабматов илочи вокаро "ХУДО" медонад гуянд оё ин ШАХС хукуки маънавии дар вазифа буданро доранд?


Ном: САЛИМ аз: ДУШАНБЕ
14.02.2008 12:36

маН ФИКР НАМЕКУНАМ КИ СЕР ШАВАНД


Ном: Нодор аз: Кулоб
13.02.2008 10:44

Бародари азиз Шумо гуфтаед, ки мансабдорон аз хамин минтакаанд, агар барои бехбудии миллат ва халк кор кунанд ин проблемахо намешавад, локин хамаашон барои кисаи худ, сохтани хонахои бодабдаба ва мошинхои хоиричи мебошанд. Гами халки бечораро ки мехурад, мумкин ягон сол баъд сер шаванду барои ватан ва халк хизмат кунанд.


Ном: siraj
12.02.2008 16:42

Man hairon ba en hastem ko muddate 15 col meshavad,aksare mansabdorone davlate hozerae Tojikiston az hamen mentaqa hastand.Oyo enho dar en muddate tullone natavonestand aqalan lulahoe obe va lulahoe tashnoboshona durust mekardand.va vaqte xabarnegoro az en mushkelehoe dar peshomadage az en mancabdoron mepursand,dar javob meguyand Xudo medonad che meshavad.Man megum,dar gereftane nome xudo dar hamen xel mavredho bad mekunand.Xudo hej vaqt naguftast mole ki az tarafe hukumat baroe az nav kardane en lulaho judo meshavad dar benohoe oshenaho va xaredane moshenhoe en cohebmansabon xarj shavad.boz sharm nokarda,nome xudora megerand.

Шарҳҳо 1-8 (of 8)