Сиёсат

Дигаргуниҳо дар ҳайати ҳукумат

26.01.2008

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бархе аз афроди давлатро аз вазифа барканор ва ба мақомоти дигар таъин кард, вале гуфта мешавад, ин тағйирот ҷузъиву камтаъсир аст.

Дар рӯзи дувуми ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ эълом шуд, аммо ин ғайриинтизор набуд. Исми раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз 25-уми январ номаълум буд, равшан шуд ва Муродалӣ Алимардонро дар ин мақом раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода иваз кард. Муродалӣ Алимардон пас аз 11 соли раисии бонки асосии кишвар, ба маснади муовини нахуствазир дар умури иқтисод таъйин шуд.
 
Аммо муовини дигари сарвазир Хайриннисо Юсуфӣ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Руқия Қурбонова, ки як соли ахир раёсати ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппаро бар дӯш дошт, пешбарӣ шуд. Руқия Қурбонова, ки минбаъд масоили иҷтимоиро дар ҳукумати кишвар ба зимма хоҳад дошт, дар гузашта дар мақоми раиси Кумитаи занон ва оила ва муовини раиси ҳукумати Хатлон ифои вазифа мекард.
 
Хайриннисо Юсуфӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин шуд.
 
Ҳамин тавр, вазири беҳдошт, Раъно Абдураҳмонова, вазири кишоварзӣ Абдураҳмон Қодирӣ, раиси кумитаи занон Меҳринисо Носирова, раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ Маҳмадтоҳир Зокиров, муовинони раиси Бонки Миллӣ Т. Маракушина, Ҷ. Эшов, А. Шарифҷонов, руасои шаҳри Қайроққум ва Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷаббор Расулов, Масчо ва Зафарободи устони Суғд, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе, президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон Толиб Набиев ва ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Худойназар Асозода аз мақомҳои худ барканор шуданд.
 
Ҳамзамон Қосим Қосимов (собиқ раиси вилояти Суғд ва раиси бахши ҲХДТ дар Суғд) вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Нусратулло Салимов (собиқ муовини аввали вазири беҳдошт) вазири беҳдошт, Фаридун Ҳамралиев раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҳайбулло Латифов раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Маҳмадтоҳир Зокиров раиси Ожонси заминсозӣ ва Нур Саидов ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъин гардиданд.
 
Ба ҷуз ин, Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Давлатшо Гулмаҳмадов муовини аввали раиси вилояти Суғд, Иззатуло Зойиров и. в. раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Содиқ Мирзохолиқов и. в. раиси шаҳри Қайроққум таъйин шуданд.
 
Ва аммо нахуствазир Оқил Оқиловро, ки ба синни бознишастагӣ расида ва дар 9 соли ахир дар ин мақом буд, ҳадди ақалл барои як соли оянда низ касе иваз нахоҳад кард. Ҳамин гуна раҳбарони бахши иқтисодӣ ва энержӣ дар ҳукумати Тоҷикистон низ дар мақомҳои худ бозмонданд, ҳарчанд дар ин ҷаласа аз сӯи раиси ҷумҳур мавриди интиқоди шадид қарор гирифтанд.
 
Дар маҷмӯъ, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар шохаҳои ҳукумат тағйироти назаррас ва чашминтизор сурат нагирифт. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд, бо гузашти беш аз як сол аз интихоботи раиси ҷумҳур дар ҳукумати ин кишвар симоҳои нав ҷой нагирифтанд ва гумон аст, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои наздик амалӣ шавад: «Зимистони соли 2007-2008 бисёр вазнин буд ва мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ва блоки иқтисодии ҳукумат дар баробари болоравии бесобиқаи нархҳо ва мушкили бебарқу камбуди гази табиъӣ оҷиз буданд. Ин маънои онро дорад, ки тамоми бахши иқтисодии кишварро бояд ба истеъфо гусел кард ва кадрҳои навро аз ҳисоби соҳибкорон ба ин ниҳодҳо ҷалб кард».
 
