Ҷавонон

Ҷавонон тангназар ва мазҳабгаро мешаванд?

26.01.2008

Ҳарчанд аз хотимаи ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар аз 10 сол сипарӣ мешавад, аммо шуури сиёсӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳонбинии ҷавонони ин кишвар ҳамоно дар сатҳи пасти сиёсӣ қарор дорад.

Аҳмадҷон Ҳусайнов, як донишманди 35-солаи тоҷик, номзади улуми сиёсатшиноси ва устоди донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, дар пажӯҳиши худ дар ин ришта ба чунин хулоса омадааст. «Ташаккулёбии ҷаҳонбинии ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомиъа» - чунин унвон дорад рисолаи Аҳмадҷон Ҳусайнов. Ӯ бо истифода аз назару андешаҳои ҷавонони шаҳру деҳоти мухталифи кишвар ин мавзӯъро омӯхта, кӯшидааст дар кори илмии худ барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон роҳҳои мушаххасу муфидеро пешниҳод кунад. Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон давраи гузариши иқтисодиву омӯзиширо пушти сар мекунад ва, бо вуҷуди он ки ин раванд аз як сӯ дар ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири мусбат гузоштааст, таъсири манфии он ҳам кам набудааст.
 
Ин олими ҷавон мегӯяд, ки дар ин давраи гузариш аксари ҷавонон дар зери пардаи куҳангароӣ ва рукуду экстремизм паноҳ бурдаанд, ки он монеъи рушди ҷаҳонбини ҷавонон гардидааст. Ӯ мегӯяд: «Барои ташаккули ҷавонони тоҷик бештар ақидаҳои манфии ҷомиъаи имрӯзаи мо, ба мисли экстремизму догматизм, терроризм ва бюрократизм, муқобил меистад. Тавре мо мушоҳида мекунем, имрӯз бо истифода аз дини ислом ҷавононро ба роҳи дигар мебаранд».
 
Аҳмадҷон Ҳусайнов дар рисолаи худ ба вижа аз ақида ва дарку фаҳмиши ҷавонони рустои кишвар нигаронӣ карда, менависад: «Дар афкори ҷавонон тасаввуроте мавҷуд аст, ки ба ҷаҳонбинии шахси муосир ё мудерн аслан мувофиқ нест».
 
Омили аслии рушд накардани шуури ҷавононро ӯ ба оила ва савияи донишу ҷаҳонбинии волидони онҳо марбут медонад. Ба қавли ӯ, дар навоҳии дурдасти кишвар волидон ғолибан аз меҳнати ҷисмонии фарзанди худ фаровон истифода мекунанд ва ба тарбияи маънавии онҳо кам аҳаммият медиҳанд ва, аз сӯи дигар, таълиму тадрис дар макотиби деҳот дар сатҳи поин қарор доштааст: «Донишҷӯёне, ки аз деҳот меоянд, асосан, чи аз ҷиҳати маданият ва чи аз ҷиҳати фаҳмишу фикрронии сиёсӣ ақиб мондаанд. Албатта, вақте падару модар ҷаҳонбинии васеъ доранд, ба тарбияи фарзанд аз ҳама ҷиҳат таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд. Ба театр мебаранд фарзандашро ё ба ягонаи барномаҳои маданӣ, ба мактаб ҷалб мекунанд. Аммо оилаҳои деҳот аксаран фарзандони худро аз субҳ пайи рӯзӣ фиристода, ба тарбияаш чандон аҳаммият намедиҳанд».
 
Сиёсатшиноси ҷавон аз пайомадҳои нохуши идома ёфтани ин раванд ва дур будани ҷавонон аз саҳни сиёсӣ ва нокифоятии дониши сиёсии онҳо арзи нигаронӣ намудааст.
 
Ба ақидаи ин сиёсатшиноси ҷавон, роҳҳои муфиди рушди назару афкори ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомиъа бевосита ба тарбия дар оила, мактаб ва расонаҳои хабарӣ бастагӣ дорад.
 
