Минтақаҳо

Марги як кудак аз сармо

29.01.2008

Бар асари сармои шадид ва сардии манзилҳо як кудаки беш якунимсола дар шаҳри Панҷакент ҷони худро аз даст додааст.

Қумрӣ Ҷалолова, модари ин кудаки фавтида, ба радиои Озодӣ гуфт, дар фақру камбизоъатӣ бо панҷ фарзандаш дар як хонаи нимвайронае ба сар мебарад. Вай афзуд, аз нодорӣ тавони дар ин фасли сармо бухорӣ гузоштан дар манзили зистро надоштааст. Аз ин рӯ, гуфт ӯ, дар ин рӯзҳои сармо кудаки якунимсолааш бо номи Санъатҷон аз сардии шадиди хонаи зисташон фавтидааст.

Манзура ном яке аз фарзандони ин зан мегуяд, агарчи 11-сола аст, вале бинобар он, ки сарулибос надорад ва саробонии додарони хурдсолашро бар уҳда дорад, наметавонад ба мактаб равад.

Ҳангоме, ки мо ба ин хонадон омадем, кудакон бинобар ҳолати фақру нодорӣ дар ин фасли сармо танҳо либосҳои тунук ва нимбараҳна ба бар доштанд. Ва манзили зисти онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Хонум Ҷалолова мегуяд, ӯ бо фарзандонаш дар ин хонаи нимвайрон иҷора мешинанд. Вале, афзуд ӯ, бо сабаби нодорӣ тавони пардохти иҷорапулиро низ надоранд ва дар сурати ронда шудан бо чор фарзандаш дар куча хоҳанд монд.

Дар ҳамин ҳол як тан аз ҳамсоягони ин хонавода мегуяд, оилаи мазкур дар шароити хеле сангини фақр ва нодорӣ ба сар мебарад, вале касе аз ниҳодҳои масъул ва ҳукуматдорон ба ҷуз ҳамсоягон ба ин зан ва фарзандонаш имдоде намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи табибони ноҳия, тули 10-солаҳо фавтидани кудак аз сардии шадид дар Панҷакент барои аввалин бор будааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Farrukh
07.02.2008 22:10

Бо худо гуфтан, он "худованди мутаъол"атон ҳаргиз аз хонаи гарми хуб берун омада ба шумо мадад нахоҳад кард. Режими аҳмақонаи замонавӣ ин танҳо аз айби Раҳмон ё ягон амалдори дигар нест. Ин аз ноқисулақлии ҳамаи мардуми мо ва минтақа аст. Инро бо ду роҳ ҳал намудан лозим:

1) Инқилоби зидди ҳукумативу зиддирежимӣ
2) Бо роҳи вақталабкунандаи демократӣ

1) Агар ҳозир бо ёрии ин ё он инқилоб ҳам кардем гӯед, он гоҳ система боз мисоли собиқ Шуравӣ тоталитар боқӣ хоҳад монд. Чаро ки мардуми мо ҳамеша (ман на хамаашонро дар назар дорам, аммо аз 70% боло) худро фармонбардори ин он ё хоҷа ҳис мекунанд ва ин мутаасифона бисёрихоро боз хонавайрон хохад сохт.

2) Вакти биёр талаб мекунад. Бояд хар яке аз мо ҷавонон аввалан ба фарзандони худ тарбияи хуб дихем ва дар хар кучое кор мекунем ҳақталаб бошем ва он гах дар давоми ягон 20 сол метавон ба максад расид.

Фикри ман бошад, самимона мегуям, бе инкилоб Точикистон хеч хам аз ин бех нахохад шуд. Барои он бошад дохии бузург ллозим аст, на чамоаи ахмаки диндор ё бизнесмен.


Ном: Хуршед
31.01.2008 17:28

Худованд охи сагирагон,нолаи приронсолон,гиряи кудакон ва азобхои бечорагонро дида истодааст ва сабабгорони асосии ин ходисаро чазо медихад!!!ИНШООЛЛОХ.


Ном: хорпуштак
30.01.2008 12:50

Худоё чи замона ба сари мардуми точик омад солхои шурави аз ин замон 100000 хубтар буд. мо ба асри 8-9 баргашта истодаем, шабхо бо шам


Ном: siraj
29.01.2008 19:23

ba nazare man,gunahgore acocee hamen xel hodesahoe noguvor,avval az hama mancabdorone bekalae moand.--eloje hamenxel voqeahoe mudhesh pesh voqe shudanashon ast--mutaasefona onhoe ki mansab dar dastashon ast Xudovand y aqlero baroshon nadodast ki peshaki fekr kunand ki dar hamen xel holatho che boyad kard.Sonean,mo boyad faromush nakunem ki dar nazde Alloh hamae mo javob xohem dod baroe ki emruzho mo hamage fekre xudamona mekunem va ba hamen xel oelahoe kambezoat daste kumak daroz namekunem.Bovar kuned dar en davru zamone pur az mashaqat,rahm va mehru muhabbat ham kam shudast,qalbhoe mo mesle cang shudast.AZ xudovand,cabre jamelro baroe modare tefle darguzashta xohonam va baroe mo ensonhoe cangdel tavfeqe xezmat ba oelahoe kambezoat.


Ном: Karim аз: Rossia
29.01.2008 18:31

Iloji vokea pesh az vuku....


Ном: акбар аз: расия
29.01.2008 16:59

сад афсус ба марги ин тифлакони бегунох чи кор кунем худоё ба фарёди ин бечорагон ва бенавоён бирас ба чуз сабр дигар кор нест мегуянд сабр аз асл карда ширин аст ва умеди хуб шудани ватанамонро дорем иншоало як руз мешудагис ватани азизамон точикистон гарми шавад ва ноумед набояд шуд

Шарҳҳо 1-6 (of 6)