Дар ҳамин ҳол ба эътиқоди гурӯҳи дигари коршиносон, ивазнашавандагии аксар аз раҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ ва қудратии Тоҷикистон ва танҳо аз як мақом ба мақоми дигар таъйин шудани мансабдорон, роҳи ҳалли мушкилоте нест, ки раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат башиддат таъкид мекунад. Ҳуриннисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайриҳукуматии Оштии миллӣ: «Аз ҷой иваз кардани кадрҳои имрӯза дар ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ тағйироти куллӣ ва ҳалли мушкили феълии мардумро набояд интизор шуд. Маълум аст, ки кадрҳои ивазшудаи ҳукумат аз шахсиятҳои доро ва ба раиси ҷумҳур наздик ҳастанд. Худи ҷаноби Алимардон, ки муовини нахуствазир таъйин шудааст, пӯшида нест, ки ними соҳибкории Ҳисорро дар ихтиёр дорад, сарвати бисёре ҷамъ кардааст ва шахси ғайриҳирфаист ва аз ӯ кори назаррасеро барои рушди иқтисодӣ кишвар интизор набояд буд. Ин ҳама мисолҳо гувоҳи вуҷуди коррупсия дар дохили ҳукумат аст».
 
Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар доданд, ки вузарои рушди иқтисод ва тиҷорат, молия ё дороӣ, умури дохила ва хориҷа, амнияти миллӣ ва додситони куллӣ Тоҷикистон дар мақомоти худ бозмонданд, аммо аксаран барои ислоҳи заъфи кори мақомоти худ аз 6 моҳ то 1 сол муҳлат гирифтанд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 19)
Ном: Хайрандеш
29.01.2008 15:28

Ин чи бедодиву мамлакатлорист?! Дар дили халк тухми гамкорист. Оре, хукумати Точикистон нисбати халкаш на гамхор, балки гамкор аст.


Ном: КАДАМШО аз: МАСКАВ
29.01.2008 00:44

барои чи аз кухистони бадахшон ягон кас вазир нест


Ном: олим аз: кулоб
29.01.2008 00:38

салом ба хама хонандагон,хами сарвазир кай алиш мешудабошад,шояд ягон чавонтар шавад


Ном: Сармо аз: Мургоб
28.01.2008 13:07

Ин зимистонро хам як бало карда мегузаронанд. Соли дигар ба мардум чи чавоб медода бошанд?


Ном: Rustami Doston
28.01.2008 10:54

Boz hamon spektakl boz hamon gurgoni 15 sol pesh. Alimardonov gurgi pir agar taqdir ba dasti hamin boshad digar umede nest way ghair az tijorat digar didi digare nadorad. Az in majlis yagon taghirote nameoyed chun ki in galstukdorone ki dar onjo budan bad az majlis boz hamnho memonand chun ki onho yagon fikr andedsha wa didi alternative nadorand patriyot nestan fikri milli nadorand dar qisai mardum nestan faqat kalkulyator dar boloi stolshon mondagi foiz hisob mekunand digar tamom. Kadom yake az inho bo barnomai rushdash ro ba hukumat peshnihod kard dar tuli 15 sol nakardand namekunand wa nakhohand kard chunki khirad nest. Baroi hamin az Raisi Jumhur khohish karda meshawad ki hamai onhoro sabukdush kunad wa dar atrofash odamoni jawon dilsuz donishmand wa patriyotro ba kor qabul kunad wa bo in korash Raisi Jumhur nomash dar sahifahoi torikh boqi khohad mond wa hamchunone khudash guft dar majlis nomash to hazorsolaho boqi mond. bo umedi ba kor omadani kadrhoi jawon wa bo layoqat wa bo umedi peshraft wa sarbalandi mardumi buzurgi Tojik wa dawlati Tojikiston


Ном: Афсари харби аз: Душанбе
28.01.2008 09:39

Албатта ин корхоро "Чаноби Оли" барои баланд бардоштани рейтинги хеш кард ва дар симо як мазхакае буд. ки пешаки тахррези карда шуда буд. Эмомали дар даст "номаи аъмол "- и хамаи онхоро дошт. Ин амалхояшон ба руси як "показуха" буд. ки фачу бемаъни буд. Ин дигаргунихо барои рушди Точикистони азизам ягон таконе нахохад дод. Хамаашро ба дасти Худованди яккаву ягона месупорем.


Ном: Tojik аз: USA
28.01.2008 07:58

Muhsin: gapi zur. hamu doirayi khudshona tob dodestan.


Ном: Mansur аз: Sarband
28.01.2008 00:46

Khub meshud janobi oli vazifahoro ba javonone ki sohibi ilmi khub va istedodi khub hastand mesupurd in nuran alo nur meshud va kishvaramon niz rushd mekard.


Ном: ahmad shoh аз: kanada
27.01.2008 16:42

salom ba hama: janobi oli harsol vazifahodorora tabdil mekunad vale yagon behbudi nameshavad.


Ном: muhsin
27.01.2008 15:21

az ivaz kardani joi jamshavandaho hosili jam agir nameyobad

Шарҳҳо 1-10 (of 19)