Аҳмадшоҳ Ҳусайнов таъкид мекунад, ки бо пешниҳоди як қатор роҳҳо барои пешбурди шуъуру афкори ҷавонон ҳар як ҷавон бояд аз гузаштаи ҷамъияти худ огаҳ бошад ва ба дарки донишҳои ҳуқуқӣ биравад. Ӯ бар ин аст, ки дар ташаккулёбии шуъур ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба вижа мақомоти кишвар бояд саҳим бошанд. 

oyandasoz@rferl.org
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: ALI
04.02.2008 20:42

ki madi nazarat ast /хидматгори Ислом аз: Кулоб /? ravshan suhbat bikun,lutfan.


Ном: хидматгори Ислом аз: Кулоб
02.02.2008 22:45

Бародарони ахли Ислом аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам,ки мову Шумо хукми конуни Исломро иваз карданро надорем. Ва аз Шумо аз сидки дил хохиш мекунам аз пеши назари худ ва ба китоби мукаддаси Ислом яъне Куръон тагиру иловахо нанамоед.


Ном: Farrukh
02.02.2008 17:48

Albatta durust kaid kardaand janobi Ahmadshoh Husainov,vokean ham afkori inruzai javononi tojik khelo past ast,salomat boshed!


Ном: Qurbon аз: Frankfurt
29.01.2008 03:47

natoiji iqtisodi aqibmonda, sathi poyoni zindagii mardum, mazhabgaroi, radikalizm, betafovuti, bequruri, kriminalizm va digar harakathoi manfiro ba bor miyorad, ki imruz shumo shohidash hastid. Reformai kulli iqtisodi va farhangi najoti most, vagarna dar oyandai nazdik az nasli nav, tanho fundamentalisti mazhabi, terorist, kriminal, mardikor- yaane qulomi digaron va manqurt tavlid meshavad


Ном: Чавон аз: Точикистон
28.01.2008 17:34

Caлом ба иштирокчиёни бахс! Ман низ хамчун як намояндаи "ахли шубоб"-и Точикистон андеша дорам, ки сатхи дониши сиёси, умуман маърифатнокии мо дар киёс ба чавонони мамолики хамсоя пасттар аст, аммо ба хеч вачх онро ба котегорияи "рустои"-ву "шахри" тафрика накунед. Зеро муддати 18 сол дар мухити русто будам, чун донишчу шудаму чавонони шахрро дидам, ба чуз донистани забони русиву технологияи муосир ва номи чанд сарояндаи хоричи (он хам на хамаашон)дар мавриди шуури сиёсиву кобилияти тахлилкуни аз рустоихо боло нестанд. Балки ахамият дода бошед, аксаран чавонони рустои ба сиёсату давлату, хукумат......таваччух доранд. Аммо бори дигар таъкид мекунам, ки чавони худшиносу худогох но вобаста аз мухити шахру дехот истеъдоду шуураш ру мезанад ва нуму мекунад. сабаби костагии шуури сиёсии чи чавонони рустои чи шахриро ман дар мутолиаи ками онхо медонам. Фарз кардем як чавони рустоиро, ки на барк дораду на компютеру интернет....аммо хамаги хар хафта як китоб (хох бадеи хох илми-сохави)аз нависандагони точику хорича хонад, чун вориди шахр мешавад, хатто метавонад, ки бо завки баланд ва чахонбинии васеъаш писарони шахриро коил созад. Ин бешакк исбот шудааст, вале хайхот, ки мутолиа дар мо кам аст.


