Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон ёрӣ мепурсад

Душанбе сардиҳо ва торикиҳои имсоларо ёд надорад

06.02.2008

Давлати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи зарари сардиву бебарқии имсола дар ин кишвар хостори ёрии таъҷилӣ шудааст.

Сардии бесобиқаи зимистони имсола, якҷо бо камбуди шадиди нерӯи барқ ва гази табиӣ боиси он гардид, ки аксари корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, бахши кишоварзӣ низ дучори зарари ҷиддӣ шавад. Бар асоси маълумоти мунташиркардаи бонки миллии Тоҷикистон бар асари сардии шадиди зимистон иқтисоди кишвар ба маблағи 850 миллион сомонӣ, 245 миллион доллар, хисорот бардоштааст.

Дархости расмии давлати Тоҷикистон ба манзури дарёфти кӯмаки таъҷилӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои зиёнбори зимистони қаҳратуни имсола ва ҷилавгирӣ аз идомаи он дар ҷараёни мулоқоти тими  иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагиҳои созмонҳои молии байнулмилалӣ дар Душанбе матраҳ шудааст.

Матлубхон Давлатов, мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ, дар ҷараёни ин мулоқот вазъи феълии кишварро бӯҳронӣ ва имконоти дохилии давлат дар баробари мушкилоти мавҷударо нокофӣ арзёбӣ кардаааст. Оқои Давлатов таъкид кардааст, ки асароти манфии вазъияти бӯҳронӣ дар ҳама риштаҳо ҳис мешавад ва дар ҳоли ҳозир масъалаи таъминоти маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба манзилҳои зист ва муассисоту корхонаҷот ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Ба таъйиди мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон, зимистони қаҳратуни имсола ҳамчунин ба арсаи кишоварзии кишвар аз ҷумла ба боғоту ангурзор ва заминҳои кишти картошка хисороти ҳангуфт ворид кардааст, ки дар ниҳояти амр бӯҳрони пешомада раванди ислоҳоти иқтисодии кишварро бенатиҷа тамом мекунад. 

Дар мулоқот масъулони бахши иқтисодии давлати Тоҷикистон бори дигар бар коҳиши бесобиқаи оби обанбори нерӯгоҳи «Норак» ва заъфи таъминоти неруи барқ ишора карда гуфтаанд, дар чунин шароит давлат ниёз ба кӯмаки берунаро дорад.

Дар посух ба дархости давлат намояндагони созмонҳои молии байнулмилалӣ омодагии худ барои кӯмакро эълом доштаанд. Хусрав Шарифов, масъули бахши кӯмакҳои оҷили Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, гуфт, тайи ду ҳафтаи ахир якҷо бо масъулони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳукумат намояндагони созмонҳои байналмилалӣ  вазъи мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд. Оқои Шарифов афзуд, созмонҳои молии байнулмилалӣ бо дарназардошти буҳрони пешомада кӯмаки худро ба мардум хоҳанд расонд.

Дархости кӯмаки давлати Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ёрирасон дар ҳоле садо медиҳад, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз ҷорӣ шудани реҷаи шадидтари интиқоли нерӯи барқ ба пойтахт хабар медиҳад. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ин ширкат, гуфт, давлат тасмим гирифт, шурӯъ аз рӯзи 6 феврал барои сокинони пойтахт ба истиснои иншоотҳои муҳими ҳаётӣ интиқоли неруро боз ҳам коҳиш бидиҳад. Ҳамин манбаъ афзуд, имкон дорад реҷаи нави интиқоли нерӯи барқ  то охири моҳи равон идома ёбад. Зеро захираи неругоҳи «Норак» рӯз то рӯз кам мешавад ва кишварҳои ҳамсоя низ ба далели сардӣ  имкони интиқоли нерӯи барқи ваъдагӣ ба Тоҷикистонро надоштаанд.

Барои коҳиши шиддати буҳрони мавҷуда давлати Тоҷикистон феҳристи маводи аввалияи мавриди ниёзро таҳия ва ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон ироа мекардааст. Ҳамчунин дар ин мулоқот давлат муваззаф шудааст, ки механизм ва ё наҳваи тақсим ва дар дастрасии аҳолӣ қарор додани кӯмакҳоро низ мушаххас кунад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Gareni аз: ba duo hal nameshavad
07.02.2008 15:13

salom aleykum.Garib barodar hamai kor fakat bo duo tamom nameshavad.sad duo kunem agar harakat naboshad hamash sifr.agar ba duo hamayi kor tamom meshud Hz Muhammad (s.a.s) dar Makka dar xona shishta duo mekard va hama musulmon meshud.duo hatman darkor hast va boz dar barobari duo kor kardan darkor xizmat kardan darkor. salomat boshed


Ном: Rustami Doston
07.02.2008 10:33

joi khanda owar hast ki badi in majlisho wa saru sadoho boz ham Tojikistoni aziz dar yak buhroni shadid qaror dorad. Holo mawqee omadast ki masuloni beandesha wa masulyatnopazir joro kholi kunand chun ki in isbot shud ki agar hazor majlisi digar ham guzarad holat be taghir khohad mond. Chun ki in daleli be masulyati wa notawonmandi onho ast ki onho nametonand az in buhron millatro ozod kunand barodaron Tojikiston in faqat Dushanbe nest ziyodi in masulin haminro fikr mekunand ki Tojikiston in Dushanbe faqat digar nawohi wa wiloyatho agar az sardi mardum bimirad parwoe ham nadorand. Boz bo in kadrho mekhohand Tojikistonro yake az kishwarhoi buzurgi sodirkunandai barq kunand inho hamash khobu khayole hastan ki mardumi bechora dar andesha astand wagarna chize nameshawad holo Tojikiston yake az buzurgtarin kishwari woridkunandai barq hast dar mantiqa agar digar kishwarho barqashro furushad. Ba joi darkhosti kumak az jomeai baynalmillali dar 15 sol chi kor kardand in iqtisod donho wa mushowirho inho faqat dar justujui jam kardani mablaghhoi hanguf hastan baroi khudashon. Dar tuli 15 sol yagon iqtisodone paydo nashud ki aqalan yak kitob nawisad yo loihae omoda kunad ki kishwarro az in buhron ozod kunad faqat dar fikri pul giri hastan az jomeai jahoni wa uro taqsim kardan. Digar kore nadoran joe ki puli tayor ast chi kor mekunad fikr mekunad saru maynaashro gham medihad wa dar on saru mayna ham okhir chize nest ki berun shawad. Ba har hol khohish mekunem ki aqaln in kumakho ba haq dor birasan wa ba kissa, jeyb wa surathisobhoi masulin dar khorija narawand.


Ном: MaN-1
06.02.2008 22:22

OMG! So now Tajikistan needs money? 2 bad. U know what, TJ's government should think about out people rather then selling electricity to Afghanistan or other countries.


Ном: гариб
06.02.2008 19:17

худоё ба ватани мо кумак кун назари рахматат ро аз мо ва аз ватани мо дур накун худоё рахм кун албата хама дар ташвиш аст рохи хал ягона басуи олох асту бас

Шарҳҳо 1-4 (of 4)