Тоҷикистон

Шоҳроҳи миёни Душанбе ва Хуҷанд пулакӣ мешавад

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳоло аз ағбаи баланди Анзоб мегузарад

28.01.2008

Вазорати молияи Тоҷикистон тасмим гирифт, баҳрабардорӣ аз шоҳроҳи Душанбе–Хуҷандро барои шаҳрвандон пулакӣ кунад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин иқдом пардохти қарзҳои давлати Чин ба Тоҷикистон аст, ки дар иҷрои ин тарҳ масраф мешавад ва давлат дар танҳоӣ наметавонистааст ҳамаи ин қарзро пардохт кунад.

Вазорати  молияи Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи пулакӣ кардани роҳҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд, таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст.    Ба таъйиди масъулони ин вазорат, дар марҳалаи аввал роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, ки 410 километр тӯл дошта ва бо қарзи давлати Чин бунёд мешавад, пулакӣ хоҳад шуд.

Темуралӣ Афғонов, сардори раёсати қарзҳои беруна дар вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, давлат дар танҳоӣ тавони бозгардони ин қарзҳоро надорад. Аз ин рӯ вазорати молия ҷиҳати дарёфти манобеъ ва сарчашмаҳои дигари бозгардони ин қарзҳо тадобири мухталифро рӯи даст гирифтаст, ки яке аз онҳо аз баҳрабардории пулакӣ аз роҳҳо мебошад.                                      

Навсозии роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро бо сармояи 281 миллион доллар давлати Чин бар ӯҳда гирифтааст. Миёни ҷумҳурии Чин ва давлати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои узви созмони Шонгҳой дар ин замина дар соли 2006 созишнома ба имзо расида буд.

Корҳои сохтмонӣ низ, ки аз як сол бад-ин сӯ дар ин роҳ идома дорад, тавассути ширкатҳои чиноӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар тули ин роҳ дар гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон ду нақб бунёд хоҳад шуд, ки якеи онро як ширкати эронӣ ва дуввумӣ аз сӯи як ширкати чиноӣ ба истифода дода мешавад.

Қарор аст корҳои навсозӣ ва тармим дар ин роҳ  дар моҳи августи соли равон анҷом пазирад, вале баҳрабардории комили нақбҳои «Истиқлол» дар гарданаи Анзоб ва нақби «Шаҳристон» дар гарданаи ҳамноми он як соли баъд сурат хоҳад гирифт.

Роҳи мазкур аз Душанбе оғоз шуда ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд хатм мешавад. Ба таъйиди масъулони вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир аз сӯи ширкати чиноӣ, ки сохтмони ин роҳро бар ӯҳда дорад, ба маблағи бештар 110 миллион доллар корҳо ба анҷом расонида шудааст. Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ дар  ин роҳ  имкони табодули коло миёни Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин тавассути роҳи заминӣ ба таври ҳамеша пайдо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Темуралӣ Афғонов, сардори раёсати қарзҳои беруна дар  вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, барои назорат ва ташкили дурусти  истифодаи пулакии ин роҳ таъсиси як ниҳоди махсуси давлатӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамин манбаъ таъкид кард, ки баъди пардохти пурраи қарзҳои давлати Чин низ тарзи истифодаи пулаки ин роҳ боқӣ хоҳад монд. Зеро роҳи мазкур мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда ва  имконоти давлат дар амри нигоҳубин ва ҳифзи ҳолати хуби он    маҳдуд аст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 13)
Ном: dima
06.02.2008 15:15

tarafdor nestam


Ном: salim аз: dushanbe
06.02.2008 14:48

Lahzahoi guvoro shud ky ba fikram davom ham dorad.Agar in konyn amali shavad,Tojikistaon dar joi avval mebaroyad, man vasiri kislorodi Tojikiston,narhi nafaskashi ham kimmat meshavad


Ном: Саид
06.02.2008 12:32

салом ин барнома яке дигар аз камедияи давлат аст ки хамеша мехохад мардум дар ранч бошанд то кай мо инхел мегардем обруи точикистона бурден мо сармона баланд карда наметавонем факат мардумро даргири зиндаги мекунед ва намегзоред ки фикри мардум боз шавад чун медонед ки агар фахм ва фикри мардум боз шавад шумора намегузоранд ки хар холе хостен бигарден ва хакки мардумро бихуред аз Худо битарсед пага дар рузи киёмат чи чавоб меген


Ном: isroil аз: buston
31.01.2008 23:30

salom nameshudki hamin kora tojikiston khudash mekardu 280 milien sarf namekardu az china qarzdor nameshud baroe ki tamomi masolehi khom dar khudamon hast shoaid 80 milien sarf meshud


Ном: Bahodur аз: Omaha
29.01.2008 21:37

Afsus mekhuram,ki hammai mushkilihoro boloi ham mebinamu halli in mushkilihoro hej namebinam :(


Ном: Одил
29.01.2008 19:59

аллакай хусуси шудааст!


Ном: Хайрандеш
29.01.2008 15:22

Баъд аз чанд фурсат рох хусуси мешавад.


Ном: Хуршед
29.01.2008 14:58

Орд киммат шуд,бензин,равган,барк,пули телефон,хулоса хама чиз дар Точикистон киммат шуд!?Наход ки ягона рохе,ки аз он чо молхои хурдани меоранд хамон хам пулаки кунанд баъд мурдани курсинишинон бехтар аст!!!Точикистони мо агар хамин хел рафтан гирад "РЕКОРД" мегузорад дар байни давлатхои чахон!!!


Ном: Navryz аз: Bodom
29.01.2008 14:37

Salom ba nazari janobi Sanginboy movofiq actam.Dar surate,ki miqdori281 million be maylo aif va bedarak masorif nashoda boshad va porra ba korhoi sokhtmonii in shohroh masorif gardad va in shohroh bo tamomi prinsiphoi standartii ymymigahoni tarmim shuda ba istifodai mardom doda shavad .Tashakor


Ном: Kulob
29.01.2008 13:25

hamin nafas kashidanro ham ba pul kunand haminash mondast. Bakhtiyor wa Sanginboy ba fikram dar joi rughani kor mekuned ki tarafdori mekuned yak bor ba khalqi bechora andesha kuned. Khudatonro faqat fikr nakuned rohhoi ziyode hast baroi barftaraf kardani in qarzho odami bo aql dar kor hast ki kor kunad andesha kunad kallashro kame gham dihad wa fikr kunad.

Шарҳҳо 1-10 (of 13)