Ном: Aziz аз: isfara
28.01.2008 15:09

Durud bar hammehan! inqadr ki korshinosona mepardozed ba masala in nuktaro az yod mebarored ki in masalae ki shumo ba unvoni masalai ruz guzoshted muqaddimae metalabad ki zerbinoe hast ki pesh az inki ba in masala pardoxta shavad boyad ba on masalahoi zerbinoi pardoxta shavad va inchunin fahmishho ki guyo masalai savodu donishi xonavodaho va padaru modar ro ba unvoni masalai muhim barshumoridand tanho yak janbai masala ast vale fazoi ijtimoi ki jomeashinoson onro(intizori jam'i yo fazoi ijtimoii imruza) dasti ghairi didanii qudratmandash mehisoband misli girdobi azime javononi hamchun xas budaro furukash namuda istodaast ro ki boyad pajhuhish namoyad?Janobi Ahmadshoh Huseinov misli xele donishmandon suxan az boyadho va naboyadho meorand misol dar sutunchai oxir ki in xud yak ormongarii xolist charo xudro bo inchunin suxanho sargarm sozem hol onki rohi chora dar digarjost?rohi chora on ast ki ba yak sozmoni iborat az korshinosoni sohahoi Ravonshinosi,jomeashinosi,omuzishi,huquqi niyozmandem ki bo pajhuhishhoi hamajoniba masalaro ba surati zerbinoi bozshinosi namoyand zero qonunest dar tib"shinoxti dard nisfi darmon ast"agar in masalae ki guzoshted yak dardi jomea hisob shavad boyad in dard naxust durust shinoxta shavad to chorai durust andeshida shavad vale bo inguna yakjonibagaroi bo in donishmandi javon Аҳмадшоҳ Ҳусайнов hej kore nametavon pesh burd.


Ном: Сергей аз: Москва
28.01.2008 11:55

Для развития Таджикистана не оязательно политизировать общество тем более молодеж. У нас и так хватает популистов и араторов. Для того чтобы Таджикистан достиг больших высот в сфере экономики и высоких технологий ей надо реформировать систему образования. Надо изменить старую советскую структуру Академии Наук.


Ном: Muhammad-Ali аз: Garm-Rasht
27.01.2008 23:01

Bo salom. Muallifi maqola ishtibohi buzur kardast,ki rustoiyono ihonat karda onhoro aqibmonda muarifi kardaast.Dar tamomi davru zamon ilm va farhang az rustoiyon nashat megirad. In voqeiyate ast ,ki kase nametavonat onro inkor kunad.Kofi ast ba in abyoti S.SHerozi tavajjuh farmoed ,ki haqiqati in amr baroyaton ravshan shavad : --Rustozodagoni donishmand,,,--Ba vaziri ba podshoh raftand...--Pisaroni vaziri noqisaql,,,--Ba gadoi ba rusto raftand...Nuktayi digar :dar borayi unvoni maqola.Hamon tavre ki barodar BAKHA guftand ,agar manzur az mazhabgaroi ISLOMGAROI boshad,boyad unvonro sarean tagir doda muallif az mardumi musulmon ba khotiri in tavhinash uzrkhohi namoyad,,,chun in harfi shumo va tamomi tahqiqoti OLIMI JAVONATON ba illati tanoquzguyaton bearzish meshavad.Sababash in ki tamomi on shakhsiyathoye guzashtaye ,ki imruz mo ba onho iftikhor mekunem,olimi islomi buda ,dar 4-5-6-solagi hofizi Quron, ki kitobi aslii musulmonon ast,budaand.Pas natija girifta meshavad ,ki ISLOM bo besavodi va tangnazari komilan mukholif buda,ogohi va bedorii payravonashro taakid mekunad.


Ном: SAID
27.01.2008 09:06

Offarin Ganjina az Olmon, komentariya xub kardi


Ном: BAKHA
26.01.2008 23:29

AGAR MANZUR AZ MAZHABGARO DINDORI AST BOYAD BIGUYAM HARFI DURUSTI NEST CHUN DINDORI BA XUSUS DINI ISLOM HDRGIZ BOISI AGABMONDAGII SIYOSI YO UMUMAN ILMI NEST BALKI MUSHAVVIGI ON AST.ISLOM AINI SIYOSAT AST VA AZ BOLOTARIN TARZI TAFAKKURI SIYOSI BARKHURDOR AST.ILATI AGAB MONDAGI JOVONON BE TAVAJJUHII HUKUMATI TOJIKISTON NISBAT BA PESHRAFTI ONON AST.

Шарҳҳо 1-10 (of 12)